Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

8-уми июни соли 2026 Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзуи «Ҷанбаҳои равонии офиятбахшӣ» вебинар баргузор намуд. Чорабинӣ дар доираи тадбирҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн таҷлил мешавад, доир гардид.
Вебинар дар платформаи Jitsi Meet дар шакли бехатар баргузор гардид, ки имкони иштироки беном ва пешниҳоди саволҳоро дар вақти воқеӣ фароҳам овард. Бо мақсади ҳифзи махфияти иштирокдорон, сабти вебинар анҷом дода нашуд.
Ҳадафи вебинар боло бурдани сатҳи дониши иштирокдорон оид ба нақши дастгирии равонӣ дар раванди офиятбахшии шахсоне буд, ки осебҳои ҷисмонӣ, эҳсосӣ ва равониро аз сар гузаронидаанд. Ҳамчунин иштирокдорон бо равишҳои муосири барқарорсозии солимии равониву эҳсосӣ ва мутобиқшавии иҷтимоӣ шинос шуданд.
Дар чорабинӣ 15 нафар намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳуқуқшиносони ҷавон, равоншиносон, фаъолон ва дигар шахсони таваҷҷуҳманд иштирок намуданд.
Дар ҷараёни вебинар мафҳумҳо ва принсипҳои асосии офиятбахшии равонӣ, аҳамияти он барои барқарорсозии шахсият, таҳкими устувории равонӣ ва бозгашти инсон ба зиндагии пурраи иҷтимоӣ баррасӣ гардиданд. Ба иштирокчиён маълумот оид ба марҳилаҳои асосии раванди офиятбахшӣ ва омилҳое, ки ба самаранокии барқароршавии равонӣ таъсир мерасонанд, пешниҳод карда шуд.
Ба паёмадҳои ҳолатҳои стрессовар ва осебрасон ба солимии равонии инсон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Иштирокдорон бо вокунишҳои маъмулии равонӣ ба осеб, аз ҷумла изтироб, ҳолатҳои афсурдагӣ, хастагии эҳсосӣ, эҳсоси нотавонӣ ва канорагирии иҷтимоӣ шинос шуданд. Ҳамчунин, механизмҳои бартараф намудани паёмадҳои равонии таҷрибаи осебовар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар доираи вебинар усулҳои муосири ёрии равонӣ ва дастгирӣ, аз ҷумла машварати равонӣ, роҳнамоӣ дар ҳолатҳои буҳронӣ, усулҳои худтанзимкунии эҳсосот, техникаҳои идоракунии стресс, рушди малакаҳои устувории равонӣ, дастгирии оилавӣ ва гурӯҳӣ, инчунин равиши байнисоҳавӣ дар офиятбахшӣ муаррифӣ карда шуданд.
Таваҷҷуҳи алоҳида ба масъалаҳои фароҳам овардани муҳити мусоид барои барқароршавии инсон, нақши оила, мутахассисон ва ҷомеа дар раванди офиятбахшӣ, инчунин зарурати риояи принсипҳои эҳтироми шаъну шарафи инсон, махфият ва муносибати инфиродӣ нисбати ҳар як шахс зоҳир карда шуд.
Аз рӯйи натиҷаҳои вебинар иштирокдорон аҳамияти муносибати ҳамаҷониба ба офиятбахширо, ки дастгирии равонӣ, иҷтимоӣ ва тиббиро дар бар мегирад, зикр намуданд. Қайд гардид, ки расонидани ёрии саривақтии равонӣ ба барқароршавии муваффақонаи шахс, таҳкими солимии равонӣ ва боло рафтани сифати зиндагии инсон мусоидат мекунад.
Чорабинии баргузоршуда ба иштирокчиён имкон дод, ки дониши касбии худро васеъ созанд, бо равишҳои муосир дар самти офиятбахшии равонӣ шинос шаванд ва барои фаъолияти минбаъда тавсияҳои амалӣ дарёфт намоянд.