Article Pages

Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ду сарбози қатории қисми ҳарбии "28 57"-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон воқеъ дар вилояти Суғдро ба иттиҳоми даст доштан дар марги ҳамхизматашон Рамазон Забиров гунаҳкор донист ва онҳоро равонаи зиндон кард. Аммо муовини сардори дидбонгоҳи марзӣ шомили афв шуд ва додгоҳ ӯро аз ҷавобгарӣ озод намуд. Додгоҳи ҳарбии гарнизони Хуҷанд ду сарбози қатории қисми...

11.11.2016 - 15:48

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур далели тасдиқкунандаи латукӯби корманди созмони байналмилалӣ дар Душанберо дарёфт накарда, оѓоз кардани парвандаи ҷинонятиро аз рӯйи ин ҳолат рад намудааст,- хабар дод ба «АП» адвокати ҷабрдида Дилшод Ҷӯраев. Сухан дар бораи латукӯби сокини шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони милиса дар доираи амалиёти «Нелегал»-и 2-юми октябр меравад. Оид ба ин ҳолат қаблан...

10.11.2016 - 09:56

Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба аризаи як зани сокини пойтахт, ки иддао дорад кормандони милиса ғайриқонунӣ ба манзилаш ворид шуда ва латукӯбаш кардаанд, ҷавоби рад додааст. Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои ин зан рӯзи ҷумъаи 28 октябр зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки додситонии ноҳияи Шоҳмансур аризаи шикоятии онҳоро рад кард. Вай афзуд, ки ҳанӯз сабаби ради мақомоти тафтишотро дар...

28.10.2016 - 15:49

Рӯзи 27-уми октябр дар Суди ноҳияи Синои пойтахт аз рӯи шикояти Тоҷинисо Каримова - модари Шамсиддин Зайдуллоеви 25-сола, ки моҳи апрели соли 2015 дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии мубориза бар зидди маводи мухаддир дар натиҷаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона даргузашт, мурофиаи судӣ баргузор мегардад. Модари Шамсиддин талаб дорад, ки тафтиши парвандаи ҷиноятӣ дар мавриди марги писараш аз сар...

26.10.2016 - 09:53

Рўзи 27-уми октябр, аз соати 9:00 то 12:00 дар бинои Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи гирд баргузор мегардад. Мизи гирд аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Маркази таълими судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо дастгирии Институти Ҷамъияти Кушода - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бахшида ба натиҷаҳои лоиҳаи «Боло...

22.10.2016 - 18:55

Прокуратураи ноҳияи Шоҳмансури пойтахт ба баррасии далели лату кӯби як зан, сокини шаҳри Душанбе дар ҷараёни амалиёти «Нелегал» рӯзи 2 октябр оғоз кард.   Зани ҷабрдида, ки аз ифшои ному насабаш худдорӣ мекунад ва адвокати ӯ Дилшод Ҷӯраев ҳанӯз санаи 10 октябр аз болои рафтори бераҳмонаи кормандони Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Шоҳмансур ба прокуратураи шаҳр шикоят бурдаанд.   «Мо...

20.10.2016 - 11:25

Мақомоти марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ 17-уми октябр дар мурофиаи додгоҳӣ изҳор доштаанд, ки ҷуброни зарари моддию маънавиро ба Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи ин ниҳод бояд гунаҳкор дар латукӯб, куҳнасарбоз Усмоналӣ Ғайратов пардохт кунад.  Дар ин бора Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон иттилоъ дода, афзуд, ки ҷониби Шаҳбол ин даъвои мақомоти марзбониро мухолифи...

18.10.2016 - 15:20

Додситонии шаҳри Душанбе то ба ҳол дар робита ба амалкарди кормандони пулиси ноҳияи Шоҳмансур дар нисбати зане, ки иддао дорад, ғайриқонунӣ ба манзилаш ворид шуда ва ӯ ва меҳмонҳои хориҷиашро лату куб кардаанд, парванда боз накардааст ва ин қазия дар ҳоли баррасӣ қарор дорад. Аз додситонии шаҳри Душанбе рӯзи душанбеи 17 октябр дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “дар ҳақиқат нисбати...

17.10.2016 - 10:17

Аз лату кӯби як зани сокини шаҳри Душанбе дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ аз васоити ахбори умум огаҳ шудаанд. Дар Вазорат итминон доданд, ки санҷиши ин ҳодиса оғоз гардида, дар сурати ошкор шудани гунаҳкорон, онҳо ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.   «Аз ҳодисае, ки дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рух додааст, мо аз васоити ахбори умум огаҳ шудем. Ба мо бевосита дар ин хусус касе...

14.10.2016 - 15:40

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ боз як далели муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба қайд гирифт. Ба эътилоф зани 34-сола, корманди як созмони байналмилалӣ бо шикоят аз муносибати бераҳмонаи кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат кард. Ба гуфтаи ӯ, воқеа ҳангоми рейди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, аввали моҳи...

14.10.2016 - 10:18

Страницы