Article Pages

Дар Душанбе барои ҳуқуқдонҳо семинор ва давраи омӯзишӣ дар заминаи кор бо қазияҳои марбут ба шиканҷа баргузор шуд. Ин семинор барои ҳуқуқдонҳо ва вакилони мудофеъи тоҷик тавассути созмони ғайридавлатии “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар” иҷро мешавад. Сергей Романов, ҳамоҳангсози ин тарҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар семинор ва давраҳои бозомӯзии мазкур, вакилони мудофеъ ва ҳуқуқдонҳо бо...

11.01.2013 - 20:11

Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, роҳбари созмони "Гуруҳи 24", барои раҳоии шавҳараш аз Созмони Афви Байналмилал (AI) кӯмак хостааст. Қумринисо Ҳафизова, ҳамсари Умаралӣ Қувватов, сардори созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, "Гурӯҳи 24", ки дар даҳаи ахири моҳи декабри соли 2012 дар Дубай боздошт шудааст, аз Созмони  Афви Байналмилал (Amnesty International) хостааст,...

08.01.2013 - 20:13

Волидайни маҳбус Ҳамза Икромзода, ки 20-уми сентябри соли гузашта эҳтимол бар асари шиканҷа дар маҳбасхонаи №1-и шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид, аз Прокуратураи генералӣ тафтиши дақиқи ҳодисаи мазкурро талаб доранд. Онҳо рӯзи 3-юми январ дар ин бора ба Прокуратураи генералӣ муроҷиат карданд. Наздикони Ҳамза Икромзода мегӯянд, натиҷаи ташхис пешакӣ маълум аст, зеро коршиносон ба хулоса...

04.01.2013 - 14:59

Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби умумимиллии сотсиал - демократи Тоҷикистон, мегӯяд мақомоти тоҷик ба пешниҳодаш оид ба таъсиси комиссияи вижа барои таҳқиқи вазъи зиндонҳо то ҳол вокунише нишон надодааст. Раҳматулло Зоиров рӯзи панҷшанбе, 3-юми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол ба пешниҳодашон оид ба таъсиси комиссия аз Кумитаи амниятии миллӣ, Омбудсмен ва Маҷлиси намояндагон ҷавобе...

03.01.2013 - 13:53

Суди шаҳри Хуҷанд корманди фаврии Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Хусрав Ниёзқуловро барои истифодаи шиканҷа ба 1 соли зиндон маҳкум кард. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси мурофиаи судии мазкур, судяи суди шаҳри Хуҷанд Ҷӯрахон Раҳмонов хабар дод, чанде қабл мурофиаи судӣ оид ба баррасии ин парванда ба итмом расида, Х.Ниёзқулов дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 143, дараҷ. 1 (Шиканҷа)...

28.12.2012 - 12:13

Падару модарони маҳбусони ноболиғе, ки дар муассисаи ислоҳии тарбиявӣ барои ноболиғон қарор доранд, аз истифодаи шиканҷа нисбати фарзандонашон аз ҷониби кормандони муассиса шикоят оварданд. Ба қавли онҳо, ин ҳодисаҳо баъди сардори нави муассиса таъин шудани Исмат Қурбонов оғоз гардидаанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» волидайни маҳбусони ноболиғ хабар доданд, рӯзи душанбе онҳо бо чунин шикоят ба...

25.12.2012 - 14:51

Зиндону ҳоли зиндониёни Тоҷикистон дар чанд соли ахир аз пушти панҷараҳои оҳанин ба сафҳаҳои расонаҳои дохиливу хориҷӣ рехта, ба мавзӯъи баҳси созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи инсон табдил ёфтааст.   Сар аз фирори 25 маҳбус аз зиндони рақами 1 дигар ҳафтае нест, ки дар расонаҳо мавзӯъи зиндону зиндониён матраҳ набошад. Номи Изатулло Шарипов, ба истилоҳе "зиндонбони рақами 1", ки аз фаъолияти...

23.12.2012 - 11:23

Маҳмурод Ризоев, падари яке аз маҳбусони аз Душанбе ба муассисаи ислоҳии Хуҷанд фиристодашуда ба ОИ «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки ӯро ба прокуратура даъват карда, таҳдид кардаанд, ки барои баёноти бардурӯғ нисбаташ парвандаи ҷиноӣ боз мекунанд. М.Ризоев чандин маротиба ба ВАО перомуни истифодаи шиканҷа ва кирдори бераҳмона нисбати маҳбусони интиқолшуда, аз ҷумла писари худаш маълумот дода буд...

21.12.2012 - 19:47

Имсол дар муқоиса ба солҳои пешин дар бораи шиканҷаи зиндониён ва афроди боздоштшуда бисёр гуфтанд. Соли 2012 дар таърихи Тоҷикистон соли ҷорӣ шудани ҷазои ҷиноӣ барои шиканҷа буд ва ҳам соле, ки калимаи "шиканҷа" борҳо дар минбарҳои Созмони Милал, нишастҳои ҳукумати кишвар ва хабару таҳлили расонаҳои ахбори ом садо дод. Дар ин як сол масъалаи шиканҷа дар Тоҷикистон ду дафъа дар нишастҳои...

20.12.2012 - 14:20

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон хостори таъсиси як комиссия барои таҳқиқи вазъи зиндониёни маҳбаси Хуҷанд шудааст.   Ин ҳизб бо ирсоли як нома ба унвони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, пешниҳод кардааст, ки барои баррасии вазъи ин маҳбусон, аз ҳисоби намояндагони ниҳодҳои мухталифи давлатӣ, як комиссияи вижа таъсис дода шавад. ...

19.12.2012 - 12:07

Страницы