Хатлон: Ҷавобгарии корманди милиса барои истифода аз шиканҷа

Хатлон: Ҷавобгарии корманди милиса барои истифода аз шиканҷа

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як корманди милиса ба истифодаи шиканҷа айбдор карда шудааст.

Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Музаффар Юсуфов хабар дод, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба корманди фаврии Шӯъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Сарбанд Нусрат Ёдгоров ба суди шаҳр ирсол шудааст.

Ёдгоров ба истифодаи шиканҷа дар нисбати шаҳрванд Ҷӯрабек Сатторов, ки ба гумони дуздии ҳудуди 9 ҳазор сомонӣ маблағ боздошт гардидааст, айбдор карда мешавад.

Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба Нусрат Ёдгоров тибқи моддаи 143, прим. 1 (Шиканҷа)-и Кодекси ҷиноятии ҶТ рӯзи 6-уми марти соли равон оғоз шуда буд.

Сайраҳмон Назриев, "Азия-Плюс"

Шиканҷа аломати заъфи муфаттиш аст ё?..

Музаффар Юсуфов, масъули додситонии вилояти ХатлонДодгоҳи шаҳри Сарбанд баррасии парвандаи Нусрат Ёдгоров, корманди фаврии шӯъбаи корфтукови ҷиноии милисаи Сарбандро ба иттиҳоми шиканҷа оғоз кардааст.

Музаффар Юсуфов, сардори шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон рӯзи панҷшанбеи 11-уми июл зимни таъиди ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, ки "Нусрат Ёдгоров дар охири моҳи январи соли ҷорӣ Ҷӯрабек Сатторов, сокини шаҳри Сарбандро ғайриқонунӣ ба шӯъбаи корҳои дохилӣ оварда ва гӯё ӯ аз дӯконе дар ин шаҳр дуздӣ карда бошад, мавриди латту кӯб ва азияту шиканҷа қарор додааст".

Аммо ин мақоми додситонӣ мегӯяд, ки дар ниҳоят таҳқиқ собит кардааст, ки Ҷӯрабек Сатторов ҷиноят содир накарда, балки фарди дигар даст ба ин аъмол задааст.

Музаффар Юсуфов, сардори шӯъбаи тафтиши парвандаҳои махсусан муҳими додситонии вилояти Хатлон мегӯяд, "шаби 30 ба 31 январ як гурӯҳ шахсони номаълум дохили дӯкони соҳибкор Хусрав Саидов шуда, аз он ҷо маблағи 8 900 сомониро ба сирқат бурданд, ки Нусрат Ёдгоров, маъмури пулис дар ин ҳодиса ғайриқонунӣ Ҷӯрабек Сатторовро айбдор дониста ва аз роҳи зӯрӣ нисбат ба вай шиканҷаро раво дидааст, ки дар натиҷа ба саломатии ин шаҳрванд зарари ҷисмонӣ расидааст".

Ҷаноби Юсуфов гуфт, ки бо таваҷҷӯҳ ба ин вазъ, додситонии вилояти Хатлон бо моддаи 143/1, яъне шиканҷа алайҳи Нусратов парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Сарфи назар аз ифтитоҳи парванда алайҳи Нусрат Ёдгоров, вай то замони анҷоми баррасиҳои додгоҳӣ дар озодӣ ба сар мебарад ва ҳуқуқдонон мегӯянд, агар ҳам гуноҳи ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ собит шавад, ба эҳтимоли зиёд Ёдгоров бо пардохти ҷарима аз ҷазои маҳрумият аз озодӣ эмин хоҳад монд.

Аммо талошҳои хабарнигорон барои дарёфти шарҳи худи Нусрат Ёдгоров ба ин қазия бенатиҷа поён ёфтанд.

Танҳо дар раёсати умури дохилаи вилояти Хатлон дар шарҳи ин қазия гуфтанд, ки «пас аз ифтитоҳи парвандаи ҷиноятӣ алайҳи лейтенанти калон Нусрат Ёдгоров, бо фармони сардори раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, вай аз мақомаш барканор гардида, то замони эълони ҳукми суди шаҳри Сарбанд, дар ихтиёри кадрҳои мақомоти милитсия қарор хоҳад дошт». Дар раёсати ВКД дар вилояти Хатлон инчунин хабар доданд, ки феълан нисбати роҳбарияти шӯъбаи милисаи шаҳри Сарбанд санҷиши хизматӣ идома дошта, дар мавриди муҷозоти интизомии онҳо масъалагузорӣ хоҳад шуд.

Ин дуввумин парвандаи марбут ба моддаи шиканҷа дар вилояти Хатлон ва Тоҷикистон пас аз ворид шудани ин банд ба кодекси ҷиноятии Тоҷикистон дар як соли пеш аст. Қаблан Машраф Алиев, як маъмури пулис дар ноҳияи Ёвон, тибқи ин моддаи кодекси ҷиноятӣ, яъне шиканҷаи гумонбари ноболиғ, маҳкум ба 7 соли зиндон шуд, вале ин парванда ҳоло барои бозрасии дубора дар дасти додгоҳи ин ноҳия қарор доштааст.

Ҳомиёни ҳуқуқ дар Тоҷикистон мегӯянд, бо вуҷуди баъзе тадбирҳои давлат барои маҳви хушунат, шиканҷа дар ҷомеа мушкили паҳншуда ва системавӣ боқӣ мемонад. Темур Боев, раиси додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа, низ истисно намекунад, ки эҳтимолан дар ҷараёни тафтишот ё дар маҳбасҳо аз шиканҷаю озори ҷисмонии афроди гумонбар ё маҳбус кор гирифта мешавад, аммо на ҳамеша ва на саривақт афроди ҷабрдида ба мақомоти дахлдор шикоят мебаранд.

«Дар ҳама ҳолат, чи ба тариқи шифоҳӣ ва чи хаттӣ агар шаҳрвандон оид ба факти шиканҷа муроҷиат мекунанд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вазифадоранд, ки онро холисона таҳқиқ кунанд. Мо бояд тасаввури рӯшане оид ба ин вазъ дар кишварамон дошта бошем ва бо ин зуҳурот мубориза барем. Баъзан танҳо дар мурофиаҳо гумонбарон мегӯянд, ки мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, ки табиист, исботи он аксари вақт ғайриимкон аст», - афзуд Боев.

Хабари ба додгоҳ кашида шудани дувумин корманди милиса дар вилояти Хатлон барои даст доштанаш дар шиканҷа дар ҳоле нашр мешавад, ки рӯзе пеш мақомоти Тоҷикистон дар ҷаласаи кумитаи Созмони Милали Муттаҳид дар умури ҳуқуқи башар дар Женева оид ба вазъи ҳуқуқи башар дар ин кишвар гузориш дода, ин вазъро мӯътадил арзёбӣ кардаанд. Аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқ мегӯянд, ки давлати Тоҷикистон барои рафъи шиканҷаю озори ҷисмонӣ дар кишвар бояд талошҳои хеле бештаре ба харҷ диҳад.

Ozodi

Сайрахмон Назриев, "Азия-Плюс"