Article Pages

Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе чаҳор корманди комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синоро барои “хунукназарӣ” дар нисбати як сарбоз, аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима бастааст. Чаҳор корманди Комиссарияти ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт аз сӯи додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе барои "хунукназарӣ" дар нисбати сарбоз Эмомиддин Холов, сокини ноҳияи Рашт, муҷозот шудаанд. Ин афрод Эмомиддин Холовро бо вуҷуди беморияш, ба...

03.03.2016 - 12:14

Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон рӯзҳои 22-23-юми феврали соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳарсолаи худро баргузор намуд, ки дар он намояндагони 11 ташкилоти ҷамъиятӣ - аъзои Эътилоф ва шарикони он иштирок доштанд. Дар вохӯрӣ гузоришҳо аз натоиҷи фаъолияти роҳбари Эътилоф, сардори Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ, Гуруҳи мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, Гуруҳи мусоидат...

24.02.2016 - 19:55

Оҷонсии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо фасод ду афсари пулисро ба иттиҳоми ришваситонӣ ва ҳабси як сокини Ҳамадонӣ боздошт карда, парвандаи якеро ба додгоҳ фиристодааст. Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб ду афсари пулисро ба иттиҳоми тамаъҷӯӣ боздошт кардааст. Ба иттилои манбаъ аз ин ниҳод, Шодӣ Каримов – муфаттиши шӯъбаи корҳои дохилии...

19.02.2016 - 10:41

Созмонҳои маъруфи байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) ва Кумитаи Ҳелсинкии Норвегия (Norwegian Helsinki Committee, NHC) дар гузориши рӯзи чоршанбе дар сомонаи HRW интишоршуда қайд кардаанд, ки тайи соли ахир вазъи риояи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза бадтар шудааст. Муаллифони гузориш зикр мекунанд, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон мухолифони худро натанҳо дар...

18.02.2016 - 12:55

Ду корманди милитсияи шаҳри Панҷакент ба муддати 8 солу 6 моҳӣ равонаи зиндон шудаанд. Тавре як сарчашма аз мақомоти қудратии Панҷакент хабар медиҳад, Суди шаҳри мазкур нисбати Худойбердиев Тоҳир ва Равшанов Матлубро, ки дар латукӯби Ғоибов Фарҳод сокини деҳаи Ёрии шаҳри Панҷакент гунаҳкор дониста шуда буданд, 8 соли 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кардааст. Ёдрас мешавем, ки моҳи октябри соли 2015...

18.02.2016 - 11:36

Муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино шурӯъ шуд. Дар курсии айбдорӣ ба ҷуз аз муттаҳами аслӣ Умедҷони Амрохон, боз панҷ нафари дигар нишастаанд. Рӯзи 17 феврал дар Додгоҳи шаҳри Душанбе муҳокимаи гумонбарон дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт оғоз шуд. Ба мурофиа хабарнигорон низ роҳ ёфтанд, вале ба онҳо барои аксбардорӣ,...

17.02.2016 - 14:23

15 феврал мурофиаи судии гумонбаршудагон дар куштори кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт дар Суди шаҳрӣ баргузор мегардад. Бино ба иттилоъи суди шаҳри Душанбе 15 уми феврали соли 2016, мурофиаи додгоҳии Умедҷон Амрохон, сокини шаҳри Кӯлоб, ки дар куштори корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино даст дошт, баргузор мегардад. Бино ба иттилои сарчашма аз Раёсати тафтишии...

13.02.2016 - 10:49

Дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба фаъолият оғоз кард. Ин тасмим дар доираи лоиҳаи Фонди ихтиёрии СММ оид ба Тафсири Даврии Универсалӣ (ТДУ) бо дастгирии бахши минтақавии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардидааст. Сомонаи мазкур иттилоотро барои хонандагон бо...

11.02.2016 - 21:07

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳуриро ҷонибдорӣ намуд. Мутобиқи он, минбаъд бозпурсии шахсони синни аз 16-сола поён ба сифати шоҳидон ва ҷабрдидагон дар ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ бидуни ҳузури омӯзгорони онҳо ва равоншинос манъ карда мешавад. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини...

11.02.2016 - 10:59

Қурбон Ҳамидов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз 26 январи соли равон дар беморхонаи шаҳри Ступино дар ҳолати беҳушӣ ё кома қарор дошт, даргузаштааст. Татяна Зуева,ҳамсари Қурбон дар марги ӯ кормандони пулисро муттаҳам медонад.  Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” мегӯяд, Қурбон Ҳамидов ҳанӯз чор рӯз қабл ба ҳалокат расидааст, аммо табибон хабари марги ӯро ба наздиконашон...

10.02.2016 - 15:36

Страницы