Article Pages

Комиссияи экспертии Додситонии кулл натиҷаи ниҳоии ташхис роҷеъ ба сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро эълом кардааст. Комиссияи экспертии Додситонии кулли Тоҷикистон натиҷаи ниҳоии ташхиси худро  оид ба сабабҳои марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами аввал эълон карда гуфтааст, ки Ҳамза Икромзода дар маҳбас худро ба дор овехтааст.  Амир Икромов, бародари Ҳамза Икромзода рӯзи...

24.10.2012 - 12:44

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Зариф Ализода ба Прокуратураи генералии ҶТ оид ба ҳолати марги Икромов Ҳамзалӣ муроҷиат намуд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз маркази матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ иттилоъ доданд, дар муроҷиат аз марги Ҳамза Икромзода изҳори нигаронӣ шуда, аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дархост мегардад, ки тафтиши қазияи мазкур фавран...

23.10.2012 - 14:24

Додгоҳи ноҳияи Ваҳдат Давлат Бобоев, раиси собиқи зиндони рақами 3, маъруф ба "Кирпичная зона" ва Саид Имронов, сардухтури ҳамин маҳбасро барои "бемасъулиятӣ" дар маргиАҷик Қаюмов ба ҷазоҳои мухталиф маҳкум кардааст.  Абдурасул Розиқов, яке аз наздикони Аҷик Қаюмов рӯзи 20-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин бора ба онҳо нусхаи хулосаи додгоҳ пешниҳод шудааст....

20.10.2012 - 17:40

Наздикони маҳбусони Муассисаи ислоҳии №1-и пойтахт мегӯянд, масъулини маҳбас иҷозати дастрас кардани нашрияҳоро ба маҳбусон намедиҳанд.  Чанде аз наздикони маҳбусони Муассисаи ислоҳии ЯС 3/1 Вазорати адлияи Тоҷикистон, ки нахостанд номашон ифшо шавад, ба TojNews изҳори нигаронӣ карданд, ки ба онҳо иҷозати расонидани ҳафтаномаҳоро ба наздиконашон надодаанд.   Ин дар ҳолест, ки аз...

19.10.2012 - 14:49

Рустам Азизов, муфаттиши Додситони назоратии Тоҷикистон рӯзи ҷумъаи 19-уми октябр ба Озодӣ гуфт, барои дурустӣ ва воқеият доштани ҳарфу далелҳое, ки Сайдалӣ Казаков баъди ба озодӣ баромаданаш ба рӯзномаву сомонаҳо дар бораи вазъи маҳбаси рақами аввал нақл кардааст, санҷиш мегузаронанд. Ин санҷиш мувофиқи дастури Додситонии кулли Тоҷикистон сурат мегирад. Зимнан, Сайдалӣ Казаков ба...

19.10.2012 - 12:40

Вакили мудофеъ Гулчеҳра Холматова аз Додситонии кулл тақозо кардааст, ки парвандаи марги Сафаралӣ Сангов, як сокини пойтахт, дигарбора бозрасӣ ва муттаҳамони қазия бо моддаҳои "ҷиддитар" маҳкум шаванд.  Вай ин масъаларо дар ҳоле матраҳ карда, ки як ҳафта қабл Додгоҳи шаҳри Душанбе ду корманди собиқи шӯъбаи умури дохилии Сино-2 - Абдураҳмон Яъқубов ва...

19.10.2012 - 12:18

Ҳимоятгарони собиқ нозири минтақавии милисаи ноҳияи Ёвон Машраб Алиев, ки барои истифодаи шиканҷа нисбати ноболиғ ба 7 соли зиндон маҳкум гардид, шикояти кассатсионии худро аз Суди вилояти Хатлон бозпас гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Умед Ниёзов хабар дод, санаи 17-уми октябр бояд шикояти кассатсионии ҳимоятгари маҳкумшуда баррасӣ мешуд, вале бинобар бозпас...

19.10.2012 - 10:16

Маҳбусе, ки ҳамчун шоҳиди марги Ҳамза Икромзода муаррифӣ мешавад, мавриди бозпурсӣ қарор гирифтааст. Рафаэл Мақсудов, яке аз маҳбусҳои зиндони рақами аввали Душанбе мегӯяд, ки ҳамчун шоҳиди латукӯб ва марги Ҳамза Икромзода мавриди бозпурсии муфаттишон қарор гирифтааст. Ӯ рӯзи панҷшанбе, 18-уми октябр, дар тамоси телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан таҳти ҳимояти мақомоти...

18.10.2012 - 19:44

Ду нафар собиқ кормандони милиса, ки дар ҳодисаи марги сокини пойтахт Сафаралӣ Сангов айбдор дониста мешуданд, мавриди афв қарор гирифтанд. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ҳимоятгари ҷониби ҷабрдида Гулчеҳра Холматова хабар дод, нисбат ба ду тан аз собиқ кормандони фаврии ваколатдори шуъбаи ҷустуҷӯи ҷиноии ШВКД Сино-1-и пойтахт Абдураҳмон Яқубов ва Қодир Ҳасанов аз ҷониби прокуратураи шаҳри Душанбе...

18.10.2012 - 18:48

Суди шаҳри Ваҳдат ду корманди маҳбасхонаи рақами №3, маъруф ба «Кирпичний»-ро барои хунукназарӣ ва нарасонидани кӯмаки тиббӣ ба маҳбусе, ки даст ба худкушӣ задааст, маҳкум кард. Дар ин бора як манбаи ТоjNews аз Cуди шаҳри Ваҳдат иттилоъ дод. Бинобар иттилои манбаъ, Давлат Бобоев, раиси собиқи маҳбаси мазкур, барои хунукназарӣ нисбати марги маҳбус Аҷик Қаюмов ба маблағи 26 ҳазор сомонӣ...

18.10.2012 - 14:30

Страницы