Article Pages

Дар як даври омӯзишии серӯза дар шаҳри Душанбе оид ба пешгирии зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшида талаботи Протоколи Истамбулӣ ба равоншиносону ҳуқуқшиносон омӯзонида шуд. Бояд гуфт, ки давраи омӯзишӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои бераҳмона нисбати кӯдакон дар муассисаҳои пӯшидаю нимапӯшидаи Тоҷикистон рӯзҳои 25-27-уми майи соли 2016 дар шаҳри Душанбе...

28.05.2016 - 13:44

Соли гузашта дар Тоҷикистон як ҳолати тариқи “облава” ҷалб кардани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ тасдиқи худро ёфтааст. Ҳамасола дар рафти даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ хабарҳо оиди ҷалби маҷбурӣ ё “облава” расонаӣ мешавад, вале Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мегӯяд, соли гузашта танҳо як ҳолати он тасдиқи худро пайдо кард. 23-юми май Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон дар гузориши...

24.05.2016 - 15:56

Намояндагии Ислоҳоти байнулмилалии маҳбасҳо PRI дар Осиёи Марказӣ ва Фонди ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар ҳамдастӣ бо Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон, бо кӯмаки молиявии Шуъбаи ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон рӯзҳои 25-27 майи соли 2016 дар ш. Душанбе давраи омӯзишӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ ва дигар муносибатҳои...

24.05.2016 - 10:16

Маҳмадалӣ Саидзода, як сокини шаҳри Ваҳдат мегӯяд писараш-Эмомалӣ, донишҷӯи Коллеҷи омори Ваҳдат шоми 19-уми май ҳадафи “облава” қарор гирифтааст.  Эмомалӣ Саидзода дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, писараш дар яке аз кӯчаҳои шаҳр боздошт шудааст: “Ҳуҷҷати донишҷӯияшро нишон додааст, вале масъулини комиссариат ба инобат нагирифтаанд”.  Хабарнигори “Озодагон” дар пайи огоҳӣ аз ин...

20.05.2016 - 12:04

Ҷустуҷӯи ҷавони 19-солаи шаҳри Роғун, ки рӯзи 19-уми апрел ҳангоми гурехтан аз «облава» худро ба дарё андохта буд, боздошта шудааст. Дар ин бора хабаргузории «Азию-плюс» хабар дода, бо истинод ба иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании ҶТ меафзояд, ки ҷасади ҷавон то ҳол дарёфт нашудааст. Аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ин хабаргузорї гуфтаанд, ки «бо сабаби пеш омадани...

20.05.2016 - 09:06

Рўзи 16-уми майи соли 2016 дар як семинар мавзуи «Принсипҳои самараноки тафтиш ва ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа, муносибатҳои ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф ва дигар муносибатҳои тибқи стандартҳои Протоколи Стамбулӣ» баҳсу баррасӣ шуд. Семинари мазкур дар ҳамкорӣ бо яке аз шарикони рушд - ташкилоти ҷамъиятии “Марказ оид ба ҳуқуқи инсон” дар бинои Маркази таълимии судяҳо...

16.05.2016 - 17:13

Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ -- созмоне, ки дар ростои дифоъ аз ҳуқуқи ҷавонони сини даъват ба артиш ва сарбозон фаъолият мекунад, барои бори 12-ум аз вазорати адлия барои сабти ном, посухи радд гирифт. Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ мегӯяд, ки вазорати адлияи Тоҷикистон ин бор низ барои сабти намояндагиаш дар вилояти Суғд посухи рад дод. Хуршеда Раҳимова, намояндаи ин созмон рӯзи 12 май ба ...

12.05.2016 - 14:22

Шашуми майи соли равон дар  Женева вазъи шиканҷа дар Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор мегирад. Қарор аст дар он як ҳайат аз Тоҷикистон таҳти сарпарастии Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи кишвар ширкат кунанд. Тоҷикистон аз ҷумлаи 14 кишвари олам аст, ки бояд дар ҷаласаи ояндаи гуруҳи кории Шарҳи универсалии даврии Шурои СММ оид ба  ҳуқуқи инсон бознигарӣ шавад.  Дар ин ҷаласа...

05.05.2016 - 09:27

Додситонии кулли Тоҷикистон хабарҳо дар мавриди шиканҷаи равонӣ шудани аъзои пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва наздикони онҳоро, бепоя хонд. Додситонии кулли Тоҷикистон рӯзи 4-уми май бо нашри як изҳорот, хабарҳо дар мавриди шиканҷаи равонӣ шудани аъзои пешини Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва пайвандони онҳоро беасос донист. Дар изҳороти Додситонии кулли Тоҷикистон аз ҷумла...

04.05.2016 - 10:37

То 1 май 19 шаҳру навоҳӣ даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро иҷро карданд. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Фаридун Маҳмадализода ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки айни замон иҷрои нақшаи даъват дар ВМКБ - 87%, вилояти Хатлон - 94%, вилояти Суғд - 75%, ноҳияҳои тобеи марказ - 73% ва шаҳри Душанбе - 54%-ро ташкил дода, дар...

03.05.2016 - 16:15

Страницы