Ташкили гуруҳи кории вазорат барои таҳқиқи марги наваскари 22-сола

Ташкили гуруҳи кории вазорат барои таҳқиқи марги наваскари 22-сола

Вазорати дифои Тоҷикистон барои таҳқиқи марги Фирдавс Раҳматов, як наваскари 22-сола, ки баъд аз як моҳи сарбозӣ ҷасадаш ба хона оварда шуд, гуруҳи тафтишотие ташкил кардааст.

Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи Вазорати дифоъ рӯзи 11 июн дар суҳбат бо “Озодагон” бо тасдиқи ин хабар гуфт, инчунин аз сӯи додситонии ҳарбии гарнизони вилояти Суғд низ дар робита ба ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад: “Ҳайати гуруҳи мо дар якҷоягӣ бо кормандони ин додситонӣ омили марги Фирдавс Раҳматовро таҳқиқ хоҳанд кард”.

Сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон афзуд, ин ҳодиса рӯзи 7 июни соли равон ҳангоми баромади саҳроҳии як гуруҳи сарбозони қисми низомии 04080-и шаҳри Конибодом ба вуқуъ пайвастааст.

Фирдавс Раҳматов, сокинони маҳаллаи 18-уми шаҳри Хуҷанд ва донишҷӯи курси чаҳоруми бахши ғоибонаи Донишгоҳи давлатии ин шаҳр мебошад, ки рӯзи 7 майи соли равон тавассути даъвати маҷбурӣ ё “облава” ба сафи сарбозони қисми ҳарбии 04080 шаҳри Конибодом ҷалб шудааст. Ба қавли волидонаш, масъулини ин қисми низомии шаҳри Конибодом шоми 7 ба 8 июни соли равон тахминан соатҳои 24:00 ҷасади Фирдавсро ба хона оварда, сабаби маргашро, “гармозадагӣ, фурӯ рафтани забон ва банд шудани роҳи нафас” гуфтаанд. 

Дилором Раҳматова, модари Фирдавс рӯзи 10 июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, дар ҷасади писараш нишонаҳои латту кӯб ба таври равшан намоён буд ва онҳо ҳаргиз ба хулосаи тиббии пешниҳодкардаи масъулини қисми ҳарбии 04080 бовар нахоҳанд кард. Хонум Раҳматова афзуд, масъулини ин қисми ҳарбӣ дар ҳоле фарзияи марги фарзанди онҳоро чунин арзёбӣ мекунанд, ки Додситонии низомии шаҳри Чкалови Суғд тасдиқ карда, Фирдавс бар асари латту кӯби шадид ҷон додааст:“Прокурор ба мо гуфт, ки он шаб Фирдавсро ба назди ҳоҷатхона бурда, латту кӯб мекунанд ва дар пайи зарбаи охир, ки ба гулӯяш рост омадааст, роҳи нафас банд шуда, боиси марги сарбоз дар размоишгоҳ мешавад”. 

Ин модари тоҷик, ки баъд аз як моҳи гусели фарзандаш ба сафи қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҷасадашро қабул кардааст, аз мақомоти Тоҷикистон талаб дорад, тамоми омилони марги писарашро пушти панҷара баранд. Хонум Раҳматова аз он ибрози нигаронӣ дорад, ки масъулини додситонӣ дар марги Фирдавс танҳо як сержантро айбдор мекунанд, дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, дар аввал шаш сарбоз дар робита ба марги писараш боздошт шуда буданд: “Бачаҳаки манро як кас накуштааст. Ҷойи ободеро дар баданаш пайдо кардан мумкин набуд. Инҳо маслиҳат доранду мехоҳанд, айбро дар гардани як нафар бор кунанд. Чӣ магар писари ман таҳти раҳбарии ҳамон сержант ба палигон рафта буд?! Магар онҷо командире набуд?! Хай бачаамро куштанд, майли ҳадди ақал ба мо росташро гӯянд”. 

Ozodagon