Article Pages

Муфаттишони Додситонии низомии Тоҷикистон сабаби марги як сарбозро, ки хонаводааш иддао дорад, дар гулӯи ӯ захми тирро дидаанд, худкушӣ номид. Раҷабалӣ Каримови 21-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, дар ҳайати Горди Миллӣ дар шаҳраки Навободи ноҳияи Рашт хидмат мекард. Ҷасади ӯро рӯзи 3-юми май ба наздиконаш супурдаанд. Раҷабалӣ Каримов соли гузашта аз деҳаи Ниёгони ҷамоати Дурбати ноҳияи...

12.05.2018 - 14:41

Фонди ҷамъиятии «Нотабене» дар доираи лоиҳаи «Муттаҳидсозии кушишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон», ки бо дастгирии Ҳайати Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ва Сафорати Финляндия дар Тоҷикистон амалӣ мегардад, рўзҳои 10-11-уми майи соли 2018 оид ба масоили пешбурди ҳуқуқи инсон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тренинги...

11.05.2018 - 09:42

Аъзои Кумитаи зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид аз мақомоти Тоҷикистон пурсиданд, ки чаро ба омилони шиканҷа ҷазои сабук дода, қурбониёни чунин ҳодисаҳоро бо пизишк ва вакили дифои мустақил таъмин намекунад.  Қазияҳои пурсарусадо ва маҳкумшудаҳое, ки ҳомиёни ҳуқуқ парвандаашонро “сиёсӣ” унвон мекунанд, аз суолҳои дигаре ба намояндагони Тоҷикистон дар нишасти Женева буд. Мақомоти...

06.05.2018 - 13:43

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ - аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Гузориши муштаракро ба Кумитаи зидди шиканҷаи СММ (КЗШ) дар бораи тадбиқи Конвенсияи зидди шиканҷа аз ҷониби давлат омода намуданд. Ҳуҷҷати мазкур маълумот оид ба заминаи қонунгузорӣ ва таҷрибаи ҳуқуқистифодабарии марбут ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмонаро дар бар мегирад. Дар гузориш...

25.04.2018 - 10:27

Як хонавода дар шаҳраки Ҳисори ноҳияи Ҳисор иддао дорад, ки фарзанди бемори онҳо "облава" шудааст ва агар чаҳор рӯз қабл дар роҳ ба сӯи комиссариати ҳарбӣ аз ҳуш намерафт, ба артиш бурда мешуд. Шаҳром Абдуллоеви 19-сола ҳоло дар бемористони ноҳияи Ҳисор бистарист. Пизишкон мегӯянд, ӯ мубталои бемории саръ ё эпилепсия (бемории асаб, ки дар он рагу мушакҳо мекашад) буда, ҳар замон дардаш...

21.04.2018 - 12:00

Як сокини ноҳияи Муъминобод ба додситонии вилояти Хатлон расман шикоят бурдааст, ки маъмурони милисаи ноҳия фарзанди ӯро лату кӯб ва сахт маҷрӯҳ кардаанд. Сафармоҳ Зарифова, сокини кӯчаи Румӣ, рӯзи 19-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, маъмурони милиса моҳи марти имсол Искандар Аврангов, писари 33-солаашро сархуш боздошт карда, дар шӯъбаи умури дохилӣ ба ҳадде задаанд, ки то кунун аз гӯшаш...

19.04.2018 - 20:35

Додситонии шаҳри Душанбе санҷиши ҳодисаи марги Абдурасул Назаров, як сокини Кӯлобро анҷом додааст ва мегӯяд, ки ба зудӣ хулосаҳояшро эълон хоҳад кард. Абдурасул Назаровро моҳи март маъмурони милиса дар шаҳри Душанбе дастгир карданд ва рӯзе баъд тани беҷонашро ба наздиконаш супурданд. Волидону хешовандони Абдурасул, ки зоҳиран бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд, мегӯянд, ки ӯ бар...

19.04.2018 - 11:10

Дўстону ҳамкорони азиз! Шуморо ба пахши онлайнии муколамаи интерактивии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи зидди шиканҷаи СММ оид ба амалинамоии уҳдадориҳои худ дар мавриди Конвенсияи зидди шиканҷа ва муносибатҳои бераҳмона, ғайриинсонӣ, пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо, ки рўзи 4-уми майи соли 2018 дар ошёнаи 4-уми бинои МД «Душанбе-Плаза» (дар рў ба рўи ТВ «Сафина») баргузор...

17.04.2018 - 16:15

Гурӯҳи пизишкони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ баъди тақрибан 10 рӯзи хоксупории сокини Кӯлоб Абдурасул Назаров, қабри ӯро боз намуда, ҷасадро дигарбора мавриди санҷиш қарор доданд. Абдурасул Назаров авохири моҳи гузашта аз сӯи пулиси Душанбе боздошт ва як рӯз баъд ҷасади беҷонаш ба наздиконаш супурда шуд. Аммо пайвандони Абдурасул Назаров мегӯянд, ки ба ташхиси Маркази тиббии...

09.04.2018 - 12:19

10-уми апрели соли 2018, соати 10:00, дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз болои қарор дар бораи қатъи парвандаи ҷиноятӣ аз рўи далели марги ронандаи 25-солаи таксӣ Шамсиддин Зайдуллоев дар АНМН шикоят карда мешавад. Модари ҷавони фавтида Тоҷинисо Каримова якҷоя бо адвокатҳо Қурбонов Д. ва Кабиров С., ки хизматрасониашон аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар...

07.04.2018 - 13:59

Страницы