Article Pages

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон: моҳи ноябри соли 2017 бо дастгирии коршиносии Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон банақшагирии стратегии фаъолияти гуруҳ барои солҳои 2018-2020 гузаронида шуд, ки дар доираи он гуруҳ афзалиятҳои худро муайян намуд. Дар соли 2017 гуруҳ аз 10 муассисаи пӯшида дидан намуд: Маркази...

26.03.2018 - 08:19

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон кормандони мақомоти прокуратураи ҷумҳуриро бо иди касбиашон - Рӯзи прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рўзи 14-уми март ҷашн гирифта мешавад, самимона табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар фаъолияти касбиашон барору комёбиҳоро таманно дорад. Бахусус лоиқи таъкид аст, ки мақомоти прокуратура дар самти ошкоркунии ҷиноятҳо, иҷроиши...

14.03.2018 - 10:22

Вазорати дифои Тоҷикистон бо такя ба фармони рӯзи 12--уми марти президент оид ба ҷалби ҷавонон ба сафи артиш дар моҳҳои апрелу май гуфт, ки назорат аз иҷро шудани қонун дар ин замина шадидтар мешавад. Мақомоти вазорати дифоъ мегӯянд, назорат аз ҷараёни иҷрои ин қонун, аз ҷумла пешгирӣ аз ҳодисаҳои ҷалби маҷбурии ҷавонон ба артиш таъмин хоҳад шуд. Аммо созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар мегӯянд,...

13.03.2018 - 10:40

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон намояндагони ВАО-и ватаниро бо иди касбиашон - Рўзи матбуоти тоҷик, ки ҳамасола рўзи 11-уми март ҷашн гирифта мешавад, табрик мегўяд. Мо ҳамкорӣ бо рўзноманигоронеро, ки дар мавзуҳои ҳуқуқи инсон, мубориза бо шиканҷа ва муносибати бераҳмона менависанд ва бо матолиби худ кўшишҳои огоҳсозӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати...

11.03.2018 - 08:09

Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норак, ҷануби Тоҷикистон ду афсари қисми низомии 05-10-50-и Гвардияи миллӣ дар ҳамин шаҳрро баъди марги як сарбоз боздошт намуда, дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд. Мақомот мегӯянд, исми афсарони боздоштшударо то анҷоми тафтишот фош намекунанд, вале тасдиқ карданд, ки афсарон баъди марги сарбози 20-сола боздошт шудаанд. Марги сарбоз Ҳасан Каримов рӯзи 28-уми феврал сабт...

03.03.2018 - 16:26

Намояндаи ҳамсари Толибҷон Дӯстов дар мурофиаи навбатӣ вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ нисбати корманди ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ Маҳмадулло Идиев бо дархост аз суд хоҳиш кард, то вобаста ба муайян намудани сабаби марги Толибҷон Дӯстов ташхиси судӣ-тиббии комиссионӣ таъин намояд. Адвокат Далер Қурбонов дар дархосташ қайд кард, ки онҳо бо хулосаи ташхиси суди-тиббии комиссионӣ, ки 21-уми ноябри соли...

26.02.2018 - 08:49

Додситонии кулли Тоҷикистон парвандаи худкушии Саидамир Сӯфиев, сокини деҳаи Заркамари ноҳияи Восеъро аз нав баррасӣ хоҳад кард. Хонаводаи Сӯфиев рӯзи 23-юми феврал дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, тайи тақрибан се моҳи охир ин ҳодисаро Додситонии ноҳияи Восеъ тафтиш мекард. Парванда аз рӯи моддаи "ба худкушӣ расондан" боз шуда, дар ин қазия як муфаттиши Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Восеъ...

23.02.2018 - 16:06

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон инфографикаеро пешниҳод мекунад, ки дар он тамоми маълумот оид ба санҷиши пешакӣ ҷой гирифтааст.

19.02.2018 - 11:32

Дар мурофиаи судии вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ бо қисми 3 моддаи 316 КҶ ҶТ нисбати Маҳмадулло Идиев, ки рӯзи 13-уми феврал баргузор гардид, кормандони ШВКД дар ноҳияи Дӯстӣ ҳамчун шоҳид пурсида шуданд. Панҷ нафар кормандони милиса бо супориши сардори ШКВД дар ноҳияи Дӯстӣ барои дастгир намудани сокини ноҳияи Шаҳритуз Толибҷон Дӯстов, ки дар гардиши ѓайриқонунии маводи мухаддир гумонбар...

16.02.2018 - 14:27

Прокуратураи генералии Тоҷикистон дар посух ба аризаи адвокат оид ба парвандаи Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 дар натиҷаи шиканҷаи эҳтимолӣ дар РМЗҶМ-и вилояти Суѓд вафот кард, зикр менамояд, ки парвандаи мазкур барои тафтиши иловагӣ ба ВКД ҶТ фиристода шудааст. Посухи Прокуратураи генералӣ ба адвокат 6-уми феврали соли 2018 бо имзои муовини Прокурори генералии кишвар В. Ваҳобов гардонида...

14.02.2018 - 11:04

Страницы