Article Pages

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Муъминобод хабар дод.  Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, М.Ҳасанов, ки ба ҳайси ёрдамчии калони комисари ҳарбии ноҳия фаъолият мекардааст, рӯзи 11 апрел дастгир шуд. Манбаъ мегӯяд, Ҳасанов барои аз рӯйхати даъватшавандаҳо берун кардани исми як...

15.04.2016 - 10:32

Як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки моҳи феврал як ҷавони зодаи Хатлон бар асари шиканҷа дар қисми низомӣ ҷон дода, таҳқиқи парвандаи маргаш то ҳол ҷараён дорад. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", созмони ҳомии ҳуқуқи ҷавонони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ, мегӯяд, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳалокати як сарбози тоҷик бар асари шиканҷа дар қисмҳои низомиро сабт кардааст....

15.04.2016 - 10:10

Шаҳбол Мирзоев, сарбози маъюбшудаи тоҷик аз сабаби пайдо шудани санг дар гурдаҳояш ҷарроҳӣ мешавад. Худи Шаҳбол дар суҳбат ба TojNews гуфт, ҳоло дар Беморхонаи вилоятии шаҳри Хуҷанд қарор дошта, интизори натиҷаи ташхис мебошад. -Ҳарду гурдаам санг доштааст, ҳозир интизор ҳастем, ки натиҷаи ташхис муайян мешавад ва маро ҷарроҳӣ мекунанд. Қариб як ҳафта мешавад, ки таб дорам ва вазъи...

15.04.2016 - 10:08

12 апрели соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб вохӯрии гуруҳи кории Эътилофи ташкилотҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар Тоҷикистон зери унвони «Мубориза бо шиканҷа дар Тоҷикистон: имкониятҳо барои ҳамкорӣ» бо ҳуқуқшиносон, намояндагони шӯрои ҷамъиятии назди ВКД оид ба таъғироти милитсия,  ташкилотҳои ҷамъиятӣ, фондҳо ва васоити ахбори омма баргузор гардид. Мақсади вохӯрӣ пешниҳод...

14.04.2016 - 09:33

Рӯзҳои 15-17-уми апрел дар шаҳри Душанбе оид ба офиятбахшӣ ва ҷуброни зарари қурбониёни шиканҷа ва пайвандони онҳо тренинги серӯза доир мегардад. Чорабиниро созмони ҷамъиятии «Ташаббуси ҳуқуқӣ» дар доираи фаъолиятҳо оид ба офиятбахшии нафарони аз шиканҷа зарардида ё аъзои оилаи онҳо, ки аз ҷониби «Институти Ҷомеаи Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон маблаѓгузорӣ мешавад, баргузор менамояд...

13.04.2016 - 10:23

Мақомоти ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ як баҳси оилавиро аз тариқи ба артиш сафарбар кардани шавҳари ҷавон "ҳал" кардааст. Ҳамсари Абдулҳаким Шукуров, сокини деҳаи Нонҷемасти ҷамоати Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ, барои ҳалли муноқишаи оилавӣ ба идораи ҷамоат муроҷиат кард ва идораи ҷамоат баҳси оилавии онҳоро бо ирсоли Абдулҳаким ба артиш "ҳал" кардааст. Абдулмаҷид Шукуров, падари...

12.04.2016 - 14:23

Афсарони пулиси Русия, ки дар шиканҷа ва марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов айбдор мешаванд, дар додгоҳ ба гуноҳи худ эътироф накардаанд. Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав ба бозпурсии шоҳидони парвандаи шиканҷа ва марги шаҳрванди 39-солаи Тоҷикистон Фаррух Урозов идома медиҳад. Интизор меравад, ин бозпурсиҳо то 5 май ба анҷом расида, додгоҳ ҳукми се афсари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии...

12.04.2016 - 13:36

Як сарбози Вазорати дифоъ, ки қаблан барои ташхис дар бемористони касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ шуда, баъдан ба шифохонаи низомӣ интиқол ёфта буд, аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод шудааст. Меҳровар Мақсудов , сарбози қисми ҳарбии 02011-и қӯшунҳои зудамали Вазорати дифои Тоҷикистон, ба иллати беморӣ аз идомаи хидмати ҳарбӣ озод шудааст ва рӯзи 12 апрел наздиконаш ӯро аз бемористони ҳарбӣ ба хонаашон...

12.04.2016 - 12:46

Додгоҳи минтақаи Останкинои шаҳри Маскав корманди собиқи пулис Дмитрий Штелмахро бо ҷурми латукӯби донишҷӯи тоҷик ба севуним соли зиндони шартӣ маҳкум кард. Дмитрий Штелмах , корманди собиқи хадамоти пайроҳагардӣ (ППС)-и пулиси Маскав, ки ба бадрафторӣ ва латукӯби донишҷӯи 16-солаи тоҷик айбдор мешуд, бо ҳукми зиндони шартӣ «халос» хӯрд.   Бино ба гузориши шабакаи телевизионии LifeNews...

12.04.2016 - 09:18

Дидбони ҳуқуқи башар аз вазъи бади озодии баён, афзоиши фишор болои аҳзоби сиёсии мухолифи давлат ва боздошту шиканҷаи аъзои ҳизби мухолиф ибрози нигаронӣ кардааст. Созмони Human Rights Watch ё Дидбони ҳуқуқи башар ба мақомоти Тоҷикистон тавсия додааст, ки афроди бо айбномаҳои сиёсӣ боздоштшударо раҳо карда, ба гурӯҳҳои, ба қавли ин созмон, муътадили ҳизби наҳзат ва Гурӯҳи 24 иҷоза ва имкони...

11.04.2016 - 17:06

Страницы