Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
29-уми сентябр ташкилоти ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ», узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Осеби ногувор чист ва бо он чӣ гуна бояд мубориза бурд?» тренинг баргузор намуд. Ҳадафи чорабинӣ ғамхорӣ ва боло бурдани некӯаҳволии ҳимоятгарони ҳуқуқест, ки бо шиканҷа мубориза мебаранд.
Иштирокчиёни чорабинӣ ҳудуди 20 нафар кормандон дар самти ҳимояи ҳуқуқ, аз ҷумла кормандони ташкилотҳои узви Эътилофи зидди шиканҷа буданд. Ба ҳайси тренер равоншинос Элина Антонова, ки дар ин самт таҷрибаи бисёрсола дорад, баромад намуд.
"Мо воқеаҳои осебрасонро дар ҳаёти одамон ва қиссаҳои пур аз дардро мешунавему дар ҷараёни офиятбахшӣ ҳамдардӣ мекунем. Эҳтимолияти таъсири осеби ногувор (викарная травма) ба одамоне, ки ҳисси баланди ҳамдардӣ доранду дарди бегонаро ба худ қабул мекунанд, зиёд аст. Аз ин рӯ, барои одамоне, ки дар самти кумакрасонӣ фаъолият мебаранд, гузаштан аз омӯзиши мувофиқи равонӣ муҳим аст, то ҳангоми кор бо онҳое, ки осеби равониро аз сар гузаронидаанд, бо эҳсосоти худ дуруст мубориза баранд»,- зикр мекунанд ташкилкунандагони тренинг.
МАЪЛУМОТ: Осеби ногувор (викарная травма) - ин истилоҳест, ки барои тавсифи таъсири кори мутахассисон бо мизоҷони осебдида ба худи онҳо истифода бурда мешавад. Яъне, осеби ногувор як навъ стресс аст, ки вақте шахс шоҳиди ранҷу азоби дигарон мегардаду бо онҳо ҳамдард мешавад, рух медиҳад. Осеби ногуворро баъзан стресси дуюмдараҷа низ мегӯянд, зеро он стрессе аст, ки шахс аз рухдодҳои марбути дигарон мегирад.