Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрванди зидди шиканҷа ва беҷазоӣ  дарТоҷикистон, тамоми тоҷиконро бо 28 солагии истиқлолияти давлатӣ табрик менамояд!  Мо ба ҳама орзуи осмони соф, иҷрои ҳамаи хоҳишҳо, шукуфоӣ ва осудагии оиларо мехоҳем. Саломату сарбаланд бошед!                  

09.09.2019 - 09:09

Муҳтарам Бобоҷон Ҷамолзода! Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Шумо ва кулли ҳайати шахсии Гвардияи Миллиро ба муносибати иди касбӣ - Рӯзи Гвардияи Миллӣ табрик мегӯяд. 3-юми сентябр аз рӯзи таъсиси Гвардияи Миллии Тоҷикистон 24 сол пур мешавад ва мо якҷоя бо Шумо хотираи хизматчиёни ҳарбиеро, ки ҳангоми иҷрои қарзи хизматиашон дар солҳои истиқлолияти Ҷумҳурии...

03.09.2019 - 09:58

24-уми августи соли 2019 Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо адвокатҳои шаҳри Панҷакент вохӯрӣ гузаронд. Дар ҷараёни вохӯрӣ масоили омӯзонидани механизмҳои миллӣ ва байналмилалии мубориза бар зидди истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмона мавриди баҳс қарор гирифта, механизмҳои кӯмак ба қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона баррасӣ гардиданд....

29.08.2019 - 14:26

Ду маъмури милиса, ки ба шиканҷаи сокини Душанбе Умед Ҳикоятов муттаҳам буданд, ба ҷойи кори худ баргаштаанд. Яке сардор ва дувумӣ корманди як шуъбачаи идораи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ шудааст. Вакили мудофеи Ҳикоятов ин тасмимро нодуруст номид ва гуфт, ба Додситонии кул шикоят мекунад. Як манбаъ дар мақомоти умури дохилии Тоҷикистон рӯзи 27-уми август ба Радиои Озодӣ тасдиқ кард, ки...

27.08.2019 - 12:46

Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ  таҳти шиканҷаву таҳдиди кормандони пулис гуноҳро ба гардан гирифтааст. Алиҷони 15-сола, сокини ноҳияи Варзоб, ки дар куштори ду нафар муттаҳам мешавад, ба пайвандонаш гуфтааст, ӯ таҳти шиканҷа ва таҳдиди кормандони милиса гуноҳро ба гардан гирифтааст. Пайвандони Алиҷон Ализода,...

26.08.2019 - 14:58

Ду маъмури милиса, ки дар латту кӯби Умед Ҳикоятов, сокини 38-солаи шаҳри Душанбе муттаҳаманд, дар куҷо ҳастанд? Дар хориҷа ё дохили кишвар? Эътилофи созмонҳои зидди шиканҷа посухи ин суолро аз нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон пурсидааст. Пештар мақомоти Додситонии ноҳияи Фирдавсии пойтахт гуфта буданд, ки Сафар Додаров ва Зубайдулло Сангинмуродзода -- ду милисаи гумонбар -- аз кишвар берун...

22.08.2019 - 15:34

Бобоҷон Раҳимов, сарбози пешини нерӯҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, иддао дорад, ки ҳангоми хидмат дар артиш маъюбу дастнигар шудааст. Мақомот мегӯянд, Бобоҷон Раҳимов ҳангоми дарс дар қисми низомӣ якбора ба сактаи ҳароммағз гирифтор шуд. Ин ҷавони 20-сола аз ноҳияи Восеъ моҳи октябри соли 2017-ум ба хидмат рафт ва моҳи ноябри ҳамон сол дар шифохона бистарӣ шуд. Табибон...

20.08.2019 - 15:42

Рӯзи кормандони соҳаи тандурустӣ муборак! Ҳамасола 18-уми август Рӯзи кормандони соҳаи тандурустии Тоҷикистон, ки ба зодрӯзи олими тоҷику форс, файласуф ва табиби машҳур Абӯалӣ ибни Сино бахшида шудааст, таҷлил мегардад. Роҳбари ТҶ «Солимии ҷомеа ва ҳуқуқи инсон» - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Таҳмина Саидова чунин мешуморад, ки фаҳмиши...

16.08.2019 - 10:35

Панҷ нафар бо ариза ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат намуда, аз истифодаи шиканҷа нисбати наздикони маҳбусашон шикоят кардаанд. Онҳо дар аризаи худ аз ҷумла навиштаанд: «Ба Шумо маълум менамоем, ки наздиконамон бо содир намудани ҷиноятҳои гуногун дар колонияи ислоҳии низомаш сахти №3/3-и Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд адои ҷазо мекарданд. Санаи 07...

14.08.2019 - 10:53

Имрӯз, 9-уми август, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар асоси муроҷиати ҳамсари маҳбус Ҷобир Раҳматуллои Раҷаб баҳри баррасии қазия ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон муроҷиат намуд. Ин муроҷиатро ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» аз номи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба Ваколатдор ирсол кардааст,...

09.08.2019 - 17:59

Страницы