Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Қиссаи Хуршед Бобокалонови 33 –сола, духтури онкологи ҷавон, бомаҳорат, умедбахш аз дигар чунин ҳодисаҳое, ки ҳангоми дастгир кардан ё дар ҳабс рӯй додаанд, каме фарқ мекунад. Марги ӯ басо беҳӯда ва фоҷиабор буд...
Яке аз рӯзҳои шанбеи фасли тобистон, рӯзи 27 июни соли 2009 буд. Тамоми кишвар ҷашни навбатии Рӯзи ваҳдати миллиро таҷлил менамуд. Маркази пойтахт таҳти посбонии пурзӯри кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дошт, бисёр ҷойҳои шаҳр иҳота ва таҳти посбонӣ гирифта шуда буданд, зеро бегоҳӣ дар марказ консерти идона бахшида ба ҷашни 15 солагии Ваҳдати миллӣ баргузор мешуд.
Хуршед, ҷавони зебои қавиҷусса, баъди машқ дар даст борхалтаи (сумкаи) варзишӣ аз варзишгоҳ баромад. Ӯ ба қисми мошингарди хиёбони марказии шаҳр равона шуд, то ки таксӣ боздошт карда, ба хона равад. Касе аз кормандони милитсия дағалона ӯро ҷеғ зад, Хуршед чунин муносибатро нисбати шаъну эътибори худ раво надониста, ҷавоб надод. Бинобар ин, вақте ки кормандони милитсия наздиктар омада, бо ҳамин гуна дағалӣ талаб карданд, ки ӯ борхалтаашро кушояд, Хуршед итоат накард. Баъди чанд муддат ҷавонро аллакай ба мошини милитсия тела карда дароварданд, тавре ки баъдтар мегӯянд- “барои муқобилият нишон додан ба кормандони милитсия ва бо мақсади гузаронидани ташхиси (экспертизаи) наркологӣ барои муайян кардани ҳолати мастӣ аз машрубот”. Дар айни ҳол шоҳидон нақл мекунанд, ки зӯри муҳофизони тартибот ба ҷавони паҳлавонҷусса нарасид ва ӯро калтаккӯб ва мушкӯбӣ карданд. Вақте ки баъди чанд дақиқа мошин ба ҳавлии шӯъбаи милитсия ворид шуд, Хуршед аллакай мурда буд.
Аз хулосаи экспертизаи (ташхиси) тиббии судӣ: “Ҳалокати Бобокалонов Х. бар асари асфиксияи механикӣ дар натиҷаи баста шудани роҳҳои нафас аз моеъи қай фаро расидааст, дар ин бора мавҷудияти моеъи қай дар роҳҳои нафас, эмфиземаи шадиди шуш ва дил (доғи Тардие), якбора аз хун пур шудани узвҳои дарунӣ, камхунии испурч, доғҳои зиёди ҷасад шаҳодат медиҳанд.Ҳамчунин экспертиза ҷароҳатҳои зерини ҷисмониро ошкор намуд: ҷойҳои харошидагӣ дар қисмати ҳар ду зону ва бандҳои зону, қисмати пушти панҷаи дасти рост, қисмати пешонӣ аз тарафи чап, қисмати хобаки сар аз тарафи рост. Хислати ҷароҳатҳои рӯи ҷойҳои харошидагӣ намнок буда, асос медиҳад, чунин шуморида шавад, ки онҳо бар асари амали предметҳои кунд андаке пеш аз марг ба вуҷуд омадаанд”.
Пас аз якчанд рӯз, 6 июл, прокуратураи ноҳияи И.Сомонӣ аз рӯи моддаи “Аз беэҳтиётӣ ба марг расонидан”, ки дар намуди маҳрум кардан аз озодӣ ба мӯҳлати аз ду то панҷ сол ҷазо пешбинӣ менамояд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд. Гуё, адолат бояд тантана мекард, ва шахсоне, ки ҷиноят содир карда буданд, қатъиян тибқи қонун ҷавоб мегӯянд. Вале баъди ду моҳ, 5 сентябр, бо қарори муфаттиш парвандаи ҷиноятӣ қатъ карда шуд. Баъдан ба туфайли истодагарии модари Хуршед ва адвокати онҳо, моҳи октябри ҳамон сол парванда барқарор карда шуд, аммо, пас аз як моҳ муфаттиш қарор намуд тафтишотро “бинобар муқаррар карда нашудани шахсоне, ки ба марги Бобокалонов Х. шарик мебошанд” қатъ кунад.
Баъдан аз ин арзу шикоятҳои сершуморе ба Прокуратураи генералӣ ворид гардиданд, ва ниҳоят, моҳи ноябри соли 2011 тафтиши парвандаи ҷиноятӣ аз рӯи ҳамон модда дубора оғоз карда шуд.
Тибқи суханони адвокати тарафи ҷабрдида Гулчеҳра Холматова, баъди дуюним сол дар доираи тафтишоти барқароргардида аз ҷониби коршиносони мустақил экспертизаи гистологӣ ва экспертизаи тиббии судии комиссионӣ гузаронида шуд. Дар ҷараёни гузаронидани ин экспертизаҳо (ташхисҳо) ихтилофот бо он натиҷаҳои экспертизае, ки дар аввал ба аввал ба даст оварда шуда буданд, ошкор карда шуданд. Ҳамчунин маълум гардид, ки натиҷаҳои таҷзияи (ташхиси) хуни Бобокалонов Х. нобуд карда шудаанд, дар бойгонӣ (архив) қайдҳо нигоҳ дошта нашудаанд, дар натиҷаи ин муайян кардани он, ки изҳои хун дар либосҳои Хуршед, ки дар лаҳзаи марг дар тани ӯ буданд, ба кӣ тааллуқ доранд, ғайриимкон аст.
Ҳамаи нуқтаҳои зикргардида, ба он асос шуданд тахмин карда шавад, ки хулосаи экспертизаи тиббии судии аввала нодуруст аст, ва тафтишоти ба ин далелҳо асосёфта ба роҳи ғалат рафтааст, натиҷаҳои он қалбакӣ (сохтакорӣ) карда шудаанд ва версияи асосии хулосаи аввала оид ба он, ки Хуршед дар натиҷаи асфиксия бо моеъи қай ҳалок шудааст, ба ҳақиқат мутобиқат намекунад.
Аз хулосаҳои комиссияи экспертӣ: “ ... Сабаби бевоситаи марги Бобокалонов Х. халалдоршавии марговари тапиши дил шудааст.. Б аритмияи марговар маҷмӯи омилҳои зерин боис шудаанд:фаъолияти ҷисмонии шадид;шиддати ногаҳонии психологию рӯҳӣ – стресс; дар муддати 5-6 дақиқа дар фазои маҳдуди қисман сарбаста қарор доштан (қисмати мошини посбонии милитсия барои интиқоли дастгиршудагон, ки аслан ба он ҳаво намедарояд)”.
Моҳи июни соли 2012, пас аз се соли баъди марги Хуршед, озмоиши тафтишотӣ гузаронида шуд. Тақрибан ҳодисаи фоҷиавии ҳамон бегоҳӣ рӯйдода барқарор карда шуд – ҳамон мошини милитсия омад, дар атроф он ҷавононе буданд, ки ҳамон вақт ҳамроҳи Хуршед буданд.
Умед ба он буд, ки Прокуратураи генералии Тоҷикистон хулосаҳои экспертизаи нав гузаронидашударо холисона баҳо медиҳад, бори дигар ҳамаи ҳолатҳои парвандаи ҷиноятиро баррасӣ менамояд, ва, ба ҳар ҳол, тафтишоти беғаразонаи марги фоҷиавии Хуршед Бобокалоновро мегузаронад, ниҳоят, сабабҳои воқеии ҳалокати ӯро маълум мекунад ва гунаҳкороронро ошкор менамояд.
Вале, афсӯс... Гунаҳкорони марги Хуршед ҳамин тавр муқаррар карда нашуданд. Ҳеҷ кас барои зӯроварӣ ва истибдоди милитсия ҷазо дода нашуд. Аммо, мадари тасаллинопазир дар ҳар сурат, пас аз чанд соли баъди фоҷиавор канда шудани риштаи ҳаёти писари ягонааш, ҳанӯз ҳам ба барқароркунии парванда ва баррасии холисонаи он умеди худро аз даст надодааст.
Саодат Кулиева, модари Хуршед Бобокалонов, остонаҳои Пракуратураи генералиро дар ҷустуҷӯи адолат ва ҷазои қонунӣ барои онҳое, ки тавре ӯ мегӯяд, “ҷаллодон дар либоси хизматӣ” хӯрда кардааст. Дар яке аз аризаҳои навбатии худ моҳи апрели соли 2011 ӯ менависад: “...Ягон муроҷиати ман, бо илтимоси баррасии нақши ҷинояткоронаи кормандони Вазорати корҳои дохилӣ дар марги писари ман, воқеъбинона (беғаразона) баррасӣ карда нашуд. Аз рӯзи фоҷеа як солу даҳ моҳ гузашт, вале ягон мансабдор дар содир кардани ҷиноят ё ақаллан қасдан вайрон кардани ӯҳдадориҳои хизматии худ гунаҳгор карда нашудааст. Дар асл, тафтишот вақти зиёдро танҳо ба он сарф кард, ки ҳарчи зудтар бидуни ягон оқибат барои ҷаллодон аз Вазорати корҳои дохилӣ таҳқиқоти худро ба анҷом расонад. Ҳама бо ҷавобҳои қолабӣ халос шуданд, прокуратураи ноҳиявӣ дар ҳолати беамалии ҷиноятӣ қарор дошт, ва ба тафтишот монеъ мешуд. Баёноти бардурӯғи шоҳидон ҳамчун асли воқеа пешниҳод карда шуданд. Барои пӯшонидани далелҳои аслӣ ва ҳолатҳои воқеии марги писари ман чораҳо андешида шуданд.
Ба назари ман, ба прокуратура, ки бояд бо беқонунӣ мубориза барад, лозим аст, ҷиноятеро, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содир кардаанд, пинҳон накунад, балкиба онҳо мувофиқи қонун ҷазои қатъӣ диҳад. Қотилони писари ман бошад, таҳти ҳимояти қонун ва мақоми баланд, ҷиноятҳои даҳшатноктарин содир мекунанд- одамони бегуноҳро лату кӯб мекунанд ва мекушанд, боварии моро ба адолат, ба ҳимояи қонун, ба он, ки мо дар давлати қонунӣ (ҳуқуқбунёд), на дар олами ваҳш, ки дар он барои зинда мондан мубориза бояд бурд, зиндагӣ мекунем, нобуд мекунанд”.
Моҳи январи соли 2013 ман Саодат Кулиеваро вохӯрӣ намудам. Дар чашмони ӯ – андӯҳи тасвирнопазир, афсурдагӣ ва ашк. Ва ба хотир мақоле меояд: “ Марде, ки занашро аз даст додааст, бевамард. Зане, ки шавҳарашро аз даст додааст – бевазан. Вале барои тавсифи падар ё модаре, ки фарзандашро аз даст додааст, ҳанӯз ном вуҷуд надорад, зеро барои тасвир кардани ин дард сухан оҷиз аст”...
Ҳоло ӯ дар олами дигар, аллакай дар олами ғайривоқеии хотирот аз писари худ зиндагӣ мекунад. Оре, барои ӯ танҳо онҳо боқӣ мондаанд, хотироте, ки ба ӯ қувват мебахшанд минбаъд зиндагӣ кунад ва таслим нашавад.
Саодат ҳӯшу хаёли худро ба як ҷо монда, ба нақл кардан дар бораи писари худ оғоз намуд. “Соли 1976 барои ман бо он хотирмон аст, ки писарам, Хуршед таваллуд шуд. Баробари ба дунё омаданаш, ӯ ҳамаи мо падару модар ва хешовандони наздики худро хеле хушнуд кард. Ӯ кӯдаки фавқулодда базеб буд, дар иҳотаи меҳру муҳаббат ва ғамхорӣ қарор дошт, писарбачаи хеле зирак буд. Аллакай дар синни панҷсолагӣ Хуршед метавонист озодона шеърҳои Корней Чуковский, Агния Барто ва дигар адибони бачагонро хонад ва аз аввал то ба охир аз ёд гуяд.Ин ҳоло дар замони ҳозира касеро бо “пешрафтагии” кӯдакони синни томактабӣ дар ҳайрат намегузорӣ.Вале дар он солҳо ин гуна ҳодисаҳо чандон зиёд набуданд.Баъдтар низ Хуршед истеъдоди барҷастаи худро нишон дод. Дар синфҳои Дар синфхои ибтидои у аълохон буд. То ба хол ман медали когазии Хуршедро, ки у онро тибки натичаи пурсиши — ки дар синф аз ҳама донотар аст, гирифта буд, бо худ нигоҳ медорам. Тамоми синф якдилона овоз доданд, ки аз ҳама доно — Хуршед. Аз синни хурдсолӣ Хуршед ба маҳфили шоҳмот мерафт ва дар шоҳмот метавонист бобояшро мағлуб кунад, ба тениси рӯимизӣ машғул буд, дар мусобиқаҳои сафари иштирок мекард, футболбозӣ мекард.
Хуршед мактабро бо баҳои хуб хатм кард. Ба институти тиббӣ дохил шуд, духтури дипломдор шуд. Ӯ касби худро дӯст медошт. Мо метавонистем соатҳо муҳокима кунем, ки рӯзи навбатӣ дарҷойи кор чӣ хел гузашт. Ӯ барои беморони худ хеле ғам мехӯрд ва метавонист шаби дароз ба тафсил дар бораи онҳо нақл карда, тамоми раванди табобатро таҳлил намояд.Ӯ ҳамеша ҳама чизро ба ман нақл мекард. Ман фикр мекунам, ки мову ӯ дӯстони самимӣ будем. Ман иншои мактабии ӯро дар мавзуи «Дӯсти ман», ки ӯ дар он маро — модари худро дӯсти аз ҳама беҳтарин меномад ва хар як сухан дар он барои ман хеле пурарзиш мебошад, то имрӯз нигоҳ медор ам.
Самими нахоҳад буд, агар гӯям, ки дар ҳаёти мо ҳама чиз софу беғубор буд, писари ман кӯдаки фаришта набуд. Албатта, ҳолатҳое буданд, ки ӯ бо рафтори беандешамандонаи худ маро сахт кулфат медод, ҳолатхое буданд, ки рафтори ӯ ҳамаи мо, хешовандони наздикро сахт ранҷур мекард. Вале мо дар ҳар сурат ӯро дӯст медоштем. Ҳоло дар хотираи ман танҳо он рафторҳои ӯ боқӣ мондаанд, ки метавонистанд маро хушнуд созанд. Ман метавонам мисолҳои зиёде орам, ки чӣ тавр Хуршед нисбати ман ва одамони наздики худ ғамхорӣ зоҳир мекард. Ӯ маро аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ҳифз мекард: хоҳ рӯбучини квартира бошад, ё хоҳ ба бозор барои озуқаворӣ рафтан бошад. Агар худро нағз ҳис намекардам, ӯ бо сӯзандору ва доруҳо шитобон давида ба наздам меомад.
Ин қадар тасхиркунанда ӯ маро бо рӯзи таваллудам табрик мекард. Сол аз сол, пагоҳии барвақт, аз ҳама аввал шуда, ӯ ба ман ҳамон қадар гули садбарг меовард, ки ҳамонсола шуда будам. Ва 55 гули садбарги барои ман овардаи ӯ охирин буданд...
Ӯ тасаввур карда наметавонист, ки рузҳои истироҳат хабар нагирифтани бобои дӯстдоштааш, ки дар канори шаҳр зиндагӣ мекунад, мумкин бошад. Ҳамаи ин изҳори ғамхорӣ барои ман беандоза азизанд.
Ман ҳеҷ гоҳ худро барои он намебахшам, ки қалби ман мусибати бо фарзанди ман дар фосилаи панҷ дақиқа роҳ аз хонаи ман руйдодаро ҳис накард. Ман худро барои он маломат мекунам, ки фарзандамро тавре тарбия кардам, ки боғуруру сарбаланд бошад, дар сурати бегуноҳ набудан, дар пеши касе сар хам накунад.Шахсеро танҳо барои мансабаш эҳтиром кардан ба ӯ бегона буд, ва ӯ барои сар хам накарданаш ҳаёти худро қурбон кард.
Бо вуҷуди Хуршедро дӯст доштанам, эҳтимол, ман нисбати ӯ аз ҳад зиёд сахтгир будам, то ки дар ӯ сифатҳои мардиро тарбият кунам. Ман ҳамеша мехостам ӯро аз чизе эмин дорам. Байни мо ҳамин тавр буд, ки ӯ хамеша маро огоҳ мекард, ки ба кучо меравад, кадом вақт бармегардад, ҳатто вақте ки ба амалиёти ҷарроҳӣ медаромад, маро хабардор мекард, ки ҷарроҳӣ ин қадар вақтро мегирад.
Ман ҳамаи ҳодисаҳои бо Хуршед алоқаманд бударо андаке бесару нӯг тасвир карда истодаам, вале фикр мекунам, ки ҳолати маро мефаҳмед. Ба модар дар бораи писари худ дар замони гузашта сухан гуфтан мушкил аст. Писари дорои истеъдоди нодир, дар рӯҳияи анъанаҳои ҳақиқатан хонаводагӣ тарбиятёфта, дӯстдори ватани худ, оиладори ҳалиму меҳрубонро ба воя расонию, дар натиҷаи беқонунии дар кишвар ҳукмрон, фасод будани сохторҳои ҳокимият ӯро аз даст диҳӣ — магар бо ин муросо кардан мумкин аст?
Зиндагӣ мекунаму дар бораи он фикр мекунам, ки офтоб мебарояду ғуруб мекунад, барф ба борон иваз мешавад, одамон дар атроф саросема ва дар давуғеҷанд, кӯдакон ханда мекунанд.
Ҳамааш мисли муқаррарӣ… Ҳеҷ чиз гуё дар ин дунё тағйир наёфтааст, вале Хуршеди ман дар он нест. Нест, ва дигар ҳеҷ гоҳ нахоҳад буд. Намеояд, маро ба оғӯш намегирад, дигар ҳеҷ гоҳ «Оча..» гуфта фарёд намекунад. Ман бошам, очаи бадбахти ӯ, зиндаам ва ҳатто девона ҳам нашудаам, аммо танҳо ҳаёт дигар барои ман ҳеҷ гуна маъние надорад. Хонаи ман, ки ӯ зуд-зуд ба он меомад, ва он барои ӯ қароргоҳи оромиш аз ҳама гуна проблемаҳои зиндагӣ буд, дигар гуё вуҷуд надорад. Ман оҳиста-оҳиста аз ғаму андуҳ барои ӯ мемирам, аз ин хам бештар барои он мемирам, ки худам танҳо сӯгворӣ мекунам.
Акнун, баъди марги фочиавии писарам, ман аллакай дигар ҳеҷ гоҳ наметавонам ӯро ба оғӯш бигирам, сарашро сила кунам, ба ӯ суханони навозишу меҳрубонӣ бигӯям. Ҳамаи инро ман дар вақти зинда будани у кардан мехостам, вале худро ҷиддӣ мегирифтаму, бо ӯ ҳамчун бо марди комилан болиғ гап мезадам, ба ӯ одоби рафтори дурустро меомухтам. Ман фикр мекардам, ки мо дар пеш вақти зиёд дорем. Ва ман боз фурсат меёбам, ки ба писарам меҳру муҳаббати худро нишон дода, ӯро новозиш кунам. Писарам чунин қоидаҳои муносибатро қабул намуда, ба гапи ман гӯш мекард. Медонам, писарам мефаҳмид‚ ки модар ӯро хеле дӯст медорад ва мехоҳад, ки ҳамааш ҳарчи хубтар бошад. Солҳои охир Хуршед хусусан бузургтар шуд, дилам меболид, ки ӯ инсони шоиста шудааст, мехостам ӯро таъриф кунам, вале ман, ҳануз ҳам, аз бими он, ки «аз ҳад нагузаронам», ӯро чандон таърифи зиёд намекардам.
О Худоё! Агар лаҳзае ҳангоми дар ҳаёт буданаш тасаввур карда метавонистам, ки ман ӯро аз даст медиҳам!... Мо аксар вақтҳо аз нобасомониҳои зиндагӣ сахт андӯҳгин мешавем. Лаҳзае андеша намоед, ки фарзандони шумо зиндаву солиманд, ба онҳо меҳру муҳаббат ва фаҳмиши шумо лозим аст, ва шумо дарк мекунед, ки ҳамаи чизҳои боқимонда чандон аҳамият надоранд...
Ҳоло бинобар ғаму андуҳи бузург ман арзишҳои инсониро басо равшану возеҳтар дарк мекунам ва ба ҳамаи онҳое, ки ин сатрҳоро мехонанд, муроҷиат менамоям: наздикони худро ҳар лаҳзаи ҳаёти худ дӯст доред.
27 июни соли 2009 риштаи ҳаёти фарзанди ягонаи ман ба таври фоҷиавӣ канда шуд. Ин сиёҳтарин рӯзе буд, ки тамоми ҳаёти маро барбод дод. Инак аллакай зиёда аз се сол мешавад, ки Хуршед нест. Ӯ ҷавони хуб, ҳалиму меҳрубон буд, вале ҳаёти заминии ӯ хеле кӯтоҳ будааст. Ӯ мисли ин ки гӯё дарро пӯшида баромада рафт, ман бошам дар хона танҳо бо худ, бо ҳама суханҳои ногуфта мондам. Ӯ зиндагиро дӯст медошт, ӯ моро дӯст медошт ва хушбахтӣ мехост.
Хуршед дар қабристоне ба хок супурда шуд, ки он ҷо модари ман хуфтааст, ва, шукри худо, ӯ надид, ки набераи дӯстдоштааш дар чӣ гуна ҳолат аз дунё даргузашт. Ман ба ин ҷо бисёр меоям ва медонам, ки ӯ дар ин ҷост, ӯ дар наздикӣ аст ва ин ба ман қувват мебахшад, ки минбаъд на барои худ, балки барои кӯдакони калоншудаистодаи ӯ зиндагӣ кунам. Фоҷеа рӯзи шанбе рӯй дод, ва ман ҳар шанбе ба аёдати ӯ меравам, ва ба ӯ мегӯям: «То дидор, писарам, то вохӯрӣ дар он ҷо, ҷое, ки дарду ранҷ вучуд надорад. Хуршед, дар он дунё вомехӯрем‚ ту пеш аз ман ба он ҷо рафтӣ, қисматат ҳамин будааст, ки ту ҳамаи моро дар он ҷо пешвоз гирӣ — онҳоеро, ки туро ба хок супурданд, ва онҳоеро низ, ки туро куштанд. Хеле мехоҳам, ки онҳое, ки туро куштанд, дасташон бо хуни ту олуда бошад ва онҳо ҳеҷ гоҳ онро шуста натавонанд». Аз он рӯз инҷониб ман шанберо нағз намебинам...
Хуршед дар умри кӯтоҳи худ тавонист бисёр корҳоро ба сомон расонад. Ӯ дар қалби одамони зиёд хотираи неки худро боқӣ гузошт. Писараш Диёр, айнан ба Хуршед монанд, ва духтарчааш Динора ба воя мерасанд, онҳо ҳамеша метавонанд бо падари худ ифтихор кунанд. Ба ашёҳое‚ ки Хуршед ба онхо ҳатто алоқамандии бавосита дошт, даст расонда, дар пеши чашмонам симои дурахшони писарам — кӯдак, мактаббача, донишҷӯй, падари Диёр ва Динора — чунон наздик ва чунин дур, пайдо мешавад.
Баъди ба хок супурдани писари худ (ӯро дар зодгоҳи падару модараш дафн карданд), ман чил рӯз натавонистам ба хонаи худ баргардам. Ман тасаввур мекардам, ки ҳамон лаҳзае, ки ба хонаи худ медароям, симои барои ман азиз бояд дар рӯ ба рӯям пайдо шавад. Ва бо хоҳиши ман, то ба хонаи худ баргаштанам, ҳамкорони ман портрети (акси) бузурги андозааш аз фарш то сақфи Хуршеди табассум дар лабонашро фармуданд. Дар тамоми квартира аксҳои ӯ гузошта ва овезон карда шудаанд. Акнун ӯ барои ман абадӣ зинда аст ва ман хамеша ӯро мебинам. Ман чизҳои ӯро, ки то ба ҳол аз онҳо бӯи ӯ меояд, бо худ нигоҳ медорам. Ӯ на танҳо дар ҳар як кунҷи қалби ман, балки дар ҳар як кунҷи хонаи ман низ зиндагӣ мекунад. Ба остонаи хонаи худ қадам гузошта, ман ба хотираҳои бепоён дар бораи ӯ фурӯ меравам.
Дар ислом, мисли динхои дигари дунё, одамон ба сари қабри наздикон мераванд. Ҳар бор, ба қабристон омада, одами зинда кӯшиш мекунад он далелеро дарк намояд, ки марг барои ҳар яки мо ногузир аст. Хуршед, албатта, инро хеле хуб мефаҳмид ва гузаро будани умри худро «дар ин олами фонӣ» оромона дарк мекард.
Шояд, барои ҳамин ӯ дар лаҳзаҳои охирини ҳаёти худ, вақте ки бо зуҳуроти тоқатнопазири истибдоди ҳукуматдорон, на қонуншикании муқаррарӣ, балки беқонунии гурӯҳи муташаккил, ҷинояткории шахсони дар хизмати давлатӣ қарордошта рӯ ба рӯ шуд, беэхтиётона часур ва ҷиддан адолатхоҳ буд.
Ман мегӯям, ки чи тавре ки Худо амр накарда бошад хам, ин ДУРУСТ НЕСТ, вақте ки бобо набераи худ, модар писари худро мегӯронад. Ман фарёд кардан мехохам, ки ин ДУРУСТ НЕСТ, вакте ки одамро барои сар нафуровардан мекушанд.
Парвандаи ҷиноятӣ нисбати марги Хуршед Бобокалонов 6-уми июли соли 2009 оғоз карда шуда буд, аммо то ҳол ба анҷом нарасидааст. Талошҳои усуворонаи модари ў ва адвокатҳо маълум мекунанд, ки чӣ воқеа рух дод ва ҷавобгарии марги ўро кӣ бар дўш дорад, натиҷае надод. Тафтишот чанд маротиба боздоштаву аз нав оғоз карда шуд. Модари ў дарк намуд, ки мақомот барои маълум сохтани гунаҳгор/ҳо иқдом намекунанд ва бо дастрас насохтани маълумот дар бораи тафтишоту ҷавоб нагардонидан ба мактубҳои адвокаташ, ҳамкориро бо ў рад мекунанд. То имрўз барои марги Хуршед Бобокалонов касе ба ҷавобгарӣ ҷалб карда нашудааст.