Кумитаи зидди шиканҷаи СММ аз дастрасӣ ба ёрии тиббӣ дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ дар Тоҷикистон нигарон аст

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ҷамъбастии худро аз рӯйи баррасии гузориши даврии чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр намуд.

Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, баррасӣ шуд. Мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул карда шуданд.

Ёрии тиббӣ дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс

Дар мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ оид ба гузориши даврии чоруми Тоҷикистон Кумитаи зидди шиканҷаи СММ ба масъалаи расонидани ёрии тиббӣ дар ҷойҳои нигоҳдорӣ дар ҳабс таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд.

Кумита зикр намуд, ки хадамоти тиббии системаи пенитенсиарӣ чун қабл зери тобеияти Вазорати адлия қарор дорад ва дастрасӣ ба ёрии зарурии тиббӣ, аз ҷумла хизматрасониҳо дар самти солимии равонӣ, кормандони тиб ва воситаҳои дорувории махсусгардонидашуда дар як қатор тавқифгоҳҳои тафтишотӣ ва муассисаҳои ислоҳӣ нокифоя боқӣ мемонад.

Ҳамзамон, Кумита чораҳои аз ҷониби давлат андешидашуда, аз ҷумла таъсиси воҳидҳои тиббӣ дар ҳамаи муассисаҳои ислоҳӣ ва ҷалби мутахассисони тиббии беруниро ба назар гирифт.

Инчунин, коршиносони Кумита аз боқӣ мондани моддаи 101-и Кодекси ҷиноятӣ дар қонунгузорӣ, ки табобати ҳатмии шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва истифодабарандаи воситаҳои нашъадор ё машруботро пешбинӣ мекунад, изҳори нигаронӣ намуданд. Кумита зикр намуд, ки сарфи назар аз коҳиш ёфтани ҳолатҳои татбиқи ин модда ва амалан қатъ гардидани чунин таҷриба, амал кардани ин меъёри ҳуқуқӣ идома дорад.

Мавзуи дигари боиси нигаронӣ вуҷуд надоштани барномаҳои коҳиши зарар ва хизматрасониҳои табобатӣ барои шахсони гирифтори вобастагӣ аз моддаҳои психоактивӣ дар системаи пенитенсиарӣ буд.

Ҳамзамон Кумита тадбирҳои андешидашударо ҷиҳати пешгирӣ, табобату нигоҳубини шахсони гирифтори ВИЧ/СПИД ва бемории сил дар тавқифгоҳҳои тафтишотиву муассисаҳои ислоҳӣ мусбат арзёбӣ намуд. Миёни онҳо - гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ барои кормандон ва маҳкумшудагон, маъракаҳои санҷиши ихтиёрӣ, инчунин беҳтар намудани таҷҳизоти техникии хадамоти тиббӣ ҷой доранд.

Тавсияҳои Кумита

Кумита ба Тоҷикистон тавсия дод, ки талошҳои худро барои таъмини дастрасӣ ба ёрии муносиби тиббӣ дар ҳамаи ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, аз ҷумла ёрии махсусгардонидашудаи тиббӣ тақвият бахшида, инчунин муассисаҳоро бо таҷҳизоти зарурии тиббӣ ва воситаҳои доруворӣ таъмин намояд.

Ба ғайр аз ин, ба давлат пешниҳод гардид, ки тамоми чораҳои заруриро барои афзалият додан ба табобати ихтиёрии шахсони дар ҳабс қарордошта, ки аз вобастагӣ ба маводи нашъаовар ё машрубот ранҷ мебаранд, андешад. Ба андешаи Кумита, чунин табобат бояд ба ризоияти озодона ва огоҳона асос ёфта, бо пешниҳоди хизматрасониҳои муносиб оид ба коҳиши зарар ва табобати вобастагӣ, аз ҷумла табобати ивазкунанда, инчунин барномаҳои офиятбахшии иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ ҳамроҳ бошад.

Кумита инчунин тавсия дод, ки ҳангоми татбиқи сиёсати пенитенсиарӣ ва ҷиноятӣ вобаста ба воситаҳои нашъадор принсипҳо ва дастурҳои байналмилалӣ дар самти ҳуқуқи инсон ба инобат гирифта шаванд.

Матлаб дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҳия шудааст. Чорабинии мазкур ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои мавҷудаи ҳимоя аз шиканҷа ва имкониятҳои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагон равона гардидааст.

NotortureTj