Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Кумитаи зидди шиканҷаи СММ мулоҳизаҳои ҷамъбастии худро пас аз баррасии гузориши даврии чоруми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои Конвенсияи зидди шиканҷа нашр намуд.
Гузориши Тоҷикистон дар ҷаласаҳои 2238 ва 2241-уми Кумита, ки 14 ва 15-уми апрели соли 2026 баргузор гардиданд, мавриди баррасӣ қарор гирифт. Мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ 27-уми апрели соли 2026 дар ҷаласаи 2256-уми Кумита қабул шуданд.
Масъалаҳое, ки таҳти назорати минбаъда қарор доранд
Дар мулоҳизаҳои ҷамъбастии қаблии худ Кумита аз Тоҷикистон хоҳиш карда буд, ки оид ба тадбирҳои андешидашуда барои иҷрои тавсияҳо дар як қатор самтҳо, аз ҷумла тафтиши ҳолатҳои шиканҷа, таъмини кафолатҳои асосии ҳуқуқӣ, инчунин пешгирии муносибатҳои ғайриоинномавӣ, муносибати бераҳмона ва шиканҷа дар қувваҳои мусаллаҳ маълумот пешниҳод намояд.
Кумита қайд намуд, ки давлати иштирокчӣ 12-уми августи соли 2021 ва 25-уми июли соли 2022 ҷавобҳоро ба маълумоти дархостшуда пешниҳод кардааст. Ҳамчунин, номаи Гузоришгари Кумита оид ба чораҳои минбаъда вобаста ба мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ аз 4-уми майи соли 2022, маълумоти дар гузориши даврии чоруми Тоҷикистон ҷойгиршуда ва ҷавобҳо ба маҷмуи саволҳо ба инобат гирифта шудаанд.
Аз рӯйи натиҷаи баррасии маводҳои пешниҳодшуда Кумита ба хулоса омад, ки тавсияҳои пешниҳодгардида дар мавриди натиҷаҳои давраи қаблии ҳисоботдиҳӣ танҳо қисман иҷро шудаанд.
Кумита зикр намуд, ки масъалаҳои ҳанӯз ҳалнашуда дар бандҳои 10-11, 14-15 ва 42-43-и мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ баррасӣ мегарданд.
Тартиби амалҳои минбаъда
Кумита аз Тоҷикистон хоҳиш намуд, ки то 1-уми майи соли 2027 оид ба иҷрои тавсияҳо вобаста ба тафтиши ҳолатҳои шиканҷа ва муносибати бераҳмона, шароити нигоҳдорӣ дар ҳабс, ҳолатҳои фавт дар ҷойҳои нигоҳдорӣ, инчунин мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ маълумоти иловагӣ пешниҳод намояд.
Ғайр аз ин, ба давлати иштирокчӣ пешниҳод гардид, ки Кумитаро дар бораи нақшаҳои амалисозии дигар тавсияҳои дар мулоҳизаҳои ҷамъбастӣ зикршуда дар давраи навбатии ҳисоботдиҳӣ огоҳ созад.
Матлаб дар доираи маъракаи иттилоотӣ бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа таҳия шудааст. Чорабинии мазкур ба боло бурдани сатҳи огоҳӣ дар бораи ҳуқуқҳои инсон, механизмҳои мавҷудаи ҳимоя аз шиканҷа ва имкониятҳои дастрас намудани ёрии ҳуқуқӣ барои ҷабрдидагон равона гардидааст.