Марг дар роҳи амалӣ кардани орзу

Қиссаҳоеро ба шумо пешкаш менамоем, ки оид ба қисмати фоҷиавии сенздаҳ сарбози дар артиш қурбонии шиканҷа ё “меҳтарсолорӣ” гардида, ки дар китоби “Қиссаи 13 сарбоз, ё орзуҳои барбодрафта” (муаллифон Ҷамшед Маъруфов ва Гузал Маҳкамова, муҳарир – Фазлиддин Хоҷаев) ҷой гирифтаанд, нақл мекунанд.

Китоб аз ҷониби ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” бо мусоидати Эътилофи зидди шиканҷа бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа -  26-уми июн омода карда шудааст.

Гузаронидани чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи қурбониёни шиканҷа дар доираи лоиҳаи "Тақвияти амалҳои пешгирии шиканҷа ва дастгирии ташкилотҳои ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ", бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ амалӣ карда шудааст.

Марг дар роҳи амалӣ кардани орзу

Парвиз орзу дошт, ки милиса шаваду муҳофизи қонун бошад. Аммо дохил шудан ба Академияи ВКД ба ӯ муяссар нагардид. Тасмим гирифт, ки бо роҳи дигар ба мақсад расад ва ихтиёрӣ пойафзоли бароҳатро ба пойафзоли низомӣ иваз кард. Пас аз як соли хизмат хост, ки ӯро ба қисми ҳарбии ноҳияи дурдаст гузаронанд. Фикр мекард, ки ин ҳама ба ӯ барои расидан ба орзуяш кумак мерасонад...

Парвиз дар оила писари дӯстошта буд. Аз хурдӣ орзу дошт, ки корманди милиса шавад, барои ҳамин, баъди хатми мактаб ба пойтахт рафт. Мехост ба Академияи ВКД дохил шавад. Аммо аз муоинаи тиббӣ нагузашт. Маълум шуд, ки қадаш мувофиқ набудааст. Ҷавон аз ин бисёр ғамгин гашт, аммо касе ба ӯ мегӯяд, ки ба хизмати ҳарбӣ раваду билети ҳарбӣ гирад ва шояд тавонад бо ин восита корманди милиса шавад.

Моҳи октябри соли 2013 Парвиз бо хоҳиши худаш ба остонаи комиссариати ҳарбӣ қадам гузошт. Даъватшуда ба қисми низомии Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) фиристода шуд. Ҳамааш хуб ба назар мерасид. Ду бор ба дидорбинии волидайн омад. Содиқона хизмат мекард, то хислатномаи хуб гираду ба орзуи худ наздик шавад. Аз ҷониби сардорҳо танҳо тавсифномаҳои хуб мегирифт.

Тасмими навбатиашро низ Парвиз мустақилона гирифт. Пас аз як соли хизмат дар Қӯрғонтеппа ба Тавилдара, ба қисми низомӣ дар деҳаи дурдасти Сағирдашт гузаронида шуд. Шароит дар ин ноҳияи надики Помир нисбат ба ҷои пештараи хизмат бадтару вазнинтар буд. Аммо ӯ қарор дод, ки аз ҳамаи ин санҷишҳо дар роҳи орзуяш гузарад.

… То «меҳтарӣ» тамоман кам, ду моҳ монда буд. Парвиз ба пайвандонаш занг зада, хурсандона оид ба «сад рӯз»-и худ хабар дод, ки дар ҳаёти сарбоз воқеаи деринтизор маҳсуб меёбад. «Садрӯза» - ин сад рӯз то фармон дар бораи меҳтаршавӣ аст. Меҳтарҳо дар ин марҳила бо дафтарчаи кисагӣ таъмин мешаванд, ки ҳар рӯзи гузаронидаашонро дар он қайд мекунанд…

13-уми июли соли 2015. Волидони Парвиз дар кор буданд ва вақте ба хона баргаштанд, назди дарвоза хешовандону ҳамсояҳо, инчунин мошини ёрии таъҷилиро диданд. «Шояд фишори хусурам боз баланд шудааст»,- фикр кард Мукаррам Дустматова - модари Парвиз.

Кадоме аз ҳамсояҳо ба ӯ наздик шуд, аз дасташ гирифт ва хоҳиш кард, ки худро ба даст гирад. «Охир, чӣ гап аст? Чӣ ҳодиса рух додааст?»,- бо тааҷҷуб пурсид зан. Дар ин лаҳза аз мошини назди хона қароргирифта низомиён фаромадаву гуфтанд, ки писари ӯ Парвиз аз бом афтода, вафот кардааст. «Баъди чанд муддат ҷасади ӯро оварданд. Дигар чизеро дар ёд надорам…»,- нақл кард Мукаррам.

Бародар ва шавҳар ҷасади Парвизро шуста, захмҳои кордро мушоҳида карданд. Шубҳае намонд, ки сарбозро куштаанд. Аммо чӣ ҳодиса рух додааст, касе чизе шарҳ надод.

Баъдан маълум гардид, ки миёни Парвиз ва ҳамхизматон муноқиша ба амал омада, ба занозанӣ мерасонад. Ҳамхизмат дар ғояти ғазаб аз киса кордро берун мекашад ва ба қафаси синаи Парвиз зарба мезанад. Захмро бо даст доштаву бо кӯшиши тариқи чунин роҳ кам кардани хунравӣ сарбоз бо тамоми қувва то нуқтаи тиббӣ медавад. Фелдшерҳо фавран ӯро ба амбулаторияи деҳотӣ мерасонанд.

«Парвизро дар ҳолати вазнин ба назди мо оварданд. Мо барои нигоҳубини беморони вазнин шароит надорем. Ягона коре, ки он вақт аз дасти ман омад, - фишори хунашро санҷидам. Ӯ хуни бисёрро аз даст дод ва фишораш паст шудан гирифт. Дар хотир дорам, ки ӯ об хост. Чад қулт об нӯшид ва фавтид»,- ба ёд меорад ҳамшираи шафқат аз нуқтаи тиббии деҳотӣ.

Мурофиаи судӣ дар шаҳри Душанбе доир гардид. Сарбозе, ки Парвизро ба ҳалокат расонида буд, ба муҳлати 8 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд.

«Орзуям ҳамин аст, ки ҳеҷ модаре дар рӯи замин он чизеро, ки ман аз сар гузаронидам, набинад, фарзандашро аз даст надиҳад. Ин талафоти хеле сангин аст. Аз  давлат бошад, хоҳиш мекунам, ки аз болои низоми хизмат назорат барад, то муносибатҳои ғайриоинномавӣ вуҷуд надошта бошанду фарзандони мо дар замони осоишта ҳалок нагарданд»,- гуфт Мукаррам Дустматова.

NoTorture.Tj