Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон

Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба амалисозии лоиҳае оғоз намуд, ки ба таҳкими ҳимояи ҳуқуқии шаҳрвандон, баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ дар бораи ҳуқуқи инсон ва рушди механизмҳои пешгирии шиканҷаву муносибати бераҳмона равона шудааст.
Лоиҳа дар доираи афзалиятҳои Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳимояи ҳуқуқи инсон барои давраи то соли 2038, инчунин бо дарназардошти тавсияҳои Кумитаи зидди шиканҷаи СММ, ки соли 2026 ба Тоҷикистон баҳри таҳкими пешгирии шиканҷа, баланд бардоштани самаранокии механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва рушди маърифати ҳуқуқии аҳолӣ пешниҳод шудаанд, амалӣ мегардад.
Дар доираи лоиҳа таҳия ва паҳн намудани матолиби иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи инсон ва механизмҳои ҳимоя аз шиканҷа, гузаронидани вебинарҳои онлайнӣ бо иштироки ҳуқуқшиносон ва коршиносон, инчунин ташкили машваратҳои ҳуқуқии ройгон барои шаҳрвандон пешбинӣ шудааст.
Татбиқи лоиҳа ба баланд бардоштани сатҳи саводнокии ҳуқуқии аҳолӣ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилоот ва ёрии ҳуқуқӣ, таҳкими эътимод ба механизмҳои ҳимояи ҳуқуқи инсон ва рушди фарҳанги таҳаммулнопазирии сифрӣ нисбати шиканҷа ва муносибати бераҳмона мусоидат хоҳад кард.
Лоиҳа аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Ҳуқуқи дастрас» бо дастгирии Шарикии байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (IPHR) ва Фонди Зигрид Раузинг (Sigrid Rausing Trust) амалӣ карда мешавад.