Машваратҳои ҳуқуқии сайёр ва эдвокасии COVID-19 дар Бохтар, Ҳисор ва Турсунзода

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Коллегияи адвокатҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 6-уми декабр дар Бохтар, инчунин коршиносони Эътилоф дар НТМ (шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода) машваратҳои ройгони ҳуқуқии сайёр расониданд.

Чорабиниҳо дар доираи иқдоми 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон баргузор гардиданд.

6-уми декабри соли 2021 аз соати 9:00 то 11:00 дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон ва НТМ, дар шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон, ки ҳамасола 10-уми декабр қайд карда мешавад, машваратҳои ҳуқуқии сайёр гузаронида шуданд.

Машваратҳо аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ташкил гардиданд. Ба шаҳрвандон оид ба муносибатҳои ҳуқуқӣ ва масоили ҳуқуқи инсон машварати ҳуқуқӣ пешниҳод карда шуд.

Диққати шаҳрвандонро асосан масоили ҳуқуқҳои оилавӣ ва ҳуқуқи кӯдакон дар давраи пандемия, инчунин ҳуқуқ ба манзил ҷалб намуда, донишҷӯён дар самти муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ ва ҳуқуқҳои муҳоҷирон саволҳо пешниҳод карданд. Хуқуқшиносон ба шаҳрвандон ҳуқуқи инсон ба озодӣ аз шиканҷа ва ѓуломиро шарҳ доданд. Инчунин, ҳуқуқшиносон ва адвокатҳо ба саволҳои дорои хислати иҷтимоӣ посух гардонида, ба шаҳрвандон уҳдадориҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, ҳамзамон ҳуқуқ ба муроҷиат барои ҳимояи ҳуқуқҳоро шарҳ доданд.

Ҳангоми расонидани машваратҳои ҳуқуқӣ шаҳрвандон зикр намуданд, ки барои ба даст овардани машваратҳои касбии ҳуқуқӣ душворӣ эҳсос мекарданд ва барои машваратҳои ҳуқуқии ройгон расонидашуда изҳори сипос намуданд. Ба ҳама иштирокдорони чорабинӣ воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 (ниқобҳои тиббӣ ва антисептикҳо) тақсим карда шуданд.

Қайд кардан зарур аст, ки ҳангоми гузаронидани чорабинии мазкур иштирокдорон тавсияҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуданд, аз ҷумла аз воситаҳои ҳимояти шахсӣ аз COVID-19 истифода бурданд (ниқобҳо, дастпӯшакҳо, антисептикҳо ва масофаи иҷтимоиро риоя карданд).

Гузаронидани чорабинӣ бо дастгирии молиявии Фонди Зигрид Раузинг имконпазир гардид.

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо мо бипайвандед, то аз ҳама хабарҳову аксияҳо огоҳ бошед!

Facebook: https://www.facebook.com/notorture.tj

Twitter: https://twitter.com/NoTorturetj

Soundcloud: https://soundcloud.com/notorture-tj

Youtube: https://www.youtube.com/channel/UCWfjfabt9tacFgj-rcJZqtw

Odnoklassniki: https://ok.ru/group/54476259131498

Телеграм: http://t.me/notorturetj

Инстаграм: notorture.tj

NoTorture.Tj