Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дастгирии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи «Ҳаракат барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон»-ро оғоз кард. Мақсади умумии лоиҳа решакан намудани шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона дар Тоҷикистон аст. Ҳамоҳангсози минтақавии лоиҳа Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон (Полша) буда, ба амалисозии он чор ташкилоти...

02.05.2017 - 10:10

Як гуруҳ модарон дар пайи ҳалокати сержант Эҳсон Илчибеков, зодаи ноҳияи Рушон дар шаҳри Душанбе хостори таъмини тартибот дар қисмҳои низомии кишвар гардиданд.  Дар муроҷиатномаи модарон аз ноҳияи Рӯшон ба Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ки нусхаи он дастраси "Озодагон" шуд, омадааст, ки аз соли 1993 то ҳол дар қисмҳои низомии кишвар дар пайи бемасъулиятию бенизомиҳои...

01.05.2017 - 16:12

Рӯзи 28-уми апрел дар шаҳри Душанбе вохӯрии кории адвокатҳои иттифоқи адвокатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамкорӣ бо созмонҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа доир гардид. Гулчеҳра Холматова, намояндаи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон гуфт, ки “мақсади вохӯрии мо ҳамкорӣ бо адвокатҳои ҷумҳурӣ ва ҷалб намудани онҳо барои иштирок дар парвандаҳо...

01.05.2017 - 16:02

Фирӯз Бобиев, омӯзгори 22-сола ва донишҷӯи соли чаҳоруми бахши ғоибона дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, рӯзи 26 апрел, вақте дар мактаби рақами 57-и ноҳияи Восеъ ба хонандагон дарс мегуфт, аз сӯи намояндагони комиссариати ҳарбии ноҳия “ба таври иҷборӣ” ба хидмати ҳарбӣ фиристода шудааст.  Наздикони Фирӯз рӯзи 29 апрел дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, ки “онҳо галстук ва телефону бӯрро аз...

29.04.2017 - 14:15

Иттиҳоди Аврупо (ИА) маблағгузории лоиҳаи «Муттаҳидсозии кўшишҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба мониторинги иҷроиши уҳдадориҳои милливу байналмилалии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон»-ро дар доираи барномаи «Воситаи аврупоӣ дар самти демократия ва ҳуқуқи инсон» (ВАДҲИ) оғоз намуд. Шарикони лоиҳа Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон (Белгия) (шарики асосии лоиҳа), фонди ҷамъиятии "Нотабене" ва...

29.04.2017 - 09:45

Додгоҳи низомии вилояти Хатлон Алишери Абдуқодир, прапоршики қисми марзбонии 03 07 воқеъ дар ноҳияи Ҳамадониро дар иртибот ба марги ҳамхизматаш Умедҷон Ҳасанов муҷрим ва ба мудати 2 сол маҳкум кард. Ин парванда дар авохири моҳи март ба додгоҳ рафта буд ва додгоҳ ҳукми ниҳоии худ дар робита ба ин парвандаро рӯзи 13 апрел содир кард. Муҷозоти Алишери Абдуқодир тавассути додгоҳ дар ҳолест, ки дар...

28.04.2017 - 10:58

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ба муносибати Рўзи байналмилалии озодии сухан рўзноманигорон ва воситаҳои ахбори оммаи дар инъикоси масоили шиканҷа фаъолро бо диплом ва мукофотҳо қадрдонӣ намояд. Ба диплому мукофот рўзноманигороне сазовор дониста мешаванд, ки пайваста қазияҳои вобаста ба шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмонаву...

25.04.2017 - 18:32

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон силсилаи вохӯриҳои иттилотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар оид ба ҳуқуқҳои боздоштшудагон ва нафароне, ки дар ҳабс қарор доранд, идома медиҳад. Аз 10-уми март то 15-уми апрели имсол 10 вохӯрии иттилоотонӣ гузаронида шуд: ШВКД Фирдавсӣ-2 ва ШВКД Сино-2 (10-уми март), ШВКД Рӯдакӣ ва ШВКД Ҳисор (17-уми март),...

24.04.2017 - 17:15

Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе як сарбоз ва ду афсарро дар қатли Эҳсон Элчибеков, сарбози қисми низомии 06870–и Вазорати дифои Тоҷикистон муҷрим шинохт.  Бо ҳукми додрас Наҷмиддин Лоиқзода сарбоз Сайёдҷон Асоев бар пояи моддаи 373, қисми 2-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон 12,5 сол равонаи зиндон шуд. Ду афсари дигар Саидмуҳаммад Саъдулоев ва...

21.04.2017 - 12:04

Комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор ба далели сарпечӣ ва фирор аз хидмати ҳарбӣ, ба хонаи Орзуҷон Мӯсоев огоҳӣ бурдааст. Наздикони ин сокини 19-солаи деҳаи Баракати ноҳияи Ҳисор дар куҷо будани писарашонро намедонанд, аммо масъулони комиссариати ҳарбӣ мегӯянд, ки Орзуҷон Мӯсоев аз хидмати ҳарбӣ пинҳон шудааст. Сардори мизи ҳарбии ҷамоати Мирзо Турсунзодаи ноҳияи Ҳисор, ки худро Акбар ...

20.04.2017 - 12:50

Страницы