Article Pages

Ҳамаи он чӣ, ки дар бораи боздошт бояд донист - кадом асосҳо барои ин вуҷуд доранд, ба шумо боздошткунанда чиро бояд шарҳ диҳад ва чи тавр рафтор кунед - дар инфографикаи мо. Инфографика аз ҷониби мутахассисони Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дастаи www.alifbo.com омода шудааст. 

23.12.2019 - 14:36

Ёддошти мо дар он хусус аст, ки агар шумо қурбонии шиканҷа ё муносибати бераҳмона шудед, чӣ кор бояд кунед. Инфографика аз ҷониби мутахассисони Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ва дастаи www.alifbo.com омода шудааст.

23.12.2019 - 14:29

Ирониддини Аҳлиддин, яке аз чаҳор корманди пешини Раёсати умури дохилии Душанбе, ки рӯзи 16-уми декабр ба зиндон маҳкум шуданд, эҳтимолан фирор кардааст. Ӯро бар асоси чаҳор моддаи Кодекси ҷиноӣ – "шиканҷа", "вайрон намудани дахлнопазирии манзил", "баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ" ва "ғайриқонунӣ дасггир ё ҳабс намудан" гунаҳкор донистанд. Ирониддини Аҳлиддин ба фарқ аз се ҳамроҳи дигараш...

19.12.2019 - 22:06

Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 16-уми декабр чаҳор милисаи муттаҳам ба шиканҷаи боздоштшудаҳоро аз ҳафт то ҳабдаҳ сол зиндонӣ кард. Вакилони мудофеи маҳкумшудаҳо гуфтанд, аз ҳукми додгоҳ розӣ нестанд ва нисбат ба нафарони зери ҳимояташон ноадолатӣ сурат гирифтааст. Қаблан 18 нафар аз сокинони Душанбе шикоят карда буданд, ки чаҳор корманди пешини идораи корҳои дохилии Душанбе ҳангоми боздошт ва ба...

16.12.2019 - 20:51

Рӯзи сешанбе, 10-уми декабр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар қаҳвахонаи «Паркинг» дар доираи аксияи “Якҷоя барои ҳуқуқи инсон” бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day) бозии зеҳнии “Хитоба оид ба ҳуқуқ”-ро гузаронид. Бозӣ аз се давра иборат буд. Дар чорабинӣ даҳ дастаи ҳар кадом 5-6-нафарӣ иштирок карданд. Зиёда аз 70 нафар хонандагони мактаб,...

10.12.2019 - 20:50

Агар шумо ҷонибдори риоя шудани ҳуқуқи инсон бошед ва ҳуқуқу озодиҳои инсонро арзиши воло шуморед, пас метавонед аз хэштеги #Якҷоябароиҳуқуқиинсон  ва  #ЭътилофизиддишиканҷадарТоҷикистон дар зери шарҳу бознашрҳоятон аз матолиби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон истифода бубаред.           

10.12.2019 - 19:52

Рӯзи душанбе, 9-уми декабр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар чор ноҳияи пойтахт дар доираи аксияи «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day) дар марказҳои савдои пойтахт флешмоб ва викторина гузаронид. Дар арафаи Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day), 9-уми декабр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар...

10.12.2019 - 11:20

Рӯзи сешанбе, 10-уми декабр, дар барномаи мустақими рӯзонаи «Меҳмони студия» дар радиои Asia-Plus дар доираи чорабинии «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон ҳуқуқшиносон ба суолҳои радиошунавандагон посух гуфтанд. 10-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон (Human Rights Day)-ро қайд кард. Дар доираи аксияи “Якҷоя барои ҳуқуқи инсон”, ки аз...

09.12.2019 - 23:29

Душанбе, 9-уми декабри соли 2019. Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» аз номи Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар доираи ҳамкорӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин мониторинги муассисаҳои пенитенсиарӣ дар Тоҷикистонро гузаронид. Ҳадафи мониторинг амалисозии усулҳои коркард ва мубориза бо экстремизм ва...

09.12.2019 - 22:00

Тибқи қарори 47/3-и Ассамблеяи Генералии СММ аз 14-уми октябри соли 1992, ҳамасола 3-юми декабр дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии маъюбон қайд карда мешавад. Мақсади он пешбурди ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият дар тамоми самтҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, инчунин ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеа ба мушкилоти шахсони дорои маъюбият ба шумор меравад. Хурсандиовар аст, ки дар Тоҷикистон қайд кардани ин...

03.12.2019 - 14:54

Страницы