Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Рӯзи душанбе, 9-уми декабр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар чор ноҳияи пойтахт дар доираи аксияи «Якҷоя барои ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day) дар марказҳои савдои пойтахт флешмоб ва викторина гузаронид.
Дар арафаи Рӯзи ҳуқуқи инсон (Human Rights Day), 9-уми декабр, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар чор ноҳияи пойтахт дар мавзуи ҳуқуқи инсон флешмоб ва викторина гузаронид. Аз ҷумла, чорабиниҳо дар ноҳияи И. Сомонӣ (дар маҷмааи савдои «Рӯдакӣ Плаза»), дар ноҳияи Шоҳмансур (дар маҷмааи савдои «Душанбе Молл» (Гипермаркети Ашан)), дар ноҳияи Сино (дар маҷмааи савдои «Саодат») ва дар ноҳияи Фирдавсӣ (дар маҷмааи савдои «Содот») гузаронида шуданд.
Дар чорабиниҳо волонтёрҳо, иштирокчиёни аввалин Академияи ҳуқуқи ВАО дар Тоҷикистон дар моҳи август ва коромӯзони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» иштироки фаъол доштанд. Волонтёрҳо дар бораи таърихи Рӯзи ҳуқуқи инсон нақл карданд, инчунин буклетҳои иттилоотии аз ҷониби гуруҳҳои гуногун омодашударо тақсим намуданд ва дар тақсими буклетҳои ташкилотҳои узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон саҳм гузоштанд.
«Мо аз баромадани шумо ба кӯчаҳо хеле ҳайрон шудем ва маълумот оид ба Рӯзи ҳуқуқи инсонро дониста гирифтем,- мегӯяд сокини пойтахт Санавбар Олимова.- Воқеан, ман намедонистам, ки чунин рӯз ҳаст ва махсусан 10-уми декабр қайд карда мешавад. Барои ман ин хеле ғайриинтизор ва ҷолиб буд. Акнун хоҳам донист!».
Ба гуфтаи ташкилкунандагон, ғояи флешмоб - ин боло бурдани иттилоотнокии аҳолӣ оид ба ҳуқуқи инсон, фаъолияти ташкилотҳои ҳуқуқҳимоякунанда, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба масоили ҳимояи ҳуқуқи инсон аст.
Сарфи назар аз ҳавои абрноку сард, иштирокдорони викторинаҳо дар марказҳои савдо кам набуданд.
Суолҳоро барои доираи зеҳнӣ, ки дар он боздидкардагони марказҳои савдо иштирок намуданд, ҳуқуқшиносони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва волонтёрҳо - иштирокчиёни моҳи августии Академияи ҳуқуқи ВАО тартиб додаанд.
Намояндагони синну соли гуногун дар викторина иштирок карданд. Онҳо хонандагони синфҳои болоӣ, донишҷӯён, одамони синну соли миёнаи дорои ихтисосҳои гуногун буданд. Ба иштирокчиёни викторина вобаста аз туҳфаи арзишманди бурдшаванда посух додан ба чор суоли сатҳҳои мухталифи мураккабӣ пешниҳод гардида буд.
Ба сифати туҳфаи хотиравӣ иштирокчиёни викторина пуркунандаи қувва (PowerBank, 10 дона), термоистакон (40 дона) ва мукофоти асосӣ - дарзмоли бисёрсифата (8 дона) гирифтанд. Ҳар кадоми туҳфаҳои хотиравӣ рамзи аксия ва Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистонро доштанд.
«Дар чунин чорабинӣ ман бори аввал аст, ки иштирок мекунам. Ин аксияи дуруст аст ва ман куллан фаъолону ҳимоятгарони ҳуқуқро дастгирӣ мекунам. Бо истифода аз фурсати муносиб, мехоҳам тамоми нафарони ғамхор, онҳоеро, ки барои кӯмак ба дигарон вақташонро дареғ намедоранд ва онҳоеро, ки фаъолияташон бо ин рисолати олӣ - ҳифзи ҳуқуқи инсон пайванд аст, табрик гӯям. Ба шарофати 71 сол пеш қабул гардидани Эъломияи умумии ҳуқуқи башар, ки ҳоло ҳам кодекси асосӣ дар самти ҳуқуқу озодӣ номида мешавад, тоҷикистониҳо ба бартараф намудани монеаҳо, берун шудан аз ҳолатҳои гӯё ноумедӣ ва кӯмак ба одамон муваффақ мегарданд»,- мегӯяд донишҷӯи консерватория Акобирхон.
«Ҳар сол 10-уми декабр Рӯзи ҳуқуқи инсонро қариб дар тамоми дунё қайд мекунанд,- мегӯяд сокини пойтахт Таҳмина Аҳрорзода.- Ва имрӯз ҳатто душвор аст тасаввур кардан, ки чӣ корҳое амалӣ нашуданд, то ин ҳуҷҷати асосии ҷаҳонӣ оид ба ҳуқуқи инсон ба вуҷуд ояд. Эъломияи ҳуқуқи инсон - ин сӣ банди хеле дақиқест, ки ҳуқуқҳои асосӣ ва озодии ҳар як сокини сайёраи мо - шахсӣ, шаҳрвандӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангиро инъикос мекунанд. Эъломияи умумӣ то ҳол ҳамчун кодекси асосии одамият дар самти ҳуқуқ ва озодӣ боқӣ мондааст, ки ба одамон имконият медиҳад, то ба адолат даст ёбанд».