Article Pages

Дар Суди вилояти Хатлон мурофиаи судӣ нисбати корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири ШВКД Маҳмадулло Идиев бо ҷурми он, ки ҳангоми боздошт сокини маҳаллӣ Толиб Дӯстов вафот кард, идома дорад. Дар ҷараёни мубоҳисаи ҷонибҳо прокурор Мирзо Қурбонзода аз суд дархост намуд, ки судшаванда - корманди фаврии шуъбаи мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддири...

08.06.2018 - 17:55

Рӯзи 13-уми июн соати 9:00 дар Суди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе таҳти назари раисикунанда судя Мирзо Одиназода аризаи ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» ва адвокат Абдураҳмон Шарипов нисбати Прокуратураи генералӣ баррасӣ мегардад. Бояд гуфт, ташкилоти ҷамъиятии мазкур ва адвокат оид ба парвандаи Исмонбой Бобоеви дар соли 2010 ҳангоми боздошт аз ҷониби РМЗҶМ-и Суғд дар натиҷаи...

07.06.2018 - 13:00

Модари як сарбозе, ки чанд моҳи пеш писараш бар асари латукӯб ҷон дод, дар мурофиаи додгоҳӣ қотили фарзандашро бахшидааст. Ин амали Навбаҳор Суюнова -- сокини шаҳри Леваканд, ки ҳанӯз доғи фарзанд бар сина дорад, бисёриҳо, бавижа сарбозонро ҳайратзада кард. Муҳсинхӯҷа Султонов, ки барои қатли Ҳасан Каримов аз сӯи додгоҳ ба 10 сол зиндон маҳкум шуд, дар мурофиа гуфтааст, ки пас аз адои мӯҳлати...

05.06.2018 - 08:40

Наздикони як марзбони 21-сола, ки 10 рӯз пеш аз анҷоми хидматаш ба ҳалокат расидааст, мехоҳанд, додгоҳ омилони марги ӯро ҷазои сахт бидиҳад. Волидони Мазбутҷон Мансуров, ки моҳи март ҳалок шуд, мегӯянд, ду соли зиндони шартӣ барои яке аз афсарон, ки бар марги писараш гунаҳкор дониста шуд, ҷазои бисёр сабук аст. Онҳо мехоҳанд, Додгоҳи олӣ қазияро бознигарӣ карда, омилони марги писари...

05.06.2018 - 08:26

Бо таъиноти судяи Суди Олӣ парвандаи се нафар шаҳрванди Тоҷикистон боздошта ва барои санҷиш дар самти шиканҷа ба Прокуратураи генералӣ ирсол карда шудааст. Дар ин бора адвокат Ориф Султонов, ки аз чониби ташкилоти ҷамъиятии “Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон”, ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шаканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон мебошад, ҷалб гардидааст - иттилоъ дода, афзуд, ки «...

01.06.2018 - 16:37

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар арафаи Рўзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳар сол 26-уми июн таҷлил мегардад, миёни рўзноманигорон барои беҳтарин тадқиқоти журналистӣ дар мавзуи шиканҷа ва муносибати бераҳмона дар кишвар озмун эълон мекунад. Муаллифони се матлаби беҳтарин бо диплом ва туҳфаҳои арзишманд мукофотонида мешаванд. Шартҳои озмун...

01.06.2018 - 12:01

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳар сол 26-уми июн таҷлил мегардад, барои беҳтарин логотип ва шиори Эътилоф озмун эълон мекунад. Нафари ғолиб бо диплом ва туҳфаи арзишманд мукофотонида мешавад. Мақсади озмун - коркарди логотип (рамз) ва шиор дар шакли рамзӣ, ки ҳадафҳои асосӣ, вазифаҳо ва самти...

01.06.2018 - 12:01

Кумитаи мубориза зидди шиканҷаи Созмони Милали Муттаҳид баъди беш аз бист рӯзи гузориши намояндагони Тоҷикистон дар Женева чанд талоши кишварро барои маҳви ин зуҳурот муҳим донист, аммо айни замон эроду нигарониҳои худро дар як посухи катбӣ баён кард. Матни он рӯзи 28-уми май ба мақомоти тоҷик ирсол ва ҳам дар вебсайти Эътилофи зидди шиканҷа дар Тоҷикистон нашр шуд. 89 шикоят, 4 ҷавобгарӣ...

29.05.2018 - 10:15

Сокини деҳаи Тосқалъаи ноҳияи Восеъ Ҳасан Оев, падари Сайидакбари Ҳасан - наваскари 22-солае, ки як моҳ қабл аз шаҳри Кӯлоб ба хизмати ҳарбӣ бурданду дирӯз, 27-уми май, ҷасадашро дар зодгоҳ ба волидон супурданд, мегӯяд, писараш мавриди латукӯб ва шиканҷаи “дедҳо”-и қисми низомӣ қарор гирифтааст. Номбурда, ки омӯзгори собиқадор аст, имрӯз дар суҳбат бо faraj.tj замоне, ки гиря гулӯгираш мекарду...

29.05.2018 - 09:57

Мудири як мактаби деҳаи дурдасте дар Тоҷикистон баъди ҷалби маҷбурии омӯзгори 19-солаи мактаб аз амалкарди комиссариати ҳарбӣ ба додситонии низомӣ шикоят бурдааст. Гулнора Хоҷаева, мудири мактаб рӯзи 25-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, афсарони ин ниҳод Шамсулло Султонов, омӯзгори 19-солаи таърихро ҳангоми дарс ва бо шеваи баде дастгир карда ва ба артиш бурдаанд, ки хилофи қонун аст. “...

26.05.2018 - 09:25

Страницы