Article Pages

Унсури муҳими системаи мубориза бо шиканҷа сабти саривақтӣ ва мустақили изҳои зӯроварӣ мебошад. Чунин кафолат дар қонунгузории Тоҷикистон, аз ҷумла дар моддаи 32-и Қонун "Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда" пешбинӣ гардидааст. Меъёри мазкур тартиби махсусро барои ҳолатҳое муқаррар мекунад, ки маълумот дар бораи истифодаи зӯроварӣ...

10.04.2026 - 15:39

Кафолатҳои мурофиавии ҳимоя аз шиканҷа дар мурофиаи ҷиноятӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар уҳдадориҳои байналмилалии кишвар муқаррар гардидаанд. Онҳо ба пешгирии муносибати бераҳмона, таъмини волоияти қонун ва ҳимояи шаъну шарафи инсон равона карда шудаанд. Мувофиқи моддаи 11-и Кодекси мурофиавии...

10.04.2026 - 10:01

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Чораҳои амниятӣ ва дастгирии иҷтимоӣ барои иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ дар кадом асос ва бо кадом тартиб татбиқ ва бекор карда мешаванд? ПОСУХ: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии...

09.04.2026 - 16:07

Манъи истифодаи далелҳое, ки бо истифода аз шиканҷа ё дигар усулҳои ғайриқонунӣ ба даст оварда шудаанд, яке аз унсурҳои асосии ҳимояи ҳуқуқи инсон дар мурофиаи ҷиноятӣ ба шумор меравад. Дар қонунгузории Тоҷикистон ин кафолат дар моддаи 88-и Кодекси мурофиавии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Тибқи ин меъёр, далелҳое, ки ҳангоми бозпурсӣ ё тафтишоти пешакӣ бо истифодаи зӯроварӣ, фишор, расонидани...

09.04.2026 - 12:02

Манъи шиканҷа яке аз принсипҳои асосии ҳуқуқи муосир буда, хусусияти мутлақ дорад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри таъмини риояи ин принсип назорати прокурорӣ нақши калидӣ мебозад, ки ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини волоияти қонун ва пешгирии қонуншиканиҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шудааст. Асоси ҳуқуқии фаъолияти мақомоти прокуратура Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва...

08.04.2026 - 15:42

Ташкилоти ҷамъиятии “Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии ҳуқуқи инсон (IPHR) ва бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо амалисозии лоиҳаи "Дастгирии фаъолиятҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ барои пешбурди волоияти қонун барои ҳама дар Тоҷикистон"-ро оғоз кард. Ин ташаббус ба тақвияти нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пешбурди адолати судӣ, идоракунии демократӣ ва шартҳои волоияти қонун...

07.04.2026 - 10:30

Дафтари Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тақвияти механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин таъмини назорати риояи онҳо аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдор таъсис дода шудааст. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти он дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки 20-уми марти соли 2008...

06.04.2026 - 12:42

Ҳуқуқдон бошед! Дар бахши “Саволу ҷавоб” ҳуқуқшиносони Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ба саволҳои хонандагон посух медиҳанд. САВОЛ: Оё гузаронидани тадқиқоти илмӣ, аз ҷумла тиббӣ бо шахси маҳкумшуда, ҳатто бо розигии ӯ мумкин аст? ПОСУХ: Не, мутобиқи меъёрҳои моддаи 10-и Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҳкумшударо азобу шиканҷа додан ё нисбат...

06.04.2026 - 10:41

Мушкилоти шиканҷа ва муносибати бераҳмона яке аз мушкилоти ҷиддитарин барои системаи ҳуқуқии Тоҷикистон боқӣ мемонад. Сарфи назар аз мавҷудияти заминаи рушдёфтаи меъёрӣ, масъалаи татбиқи амалии ин меъёрҳо таваҷҷуҳ талаб мекунад. Моддаи 18-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад: «Ҳеҷ кас набояд мавриди шиканҷа, муносибати бераҳмона, ваҳшиёна ё пастзанандаи шаъну шараф қарор гирад...

03.04.2026 - 14:13

Шиканҷа ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ дар қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таркибҳои алоҳидаи ҷиноятҳо буда, як қатор фарқиятҳо доранд. Соли 2012 ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи алоҳидаи 143¹ ворид карда шуд, ки барои шиканҷа ҷавобгарӣ пешбинӣ мекунад. Тибқи ин меъёр шиканҷа ҳамчун қасдан расонидани дарди ҷисмонӣ ё ранҷу азоби рӯҳӣ аз ҷониби шахсе, ки дар...

02.04.2026 - 12:32

Страницы