Article Pages

Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт. Як манбаъ аз Додситонии шаҳри Душанбе рӯзи 2-юми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қазия таҳти назари бевоситаи додситони шаҳр тафтиш мешавад, вале ҳанӯз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, чун ҳоло ташхис ба марҳилаи ниҳоӣ нарасидааст. "Ҳуқуқ ва беҳбудӣ" ба хонаводаи...

03.04.2018 - 11:04

Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кӯлоб, мегӯянд, ҷасади ӯро пас аз як рӯзи боздошт аз тарафи маъмурони милиса бо осори латту кӯб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини кӯчаи Чармгарони шаҳри Кӯлоб муваққатан дар пойтахт мезист. То ба ҳол мақомоти расмӣ далели боздошт ва марги ӯро шарҳ надодаанд. Аммо хонаводааш иддао доранд, ки Абдурасул Назаров бе ягон сабаб ба...

30.03.2018 - 15:02

Ҳамоҳангсозии лоиҳа оид ба пешбурди Протоколи Истамбулии Эътилофро ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бар уҳда дорад. 30-юми октябри соли 2017 бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ ба хотири амалисозии Нақшаи миллии фаъолият барои иҷро намудани тавсияҳои давлатҳои узви Шӯрои СММ оид ба ҳуқуқи инсон мувофиқи Гузориши даврии универсалӣ (даври дуюм) барои солҳои 2017-2020 дар самти...

28.03.2018 - 19:46

Фаъолияти Гуруҳ оид ба кӯмаки ҳуқуқӣ ба пешбурди таъсиси системаи таваҷҷуҳи самаранок ба шиколятҳо аз шиканҷаву муносибати бераҳмона ва таҳқиқи мустақилонаи шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо оид ба расонидани кӯмаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст. Барои муайян намудани ҳудудҳои истифодаи шиканҷа ҳуҷҷатгузории ҳолатҳои шиканҷа...

28.03.2018 - 19:33

Инъикоси ҳолатҳои истифодаи шиканҷа ва раванди мурофиаҳои судӣ барои ҷалби таваҷҷуҳи доираи васеи ҷомеа, мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои милливу байналмилалӣ ба ин масъала ва муттаҳидсозии талошҳои онҳо баҳри мубориза бо шиканҷа ва беҷазоӣ мусоидат мекунад. Фаъолияти Гуруҳи расонаӣ ба инъикоси системавии кори Эътилоф, боло бурдани сатҳи фарҳанги ҳуқуқӣ ва ҷалби аҳолӣ ба мубориза зидди шиканҷа...

28.03.2018 - 16:04

Дар вохӯрии солонаи Эътилоф роҳбари маркази таҳлилии Эътилоф ФҶ «Нотабене» интихоб карда шуд. Моҳи марти соли 2017 нақшаи кории Марказ омода гардид, ки бо аъзои Эътилоф мувофиқа карда шуда буд. Эътилоф барои пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ тариқи гузаронидани вохӯриҳо бо коршиносон ва намояндагони ҳайатҳои байналмилаливу байниҳукуматӣ, омодасозии...

28.03.2018 - 15:45

Ташкилоти узви Эътилоф - «Ташаббуси ҳуқуқӣ» фаъолияти ба самти ҳимояи ҳуқуқи кӯдак дар системаи адолати судӣ бо дарназардошти кӯдакон - қурбониён ва шоҳидони ҷиноят равонашударо амалӣ менамояд. Он шарики асосии Фонди кӯдакони СММ - ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Ташкилот дар ҳамкорӣ бо Суди Олӣ, Прокуратураи генералӣ, Вазорати корҳои дохилӣ, Вазорати адлия ва Дафтари Ваколатдор оид ба...

28.03.2018 - 15:33

Яке аз самтҳои фаъолияти Эътилофи зидди шиканҷа ҳимояи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ аст. Ташкилоти узви Эътилоф - «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» (ДОШ) фаъолияти ба ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои тодаъватшавандаҳо, даъватшавандаҳо, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳоро амалӣ менамояд. ДОШ дар якҷоягӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар мониторинги риояи ҳуқуқи инсон дар қисмҳои ҳарбиро...

28.03.2018 - 15:27

Дар соли 2017 аз ҷониби Гуруҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо буклети иттилоотӣ таҳия карда шуд, ки маълумот оид ба фаъолият, ҳадаф ва вазифаҳои гуруҳ, инчунин, нишониҳо барои тамосро дар бар мегирад. Буклет бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дастрас аст. Давоми ду соли охири фаъолият аз ҷониби гуруҳ оид ба офиятбахшӣ бо марказҳои гуногуни тиббӣ ҳамкориҳо ба роҳ монда ва...

28.03.2018 - 15:21

Гуруҳ оид ба мониторинги ҷойҳои маҳрумият аз озодии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон: моҳи ноябри соли 2017 бо дастгирии коршиносии Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон банақшагирии стратегии фаъолияти гуруҳ барои солҳои 2018-2020 гузаронида шуд, ки дар доираи он гуруҳ афзалиятҳои худро муайян намуд. Дар соли 2017 гуруҳ аз 10 муассисаи пӯшида дидан намуд: Маркази...

26.03.2018 - 08:19

Страницы