Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Аз 2 то 13-уми сентябри соли 2024 ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» дар ҳамкорӣ бо Фонди Хелсинки оид ба ҳуқуқи инсон барои намояндагони Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари омӯзишӣ ба Лаҳистон ташкил намуд.
Дар доираи сафари омӯзишӣ бо роҳбарияти системаи пенитенсиарии Лаҳистон, намояндагони ВКХ Лаҳистон, Департаменти Шарқӣ вохӯриҳо доир гардида, бо кори Муассисаи ислоҳотии Пшитулах Старих ва СИЗО дар Радом, инчунин бо фаъолияти Маркази таълимии системаи пенитенсиарӣ дар Лаҳистон, дар шаҳри Кулях шиносоӣ сурат гирифт.
Зимни сафар чанд вохӯрии корӣ барои баррасии масъалаҳои гуногун дар самти пешбурди ислоҳоти системаи пенитенсиарии Тоҷикистон баргузор гардид.
Чорабиниҳои мазкур дар доираи Стратегияи ислоҳоти низоми ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо дастгирии молиявии Ҳукумати Швейтсария дар Тоҷикистон (SDC) ва Фонди демократияи СММ (ЮНДЕФ) гузаронида мешаванд.