Саидовҳо аз Зоиров 10 000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостанд

Саидовҳо аз Зоиров 10 000 сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостанд

Хонаводаи Маҳмадраҳим Саидов, маҳбуси зиндони рақами 1-и Душанбе, бо ирсоли аризае ба Додгоҳи ноҳияи Синои пойтахт Раҳматилло Зоиров - раиси Консорсиюми юридикиро ба пахши ахбори гӯиё бардурӯғ муттаҳам дониста, 10 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари маънавӣ хостаанд.

Ин ариза аз номи Сафаралӣ Саидов, бародари Маҳмадраҳим, навишта шуда, ӯ инчунин аз додгоҳ хостааст, барояшон 1,5 ҳазор сомонӣ ҷуброни зарари моддӣ, ки дар пайи нашри ин хабар бардоштаанд, бирӯёнад. “Ҳамсару духтараш ва ман аз шунидани ин маълумот азоби рӯҳӣ кашидем. Ҳамон замон барфи сахт борида буд ва роҳкиро аз Ҳамадонӣ то Душанбе хеле гарон шуда буд. Ман ва се хешамон як таксиро гирифта, ба Душанбе омадем. Баъди омадан бо бародарам ҳамсуҳбат шуда дидам, ки ҳамаи маълумот дурӯғ будааст ва ӯ изҳор дошт, ки саломатиаш хуб аст”, - навиштааст бародари Маҳмадраҳим.

Мавлудҷон Салихов, вакили мудофеи хонаводаи Саидовҳо, низ дар сӯҳбат бо “Озодагон” гуфт, хабари гӯиё фавти Маҳмадарҳим дар зиндон наздикони ӯро сахт нигарон кардааст. Дар ҳоле ки ба гуфтаи ӯ, баъдан маълум шудааст, ки ин иттилоъ асос надошта, Маҳмадраҳим дар маҳбас адои ҷазо мекунад.

Раҳматилло Зоиров, раиси Консорсиюми юридикӣ, ки раҳбарии Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистонро низ бар ӯҳда дорад, рӯзи 6 феврали соли ҷорӣ дар саҳифаи Фейсбукаш навишт, бино ба хабарҳое, ки аз наздикони Маҳмадраҳим Саидов дарёфт кардааст, гӯиё ӯ дар утоқи ҷаримавии маҳбаси рақами 1 фавтидааст. Зоиров гуфта буд, Маҳмадраҳим зодаи ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон буда, яке аз шоҳидони марги Ҳамза Икромзода ба ҳисоб меравад.

“Мо ҳоло ин масъаларо пурра таҳқиқ накардаем. Чизе, ки дар даст дорем, иттилоест, ки тавассути наздикони Маҳмадраҳим ба мо расида”, - навишта буд Зоиров. Вай дар идома аз Зариф Ализода, Омбудсмени тоҷик, хоста буд, бо истифода аз ҳуқуқаш ба ин масъала расидагӣ кунад.

Озодагон