Силсилаи тренингҳо барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзҳои 6-7-уми июли соли 2026 дар шаҳри Душанбе Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази ҳуқуқи инсон» барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тренинги дурӯза баргузор менамояд.

Чорабинӣ дар доираи лоиҳаи «Омӯзиш барои кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ», ки бо дастгирии молиявии Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе амалӣ мегардад, ташкил карда шудааст.

Дар ҷараёни тренинг иштирокдорон масъалаҳои пешгирии тундгароӣ ва экстремизм, устувории равонии кормандон, муносибатҳои иҷтимоӣ дар кор бо маҳкумшудагонро баррасӣ хоҳанд кард.

Минбаъд чунин тренингҳо рӯзҳои 16-17-уми июли соли 2026 дар шаҳри Хуҷанд ва 13-14-уми октябри соли 2026 дар шаҳри Бохтар баргузор хоҳанд гардид.

Ҳадафи баргузории тренингҳо баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи такмили дониш ва малакаҳои амалӣ оид ба идоракунии самараноки муассисаҳои пӯшида мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, инчунин мусоидат ба татбиқи Стратегияи ислоҳоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба шумор меравад.

Барои дарёфти маълумоти иловагӣ метавонед ба ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бо суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 59, блоки «E», ҳуҷраи 225, инчунин тавассути почтаи электронии hrc.tajikistan@gmail.com муроҷиат намоед.

hrc.tj