Сомонаи нав дар соҳаи ҳуқуқи инсон фаъол шуд

Дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба фаъолият оғоз кард.

Ин тасмим дар доираи лоиҳаи Фонди ихтиёрии СММ оид ба Тафсири Даврии Универсалӣ (ТДУ) бо дастгирии бахши минтақавии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардидааст. Сомонаи мазкур иттилоотро барои хонандагон бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ пешниҳод мекунад.

Дар сомонаи расмии Комиссия (http://khit.tj) оид ба ҳамкории Тоҷикистон бо механизмҳои ҳуқуқи башари СММ, тавсияҳои ниҳодҳои қарордодии СММ, расмиёти махсус ва механизмҳои ТДУ маълумоти муфассал пешниҳод гардида, ҳамзамон, гузоришҳои миллӣ оид ба ҳуқуқи инсони ба кумитаҳои СММ пешниҳодшуда дастрас хоҳанд буд. Истифодабарандагони сомона инчунин имкон пайдо мекунанд, то назару маълумоти худро бевосита ба котиботи Комиссия фиристонанд.

Тавре муовини сардори Идораи кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ Шараф Каримзода мегўяд: «Таъсиси ин сомона намунаи хуби ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо механизмҳои ҳуқуқи башари СММ аст. Сомона барои ба таваҷҷуҳдоштагон расонидани маълумоти зарурӣ дар бораи фаъолияти Комиссия, мониторинги татбиқи тавсияҳои механизмҳои СММ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ва ҳисоботҳои Тоҷикистон дар доираи уҳдадориҳои байналмилалӣ вобаста ба ҳуқуқи инсон имконият фароҳам меорад».

- Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон қисми зиёди қарордодҳои асосиро ба тасвиб расонд ва ба кумитаҳои гуногуни ҳуқуқи инсон гузориш дод. Ғайр аз ин, Тоҷикистон аз сафарҳои гузоришгарони махсуси Шўрои ҳуқуқи башари Созмони Милали Муттаҳид истиқбол кард. Вазъият дар ин кишвар низ аз ониби Шўрои ҳуқуқи башари СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар даври дувуми Тафсири даврии универсалӣ ба зудӣ баррасӣ мешавад. Хулоса, Тоҷикистон тавсияҳои садҳо механизмҳои гуногуни Созмони Милали Муттаҳидро оид ба ҳуқуқи инсон қабул намуд. Ин сомона қадами мусбат дар робита ба уҳдадории давлат барои паҳн намудани тавсияҳо буда, ҳамзамон баҳри мубодилаи афкор бо ҷомеаи шаҳрвандӣ майдони иловагиро таъмин менамояд,- мегўяд Элизабет да Кошта, иҷрокунандаи вазифаи Намояндаи минтақавии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ.

Вазифаи асосии Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, ки соли 2002 таъсис ёфтааст, мусоидат ба татбиқи уҳдадориҳои ҳуқуқии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба шумор меравад.

NoTorture.Tj