Article Pages

Азим Иброҳим – муовини нахуствазири Тоҷикистон – аз комиссариатҳои ҳарбии кишвар тақозо кардааст, ки дар мавсими баҳории даъват ба артиш ба иҳотагарӣ – "облава" ё даъвати иҷборӣ – роҳ надиҳанд. Вай дар як ҷаласаи рӯзи 16 март дар Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтааст, баъд аз анҷоми даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш бо айби иҳотагирӣ 51 комиссари ҳарбии шаҳру навоҳии кишвар иваз шуданд....

18.03.2017 - 21:41

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Ваколатдори ҳуқуқи инстон ва Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз, 10-уми март, силсилаи вохӯриҳои иттилоотониро барои кормандони мақомоти корҳои дохилии кишвар оғоз мекунанд. Ҳуқуқшиносон ва ҳимоятгарони ҳуқуқ дар вохӯриҳо стандартҳои ҳуқуқ ба озодӣ ва дахлнопазирии шахсӣ, ҳуқуқи боздоштшудаҳо ва...

10.03.2017 - 13:47

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ҳисоботи солона оид ба натиҷаҳои фаъолияташ дар соли 2016-ро омода намуд. Бино ба маълумоти дар ин ҳисобот дарҷшуда, дар соли 2016 ба Эътилоф, ки ба он 11 ташкилоти ҷамъиятӣ ва 6 шахси воқеӣ дохил мешаванд, имкон даст дод, то ба тағйироти бузург дар самти муборизаи самаранок ба муқобили шиканҷа дар кишвар муваффақ гарданд. Аз...

09.03.2017 - 19:40

Ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон ба Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак дар мавриди рафти иҷроиши Эъломияи ҳуқуқи кӯдак дар кишвар гузориши алтернативӣ пешниҳод карданд. Гузориш дар якҷоягии гуруҳи ташкилотҳои ғайридавлатии Тоҷикистон - «Маркази ҳуқуқи инсон», «Ҳуқуқ ва беҳбудӣ», «Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон», «Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният», Лигаи занҳои маъюб «Иштирок», «...

09.03.2017 - 19:27

Мақомоти тафтишот ба хонаводаи Эҳсон Элчибеков – сарбози қисми низомии 06870 – и Вазорати дифои Тоҷикистон гуфтаанд, ки дар робита ба марги ӯ ду афсар ва як сарбоз дастгир шуда, феълан дар ҳабси пешакӣ қарор доранд. Худоназар Элчибеков ва Таҷаммулшо Акобиршоев – ду пайванди Эҳсон – рӯзи 4 март дар сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ гуфтанд, мулоқоти онҳо бо мақомоти тафтишот рӯзи 2 март дар...

04.03.2017 - 17:05

Рӯзи 27 феврал ҳудуди 70 сокини ноҳияи Рӯшон дар назди бинои ҳукумати ин ноҳия гирди ҳам омада аз мақомоти маҳаллӣ тақозо карданд, ки марги Эҳсон Элчибеков, сарбози қисми низомии 06870-и Вазорати дифоъро одилона ва мунсифона таҳқиқ кунанд. Онҳо бовар доранд, ки сарбози 19-сола баъди 8 моҳи хизмат дар артиш кушта шудааст, вале мақомот талош доранд сабабҳои аслии марги ин низомиро аз хешовандон...

27.02.2017 - 18:04

Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон имрӯз, 16-уми феврал зимни ҳисоботаш дар ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, таҳти раёсати Маҳмадсаид Убайдуллоев тасдиқ кард, ки “облава” дар кишвар ҷой дорад.  Юсуф Раҳон изҳор дошт, ки бо роҳи зӯрию боздошт сафарбар кардани ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар кишвар ҳоло ҳам ҷой дорад. Ӯ гуфт, бидуни дақиқсозӣ ҷавононро боздошт мекунанд.  Додситони кул илова...

16.02.2017 - 10:51

9-уми феврали соли ҷорӣ Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионии падари сарбози фавтида Таваллоев Шукрат - Таваллоев Имомдодро аз болои ҳукми Суди гарнизони шаҳри Душанбе баррасӣ карда, қонеъ кардани онро рад намуд. 6-уми январи соли 2017 Суди ҳарбии гарнизони Душанбе бо ҳукми худ сарбози қатории Гвардияи Миллии ҶТ Мирзобоев М. Х.-ро бо моддаи 373...

10.02.2017 - 09:16

Додгоҳи ноҳияи Ҳамадонӣ ҳукми се корманди пулиси ноҳияи Фархорро, ки дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ муттаҳам мешуданд, содир кардааст.  Наздикони яке аз ин кормандони пулис имрӯз, 8 феврал ба “Озодагон” гуфт, додгоҳ Акрамшоҳҷони Абдулло, Саид Файзов ва Меҳроб Давлатовро, ки дар Шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фархор кор мекарданд, ба муҳлати 4,5 солӣ равонаи зиндон...

08.02.2017 - 11:53

Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Саидов Ё. С., хизматчии ҳарбии яке аз қисмҳои ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМТ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 1431 қисми 3 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Шиканҷа) боз кардааст. Тавре аз ташкилоти «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» хабар доданд, “тибқи маълумоти дар парвандаи ҷиноятӣ овардашуда, командири взвод Саидов Ё. С. вазифаи таҳқиқбарандаро иҷро...

07.02.2017 - 18:07

Страницы