Article Pages

Як сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон иддао дорад, ки муфаттиши шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ӯро шадидан латукӯб кардааст. Ба қавли ҷабрдида аз сараш ҷароҳат бардошта, дар ҳолати вазнин, ба беморхонаи марказӣ расонида шудааст. Ҷабрдида Ботурхон Надиров дар ҳоле, ки ҳарф задан барояш душвор буд, дар суҳбати телефонӣ ба “Фараж” гуфт, 55 сол дорад ва дар идораи роҳсозии ноҳияи Панҷ ба ҳайси...

18.08.2021 - 12:27

Вазъи иҷрои тавсияҳои мақомоти шартномавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон, тартиботи махсус ва Гузориши даврии универсалӣ оид ба масоили шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ки аз соли 2010 пешниҳод шуда буданд, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст? Дар нашри қаблӣ ҳуқуқшиносони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» вазъи иҷрои тавсияҳои марбут ба омор ва таърифи «шиканҷа»-ро...

16.08.2021 - 12:24

Как обстоит ситуация с выполнением Республикой Таджикистан рекомендаций договорных органов ООН по правам человека, специальных процедур и Универсального периодического обзора по вопросу о пытках и других видах жестокого обращения, представленных с 2010 года. В этой и следующей публикациях по некоторым рекомендациям ситуацию прояснят юристы ОО «Независимый центр по защите прав человека»....

13.08.2021 - 12:21

Суди ноҳияи Синои пойтахт охири моҳи июл бо қарори худ қонеъ сохтани шикояти модари Хуршед Бобокалонов - Саодат Кулиеваро дар бораи бекор кардани қарори тафтишот оид ба қатъи тафтишот аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ нисбати кормандони милитсия дар мавриди далели фавти Хуршед Бобокалонов рад намуд. Тавре адвокат Абдураҳмон Шарипов хабар дод, бо гузаштани як моҳ аз шикояти ӯ ба унвонии Прокуратураи...

12.08.2021 - 23:56

Хонаводаи Меҳроҷиддин Гадозода, сокини шаҳри Ваҳдат, ки пас аз чанд соати боздошт аз сӯи кормандони милиса ҷон дод, аз тафтиши парвандаи марги ӯ розӣ нестанд. Меҳроҷиддини 31 сола, се моҳ қабл ба гумони дуздӣ ба идораи Шӯъбаи Вазорати корҳои дохила дар шаҳри Ваҳдат даъват шуд. Рӯзи 10-уми май ҳамроҳи падараш ба ШВКД-и Ваҳдат рафта, аммо  бегоҳии ҳамон рӯз ҷасадашро овардаанд. Хонаводааш...

11.08.2021 - 16:41

Дар 20-километрии пойтахти Тоҷикистон барои нафарони ҳабсшуда бо ҷурми содири ҷиноятҳои хислати террористӣ дошта маҳбаси нави шакли камеравӣ сохта шуд. Аввали моҳи июли соли ҷорӣ он ба истифода дода шуд ва айни замон 1700 маҳбуси муассисаи ислоҳотии ЯС 3/1-и шаҳри Душанбе ба онҷо интиқол дода шудаанд. Тавре дар Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ доданд,...

29.07.2021 - 18:40

Фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқии (ГКҲ) Эътилофи зидди шиканҷа ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба аризаҳо оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмона ва таъсиси механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар мавриди расонидани кумаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби...

28.07.2021 - 16:00

Дар нимсолаи аввали соли 2021 Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар торнамои худ 339 матлаб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пахш кард. Торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org ҳамчун нахустманбаи иттилооти босифату объективӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа дар кишвар баромад мекунад. Матолиб дар ҳамкорӣ бо дигар гуруҳҳои Эътилофи зидди шиканҷа...

27.07.2021 - 01:05

Тавре Гурӯҳи офиятбахшии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шаш моҳи аввали соли 2021 барои офиятбахшӣ 10 нафар ворид гардидаанд, ки аз онҳо 3 нафар мард ва 7 нафар занонанд. Аз шумораи умумии қурбониён 5 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 5 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба шумор мераванд....

26.07.2021 - 17:05

Тоҷикистониёни азиз, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати яке аз асоситарин идҳои мусулмонӣ - Иди Қурбон муборакбод мегӯяд. Бигузор дар зиндагиятон ҳамеша муҳаббати самимӣ, дар қалбатон танҳо андешаҳои хуб ва дар хонадонатон сулҳу бурдборӣ ҳукмрон бошад. Саломат бошед ва худро эҳтиёт намоед!        

20.07.2021 - 14:50

Страницы