Article Pages

Фаъолияти Гуруҳи кумаки ҳуқуқии (ГКҲ) Эътилофи зидди шиканҷа ба пешбурди таъсиси системаи вокуниши самаранок ба аризаҳо оид ба шиканҷаву муносибати бераҳмона ва таъсиси механизми мустақили тафтиши шиканҷа дар Тоҷикистон, инчунин ба ҳамоҳангсозии фаъолиятҳо дар мавриди расонидани кумаки амалии ҳуқуқӣ ба қурбониёни шиканҷа ва хешовандони онҳо равона гардидааст. Дар нимсолаи аввал аз ҷониби...

28.07.2021 - 16:00

Дар нимсолаи аввали соли 2021 Гуруҳи расонаии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар торнамои худ 339 матлаб бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ пахш кард. Торнамои Эътилоф - www.notorturetj.org ҳамчун нахустманбаи иттилооти босифату объективӣ оид ба масоили озодӣ аз шиканҷа дар кишвар баромад мекунад. Матолиб дар ҳамкорӣ бо дигар гуруҳҳои Эътилофи зидди шиканҷа...

27.07.2021 - 01:05

Тавре Гурӯҳи офиятбахшии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон хабар медиҳад, дар шаш моҳи аввали соли 2021 барои офиятбахшӣ 10 нафар ворид гардидаанд, ки аз онҳо 3 нафар мард ва 7 нафар занонанд. Аз шумораи умумии қурбониён 5 нафар бевосита аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона зарар дида, 5 нафар хешовандони қурбониёни шиканҷа ва муносибати бераҳмона ба шумор мераванд....

26.07.2021 - 17:05

Тоҷикистониёни азиз, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон шуморо ба муносибати яке аз асоситарин идҳои мусулмонӣ - Иди Қурбон муборакбод мегӯяд. Бигузор дар зиндагиятон ҳамеша муҳаббати самимӣ, дар қалбатон танҳо андешаҳои хуб ва дар хонадонатон сулҳу бурдборӣ ҳукмрон бошад. Саломат бошед ва худро эҳтиёт намоед!        

20.07.2021 - 14:50

«Воксинзанӣ аз COVID-19 миёни маҳбусони Тоҷикистон мувофиқи нақшаи тасдиқгардида гузаронида мешавад ва дар ин маврид ягон мушкилӣ нест»,- зикр намуд дар нишасти матбуотии Прокуратураи генералӣ намояндаи прокуратураи махсус оид ба риояи қонуният дар муассисаҳои пӯшида. Дар ин маврид ӯ тафсилот надод, ки кадом намуди воксин барои маҳбусон пешбинӣ шудааст, чӣ миқдор маҳбусон аллакай воксинзанӣ...

15.07.2021 - 14:41

Дар шаш моҳи аввали соли 2021, сарфи назар аз пандемияи идомадори коронавирус, ба дафтари Ваколатдор 11 шикоят аз ҷониби аҳолӣ дар мавриди тафтишот ва истифодаи шиканҷа (дар ҳамин давраи соли гузашта 6 адад) ворид шудааст. Дар ин бора 15-уми июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Умед Бобозода дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Дар умум, ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввал ба дафтари Ваколатдор...

15.07.2021 - 13:52

Намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар робита ба мавҷи навбатии сирояти коронавирус дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст. «Мулоқот бо хешовандону адвокатҳо бо тартиби қаблӣ амалӣ карда мешавад. Талаботи ягона барои боздидкунандагон – ин мавҷудияти тести манфии коронавирус ва риояи меъёрҳои санитарӣ-...

14.07.2021 - 14:38

10-уми декабри соли 1984 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо қабул гардида, 26-уми июни соли 1987 ба қувваи қонунӣ даромад. Баъди 10 сол, дар соли 1997 Ассамблеяи Генералии СММ 26-уми июнро Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа эълон кард. Айни замон 156 давлат иштирокчиёни...

26.06.2021 - 10:30

25-уми июн дар Душанбе дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, бо дастгирии молиявии Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон тренинги «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид. Дар дафтари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки...

25.06.2021 - 17:07

Страницы