Article Pages

Гурӯҳи кумаки ҳуқуқии Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзҳои 1 ва 7-уми майи соли 2024 бо раиси Иттифоқи адвокатҳои вилояти Суғд Саидов С. ва адвокатҳои шаҳри Бӯстони вилояти Суғд вохӯриҳои корӣ доир намуд. Гулчеҳра Ашӯрова, мутахассис оид ба ҳуҷҷатгузории далелҳои шиканҷа дар вилояти Суғд ба адвокатҳо дар бораи фаъолияти Гурӯҳи кумаки ҳуқуқӣ, Гурӯҳи...

05.07.2024 - 08:21

Давлат оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад. Ҳар кас ҳуқуқи ташкили оила дорад. Мардон ва занон, ки ба синни никоҳ расидаанд, ҳуқуқ доранд озодона ақди никоҳ банданд. Дар оиладорӣ ва бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар баробарҳуқуқанд. Бисёрникоҳӣ манъ аст.    

04.07.2024 - 08:33

Гузориш дар доираи вохӯрии кории “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирӣ ва такмили механизмҳои тафтишот”, ки рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд, омода гардидааст. Зимни баромади...

03.07.2024 - 12:12

Ҳар кас ҳуқуқ дорад соҳиби моликият ва мерос бошад. Ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад ҳуқуқи шахсро ба моликият бекор ва маҳдуд кунад. Молу мулки шахсро барои эҳтиёҷоти ҷамъият фақат дар асоси қонун ва розигии соҳиби он бо пардохти арзиши пуррааш давлат гирифта метавонад. Товони зарари моддӣ ва маънавие, ки шахс дар натиҷаи амали ғайриқонунии мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳизбҳои сиёсӣ,...

03.07.2024 - 08:29

Гузориш дар доираи вохӯрии кории “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирӣ ва такмили механизмҳои тафтишот”, ки рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ташкил карда шуд, омода гардидааст. «Эътилофи зидди...

02.07.2024 - 13:47

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 ҳамчун «Соли маърифати ҳуқуқӣ» чорабинии иттилоотиии «Конститутсияи худро бидон!»-ро эълон менамояд. Конститутсия қонуни бунёдии давлатист, ки қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва донистани моддаҳои ин қонун барои ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон...

02.07.2024 - 11:17

Ба ҳар кас озодии сухан, нашр, ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбор кафолат дода мешавад. Таблиғот ва ташвиқоте, ки бадбинӣ ва хусумати иҷтимоӣ, нажодӣ, миллӣ, динӣ ва забониро бармеангезанд, манъ аст. Сензураи давлатӣ ва таъқиб барои танқид манъ аст. Номгӯи маълумотҳоеро, ки сирри давлатӣ доранд, қонун муайян мекунад.    

01.07.2024 - 11:14

Рӯзи 1-уми июл дар шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ дар мавзӯи “Стандартҳои байналмилалии марбут ба истифодаи шиканҷа, пешгирии он ва амалисозии механизмҳои тафтишот”, ки аз ҷониби Комиссияи байналмилалии ҳуқуқшиносон, Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва Дафтари минтақавии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ташкил шудааст, баргузор гардид. Иштирокдорони...

01.07.2024 - 10:44

Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар маҷлис, гирдиҳамоӣ, намоиш, раҳпаймоии осоишта, ки қонун муқаррар кардааст, ширкат варзад. Ҳеҷ касро ба ин тадбирҳо маҷбуран ҷалб кардан мумкин нест.            

30.06.2024 - 10:11

Шаҳрвандон ҳуқуқи муттаҳид шудан доранд. Шаҳрванд ҳуқуқ дорад дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ иштирок намояд, ихтиёран ба онҳо дохил ва аз онҳо хориҷ гардад (22 майи соли 2016). Ҳизбҳои сиёсӣ дар асоси гуногунандешии сиёсӣ барои ташаккул ва ифодаи иродаи халқ мусоидат мекунанд ва дар ҳаёти сиёсӣ иштирок менамоянд. Сохтор ва фаъолияти онҳо бояд ба...

29.06.2024 - 10:08

Страницы