Таҳмина Ҷӯраева - дар бораи татбиқи Хадамоти пробатсия дар Тоҷикистон

Таҳмина Ҷӯраева, муовини директори ТҶ “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” зимни Муколамаи давлат ва ҷомеаи шаҳрвандӣ оид ба ҳимоя ва пешбурди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 18-уми октябр дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, дар бораи нақши ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҳифзи ҳуқуқи шахсони аз озодӣ маҳрумшуда ва пешбурди чораҳои алтернативии ба маҳрумият аз озодӣ марбутнабуда сухан гуфт.

Ӯ аз ҷумла таваҷҷуҳи иштирокдорони Муколамаро ба татбиқи Хадамоти пробатсия дар кишвар ва мусоидат дар таҳияи лоиҳаи қонуни дахлдор ҷалб намуд.

Ӯ аз уҳдадориҳои байналмилалии кишвар ёдовар шуд, ки соли 1999 Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсиро ба тасвиб расонд ва дар он таъкид шудааст, ки “системаи пенитенсиарӣ низом барои маҳбусонро пешбинӣ мекунад, ки ҳадафаш ислоҳ ва офиятбахшии иҷтимоии онҳост” ва инчунин Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ ба Тоҷикистон тавсия дод, то барои аз байн бурдани шумораи изофӣ дар ҷойҳои боздошт, аз ҷумла бо истифода аз роҳҳои алтернативии маҳрумият аз озодӣ чораҳои муассир андешад. Тоҷикистон узви СММ аст ва давра ба давра дар Шӯрои ҳуқуқи инсони СММ аз расмиёт мегузарад.

«Консепсияи сиёсати ҳуқуқии ҶТ барои солҳои 2018-2028 мутобиқгардонии меъёрҳои қонунгузории ҷиноятиро ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон пешбинӣ менамояд; гуманизатсияи қонунгузории ҷиноятӣ; декриминализатсияи баъзе амалҳои ҷиноятӣ; васеъ намудани ҷазоҳои алтернативӣ, ки ба маҳрумият аз озодӣ алоқаманд нестанд ва як қатор чораҳои дигар»,- зикр намуд Таҳмина Ҷӯраева.

Илова бар ин, ба гуфтаи ӯ, дар Стратегияи ислоҳоти низоми иҷрои ҷазои ҷиноятии ҶТ барои давраи то соли 2030 рушди низоми ҷазоҳои маҳрумият аз озодӣ ва таъсиси хадамоти пробатсия дар Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Ба гуфтаи ин ҳимоятгари ҳуқуқ, алтернативаҳои маҳрумият аз озодӣ василаи асосии коҳиши теъдоди маҳбусон, “сабуксозӣ”-и ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ, коҳиши пурборӣ дар маҳбасҳо ва муҳимтар аз ҳама, паст кардани гаронии буҷаи давлатӣ аст.

"Нигоҳ доштани маҳкумшуда дар зиндон назар ба ҳукми ғайриҳабсӣ гаронтар аст",- зикр намуд ӯ.

Таҳмина Ҷӯраева қайд кард, ки ҳоли ҳозир дар доираи лоиҳаи «Таҳияи Консепсияи Пробатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» лоиҳаи аввалияи Қонуни ҶТ «Дар бораи пробатсия» омода гардида, лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар вобаста ба қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи пробатсия» таҳия шуда истода, дар назар аст, ки барои ҷамъоварӣ намудани шарҳҳо, тавсияҳо, пешниҳодҳо ва ирсоли лоиҳаи Қонуни ҶТ “Дар бораи пробатсия” ба ҳукумати кишвар баррасиҳои ҷамъиятӣ баргузор карда шаванд.

То ин, аз соли 2020 барои омӯзиши лоиҳа тӯли чанд сол таҳлили ҳуқуқӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ гузаронида шуда буд ва дар шаҳрҳои Душанбе, Бохтар, Хуҷанд ва Хоруғ 4 қабулгоҳи Идораи ҳуқуқи инсон фаъолият мекарданд, ки дар онҳо ба ашхоси аз маҳбас озодшудаву хешовандонашон машваратҳои ҳуқуқӣ, роҳнамоии иҷтимоӣ, ёрии равонӣ расонида шуд, пурсишҳо миёни респондентҳо гузаронида шуданд, инчунин барои ҳалли мушкилоти ашхосе, ки аз маҳбас озод шудаанд, баъди озод шуданашон кумак расонида шуд.

Таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи пробатсия аз соли 2022 оғоз гардида, Гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд, ки ба ҳайати он намояндагони мақомоти давлатӣ, доираҳои академӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ шомиланд.

Муколама аз ҷониби ташкилоти ҷамъиятии “Дунёи ҳуқуқ” - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ва бунёди ҳолландии “Perspectivity Challenge” бо дастгирии молиявии Иттиҳоди Аврупо ва Бунёди Канада оид ба ташаббусҳои маҳаллӣ (CFLI), дар доираи лоиҳаҳои дахлдори ҳуқуқи инсон гузаронида шуд: https://notorturetj.org/news/dialog-gosudarstva-i-grazhdanskogo-obshches...

NotortureTj