Article Pages

Як маҳбуси ҷавон дар зиндони шумораи аввали пойтахт худро ба дор овехта, ҷон додааст. Аъзамшо Солеҳов, аз наздикони Маҳмадшариф Насриддинови 21-сола, рӯзи 4-уми феврал ба «Озодӣ» гуфт, ки Маҳмадшариф шаби шанбе пас аз он, ки кормандони маҳбас Давлатов Мамад ва Шерафкан аз ӯ телефони ҳамроҳ пайдо намуданд, мавриди латукӯби шадид қарор мегирад. Ба гуфтаи Аъзамшо Солеҳов, Маҳмадшариф...

04.02.2013 - 12:07

Ваколатдори ҳуқуқи инсон ё Омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, ки далели шиканҷаю озори ноболиғонро дар муаассисаҳои ислоҳии кишвар пайдо накардааст. Моҳе қабл як гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба Омбудсмен шикоят бурданд, ки бо фарзандони ноболиғашон дар муассисаҳои ислоҳӣ бадрафторӣ сурат мегирад. Дарҳол пас аз ин шикоят масъулони бахши ҳуқуқи кӯдак дар дафтари Омбудсмен аз муассисаи ислоҳии...

31.01.2013 - 12:40

Идораи ваколатдори ҳуқуқи инсони Тоҷикистон мавориди латукӯби зиндониён дар маҳбаси шаҳри Хуҷандро рад мекунад. Ҳусниддин Нидоев, намояндаи Омбудсмени Тоҷикистон рӯзи 30-юми январ гуфт, ки дар моҳи ноябри соли гузашта як гурӯҳ аз ин ниҳод барои ошноӣ бо вазъи маҳбусон, аз зиндонҳои Хуҷанд дидан кард.  Вай гуфт, ин гурӯҳ пас аз арзу шикояти маҳбусҳо дар мавриди латукӯб ва мавориди...

30.01.2013 - 14:34

Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ оид ба далели истифодаи шиканҷа аз ҷониби корманди мақомоти интизомӣ парвандаи навбатии ҷиноӣ боз шуда, вале гумонбар то ҳанӯз ба кори худ идома медиҳад. Сокини Исфара Руқия Ҳайдарова дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки писараш аз амали кормандони милиса ҷабр дида, аз рӯи ин далел нисбати сардори шуъбаи кофтукови ҷиноятии Шуъбаи ВКД дар шаҳри...

28.01.2013 - 17:21

Зимни нишасти хабарӣ вазири адлияи Тоҷикистон Рустам Менглиев дар робита ба далелҳои шиканҷаву марг дар муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ изҳор намуд, ки нисбати гунаҳкорони марги маҳкумшуда дар муассисаи ислоҳии Ваҳдат Ачик Қаюмов ҳукми суд содир шудааст. «Аз рӯи ин ҳодиса роҳбари вақти муаассисаи ислоҳии Ваҳдат Давлаталӣ Раҳимов мувофиқи моддаи 322-и КҶ ҶТ (Хунукназарӣ) мутттаҳам дониста шуда, ба...

22.01.2013 - 15:02

Соли 2012 дар иртибот ба ҳодисоти шиканҷа 9 парванда тартиб дода шуда, 7-тои он ба суд ирсол шудааст, ки дар натиҷа ду корманди мақомоти корҳои дохилӣ бо гуноҳи содир кардани амалҳои шиканҷа нисбати боздоштшудагон бо ҳукми суд зиндонӣ шудаанд. Дар ин бора аз Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ доданд. Бино ба иттилои манбаъ, 9 парвандаи ҷиноӣ нисбати кормандони мақомоти корҳои...

21.01.2013 - 16:42

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати пешгириву бартараф кардани таҷрибаи истифодаи шиканҷа дар марҳилаҳои боздошту бозпурсӣ тадбир меандешанд. Вазири корҳои дохилии ҷумҳурӣ Рамазон Раҳимов зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор дошт, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ВКД мубориза алайҳи шиканҷа мебошад. «Барои таъмини тамоми шӯъбаҳои тафтишотӣ бо камераҳои мушоҳидаи видеоӣ дар...

18.01.2013 - 16:00

Раиси Суди Олии Тоҷикистон мегӯяд, ки парвандаҳо вобаста ба шиканҷа дар кишвар кам шудааст. Бино ба қавли Нусратулло Абдуллоев, раиси Суди Олӣ, дар соли гузашта дар маҷмӯъ 23 парванда нисбат ба 23 нафар дар мавриди шиканҷа ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба соли 2011 ин нишондод 15 парванда кам аст. Нусратулло Абдуллоев дар ҳоле парвандаҳои марбут ба шиканҷаро дар қиёс бо соли...

16.01.2013 - 15:21

Созмони Афви байналмилалӣ рӯзи 11 январ дар як изҳорот аз сарнавишти Умаралӣ Қувватов, ва раҳбари созмони мухолифин Гурӯҳи 24 изҳори нигаронӣ карда, гуфтааст,  ӯ дар сурати истирдодаш аз Имороти Муттаҳидаи Араб ба Тоҷикистон ба хатари шиканҷа ё шаклҳои дигари бадрафторӣ дучор хоҳад шуд.  Умаралӣ Қувватов, шарики собиқи яке аз домодҳои президенти Тоҷикистон, ки соли гузашта...

11.01.2013 - 21:09

Дар Душанбе барои ҳуқуқдонҳо семинор ва давраи омӯзишӣ дар заминаи кор бо қазияҳои марбут ба шиканҷа баргузор шуд. Ин семинор барои ҳуқуқдонҳо ва вакилони мудофеъи тоҷик тавассути созмони ғайридавлатии “Маркази мустақили дифоъ аз ҳуқуқи башар” иҷро мешавад. Сергей Романов, ҳамоҳангсози ин тарҳ ба Би-би-сӣ гуфт, ки дар семинор ва давраҳои бозомӯзии мазкур, вакилони мудофеъ ва ҳуқуқдонҳо бо...

11.01.2013 - 20:11

Страницы