Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои соли 2022 дар мавзуи «Озодӣ аз шиканҷа» тақвимҳои девориву рӯимизӣ нашр карда, онҳоро миёни шарикону ҳамкорон паҳн намуд. Дар ҳар саҳифаи ҷуфти тақвим маълумот оид ба озодӣ аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона (мувофиқи стандартҳои байналмилаливу миллӣ шиканҷа чист, барои чунин амали ҷинояткорона чӣ гуна ҷавобгарии ҷиноятӣ...

09.12.2021 - 10:59

Ташкилоти ҷамъиятии «Ибтидо» («Начало») - узви нави Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон бо ҷавонони вилояти Суғд як қатор вохӯриҳои иттилоотӣ мегузаронад. Вохӯриҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд (8-уми декабр), Исфара (10-уми декабр) ва Панҷакент (12-уми декабр) доир мегарданд. Аз ҷумла, вохӯрии иттилоотӣ бо ҷавонони Хуҷанд дар...

06.12.2021 - 23:27

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Коллегияи адвокатҳои шаҳри Бохтари вилояти Хатлон 6-уми декабр дар Бохтар, инчунин коршиносони Эътилоф дар НТМ (шаҳрҳои Ҳисор ва Турсунзода) машваратҳои ройгони ҳуқуқии сайёр расониданд. Чорабиниҳо дар доираи иқдоми 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон...

06.12.2021 - 10:16

4-уми декабри соли 2021 дар маркази “Parking” дар пойтахт бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон «Discussion day» гузаронида шуд. Ба ҳайси ташкилотчиёни чорабинӣ аъзои ГТҶ «ҲРУ-Тоҷикистон»-и назди ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, баромад карданд. Чорабинӣ бо суолҳое оғоз гардид, ки...

04.12.2021 - 23:23

  Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ва Иттифоқи адвокатҳои кишвар дар доираи чорабинии 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!» бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон 3-юми декабр аз соати 10:00 то 12:00 дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе машваратҳои ҳуқуқии сайёри ройгон...

03.12.2021 - 23:17

2-юми декабри соли 2021 давоми як соат, аз соати 17:00 то 18:00 дар мавҷи мустақими Asia-Plus барномаи «Mix show»: Қонун ва ҳуқуқ[1] бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон дар доираи чорабинии 10-рӯза таҳти шиори «Ҳар як ҳуқуқи инсон муҳим аст!», ки аз ҷониби Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ ташкил карда шудааст, доир гардид. Ба ҳайси коршиносон ҳуқуқшиноси ташкилоти...

02.12.2021 - 20:51

Ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон», ки узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад, ба муносибати Рӯзи байналмилалии ҳуқуқи инсон чорабинии Discussion Day-ро мегузаронад. Чорабинӣ 4-уми декабр аз соати 18:00 то 20:00 дар шаҳри Душанбе, дар макони машҳур барои ҷавонон - Parking баргузор мегардад. Иштирокдоронро дар...

02.12.2021 - 00:22

Ҳар сол 10-уми декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад. Дар ин рӯз соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кардааст. Соли 1950 Ассамблеяи Генералӣ қарори 423 (V)-ро қабул намудааст, ки дар он ба тамоми давлатҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор пешниҳод гардидааст, то Рӯзи ҳуқуқи инсонро 10-уми декабр қайд намоянд. Дар ин маҷмуа шинос шудан бо ҷанбаҳои...

30.11.2021 - 22:37

Ҳамасола 10-уми декабр ҷомеаи ҷаҳонӣ Рӯзи ҳуқуқи инсонро, ки соли 1948 аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ҷашн мегирад. Ҳуқуқшиносони ТҶ «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» як қатор масоили марбут ба истифодаи шиканҷаро, ки одатан шаҳрвандон ба онҳо таваҷҷуҳ мекунанд, шарҳ доданд. Бо намунаи пурраи матлаб инҷо шинос шудан мумкин аст: http://...

30.11.2021 - 11:04

Ҳар сол 10-уми декабр Рӯзи ҳуқуқи инсон қайд карда мешавад. Дар ин рӯз соли 1948 Ассамблеяи Генералии СММ Эъломияи умумии ҳуқуқи башарро қабул кардааст. Соли 1950 Ассамблеяи Генералӣ қарори 423 (V)-ро қабул намудааст, ки дар он ба тамоми давлатҳои узв ва дигар ҷонибҳои манфиатдор пешниҳод гардидааст, то Рӯзи ҳуқуқи инсонро 10-уми декабр қайд намоянд. Озодӣ аз шиканҷа ҳуқуқи ҳатмии ҳар як инсон...

29.11.2021 - 22:34

Страницы