Article Pages

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон бар зидди шиканҷа ва беҷазоӣ боз як далели муносибати бераҳмона аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба қайд гирифт. Ба эътилоф зани 34-сола, корманди як созмони байналмилалӣ бо шикоят аз муносибати бераҳмонаи кормандони ШВКД ноҳияи Шоҳмансури пойтахт муроҷиат кард. Ба гуфтаи ӯ, воқеа ҳангоми рейди тафтиши шиносномаҳои шаҳрвандон, аввали моҳи...

14.10.2016 - 10:18

Додситонии Шаҳритус мегӯяд, нисбати қазияи латту кӯби як ҷавони 17-cола бо моддаи “майдаавбошӣ” парванда боз шуда, аз ҷониби Шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ҳоли баррасӣ аст.  Бахтовар Маҳмадиев сешанбеи 11 октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, ӯро кормандони комисариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус мавриди латту кӯб қарор додаанд. Ба иддаои ӯ, рӯзи 7 октябр кормандони комисариат ба...

12.10.2016 - 14:45

Гулчеҳра Холматова, адвокати Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният - узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зидди шиканҷа ва беҷазоӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои қонунӣ ва манфиатҳои рӯзноманигори латукӯбшуда Доро Маҳкамов ёрии ҳуқуқии худро идома медиҳад. 18-уми сентябр ба рӯзноманигор супориш дода мешавад, ки рафти сохтмон ва савдои кӯчагиро инъикос кунад ва ӯ ба ҳамин хотир ба...

12.10.2016 - 14:33

Як ҷавони 17-сола иддао дорад, мавриди латту кӯби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Шаҳритус қарор гирифтааст.  Бахтовар Маҳмадиев имрӯз, 11 октябр дар суҳбати телефонӣ ба “Озодагон” гуфт, панҷ рӯз мешавад, ки дар беморхона бистарӣ аст. Ӯ гуфт, ҳодисаи латту кӯбаш 7 октябр сурат гирифт: “Ҳамон рӯз дар хона набудам, кормандони “военикомат” омада, дидаанд, ки касе нест, аз...

11.10.2016 - 10:19

Созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар дидори навбатии худ дар робита ба қазияи латту кӯби рӯзноманигори Маркази тадқиқоти журналистӣ иттилоияи Вазорати корҳои дохилиро ба баррасӣ гирифтанд.  Дар ин ҳамоиш, ки баъд аз зуҳри имрӯз, 10 октябр дар шаҳри Душанбе сурат пазируфт, аз таъйиди далели латту кӯби журналист аз сӯи ВКД изҳори қаноатмандӣ шуд, аммо иштирокдорон...

11.10.2016 - 08:58

Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи расмӣ сабаби ба мурофиаи додгоҳии сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев ҳозир нашудани намояндаашро шарҳ додааст.  Мурофиаи додгоҳии дубора барои рӯёндани зарари маънавию моддии Шаҳбол Мирзоев аз мақомоти марзбонӣ 6-уми октябри соли равон дар додгоҳи низомии гарнизони шаҳри Душанбе дар назар буд, аммо бо далели...

09.10.2016 - 09:29

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ҳолати латукӯби рӯзноманигор Доро Суҳробиро аз ҷониби корманди милиса дар маҳаллаи “Гипрозем” мавриди санҷиш қарор додааст.  Ин ниҳод имрӯз, 7-уми октябр бо пахши иттилоияи расмӣ гуфт, “дар аризаи худ Доро Суҳробӣ сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Синоро гунаҳгор медонист, аммо ҳангоми рӯбарӯкунӣ бо сардори ШВКД-1 дар ноҳияи Сино полковники милитсия...

07.10.2016 - 13:53

Доро Суҳробӣ, журналисти латукӯбшуда аз ҷониби милиса маротибаи дуюм аст, ки аз ҳуш меравад ва бо мошини ёрии таъҷилӣ ба бемористон расонида мешавад. Бо Доро, ки рангу рӯяш парида ва дар ҳоли ногувор қарор дошт, дар бемористони «Истиқлол» суҳбат намудем. Ӯро Раҷабзода Маҳмадулло, ректори Донишкадаи забонҳо ва декани факултаи филололияи рус Тавбаева Мавлуда Мусулмоновна ҳамроҳӣ менамуданд....

07.10.2016 - 11:39

Имрӯз, 6 октябр дар бинои суди ҳарбии гарнизони Душанбе мебоист оид ба масъалаи таъини ҷубронпулӣ ба сарбози латукӯбшуда Шаҳбол Мирзоев мурофиаи навбатии судӣ доир мегардид. Мурофиа бинобар сабаби ҳозир нашудани ҷавобгарон - намояндагони Сарраёсати Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон ба он ба муҳлати дигар мавқуф гузошта шуда, санаи баргузории мурофиаи минбаъда алҳол номаълум аст....

06.10.2016 - 12:24

Қазияи латту кӯби рӯзноманигори Маркази тадқиқоти журналистӣ зери назорати созмонҳои хабарнигорӣ, ҳомиёни ҳуқуқ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ қарор дорад. Ин нукта дар ҳамоиши Шабакаи ҳомиёни ҳуқуқ ва хабарнигорон оид ба тадқиқоти журналистӣ ва намояндаи Шӯрои ҷамъиятӣ оид ба ислоҳоти милиса таъкид шуд.  Дар ҳамоиши мазкур, ки имрӯз, 6 октябр дар Душанбе сурат пазируфт, таъкид гардид, ки стратегияи...

06.10.2016 - 12:18

Страницы