Article Pages

Шералӣ Мирзо, вазири мудофиаи Тоҷикистон таҳқиқи қазияҳои латукӯби навдаъватшудаҳо ба артиш дар Панҷакентро зери назорат гирифтааст. Бино ба иттилои як манбаъ аз вазорати мудофиа, ки аз ифшои номаш худдорӣ кард, вазорати мудофиа таҳқиқи қаҳияи латукӯби се сокини шаҳри Панҷакентро оғоз кардааст. Манбаъ мегӯяд, бо супориши Шералӣ Мирзо, вазири дифо 2 рӯз пеш сардори яке аз раёсатҳои вазорат...

08.12.2014 - 15:41

Волидайни як ҷавони 22-солаи сокини Панҷакент аз латукӯби писарашон аз ҷониби кормандони шӯъбаи корҳои дохилии ин шаҳр ба Додситонии вилояти Суғд шикоят бурдаанд.Нигора Раҳмонова, модари Ҷалолзода Самандар --сокини Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфт, соати 10-и шаби рӯзи 4-уми декабр писарашро ду корманди милиса, ки насаби якеаш Арбобов мебошад, аз дохили мошини сабукраваш берун кашида, ба бинои...

08.12.2014 - 15:38

Модари 54-сола Бибимарям Ҳамроева, сокини рустои Чорбоғи ҷамоати Косатароши шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки бар асари латукӯби кормандони комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент дар беморхонаи амрози қалби шаҳр бистарӣ шудааст. Хонум Ҳамроева ҳангоми сӯҳбат ба Faraj.tj гуфт, ки ӯ соҳиби 8 фарзанд - 4 духтар ва 4 писар мебошад. Ба қавли ӯ, ин ҳодиса рӯзи 20-уми ноябри соли ҷорӣ рух додааст. Дар ҳамин...

02.12.2014 - 19:25

Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ ба сарбози 23-сола Шаҳбол Мирзоев, ки аз лату кӯби фелдшери қисми низомии 2026-и ноҳияи Рӯдакӣ маъюб шуд, тибқи маъбии гурӯҳи I дар ҳаҷми 130 сомонӣ нафақа таъин намуд. Нуъмон Мирзоев, падари сарбози ҷабрдида ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шаҳбол Мирзоев муддати д усол – аз 18 сентябри соли ҷорӣ то 30-...

01.12.2014 - 16:24

Сокини деҳаи Сӯҷинаи ҷамоати деҳоти Сӯҷинаи шаҳри Панҷакент Абдуҷаббор Рустамов, ки дар беморхона бистарӣ мебошад, мегӯяд аз тарафи комиссари комиссариати ҳарбии шаҳри Панҷакент мавриди латукӯб қарор гирифта, дандонаш шикастааст. Аз рӯи нақли ҷабрдида, комиссари комиссариати ҳарбӣ Хуршед Қобилов ӯро барои он латукӯб намудааст, ки гӯё писараш аз хизмат гурехта бошад. - Маро рӯзи 24-ум ба...

25.11.2014 - 20:53

Санҷиши қазияи латукӯби бераҳмонаи Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава” шурӯъ шуд, худаш ҳоло ҳам дар бемористон аст.  Додситонии низомии шаҳри Панҷакент ба санҷиши қазияи латукӯби бераҳмонаи Саидалӣ Ҳақбердиев ҳангоми “облава”-ро шурӯъ кардааст, ки ӯ баъди ин ҳодиса ду рӯз дар бемористон беҳуш буд. Падари Саидалии 24-сола рӯзи 19-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аз рӯи се маъмури...

20.11.2014 - 13:11

Дар Тоҷикистон то кунун ҳудуди 3 ҳазору 300 маҳбус дар доираи татбиқи Қонуни ҶТ «Дар бораи авф» аз ҳабсхонаҳо ва муассисаҳои маҳали сукунат озод карда шудааст. Тавре аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ иттилоъ доданд, раванди озод кардани маҳбусон аз зиндонҳои Тоҷикистон дар ҳоли анҷомёбӣ буда, ҳамакнун марҳилаи коҳиши муҳлати ҷазои зиндониён оғоз меёбад. Ба иттилои ин...

19.11.2014 - 19:38

Наздикони Шаҳбол Мирзоев, сарбози латтукӯбшуда ва маъюби тоҷик, аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба раҳбарии генерал Раҷабалӣ Раҳмоналӣ 241 ҳазор сомонӣ зарари маънавию моддӣ талаб доранд. Дилшод Ҷӯраев, вакили мудофеи хонаводаи Мирзоевҳо, рӯзи 14 ноябр дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, онҳо аз Сарраёсати қушӯнҳои сарҳадӣ 97 ҳазор ҷуброни...

19.11.2014 - 11:45

Волидони як ҷавони сокини деҳаи Яккахонаи ноҳияи Панҷакент мегӯянд, ки писарашон бар асари латукӯби кормандони комиссариати ҳарбӣ ҳини "облава", ду рӯз дар беморхона беҳуш мондааст. Бар асари латукӯби кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷакент сокини деҳаи Яккахонаи ноҳия Саидалӣ Ҳақбердиеви 24-сола ду рӯз беҳуш дар беморхона бистарӣ шуда, пардаи гӯшаш даридааст. Мирзоалӣ Ҳақбердиев,...

07.11.2014 - 21:47

Раиси вилояти Суғд хароҷоти табобати Шаҳбол Мирзоев - сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро, ки моҳи март бар асари бадрафторӣ дар қисми низомӣ маъюб шуда буд, бар ӯҳда гирифтааст. Дар ҳоле, ки табобати Шаҳбол Мирзоев, сарбози нерӯҳои марзбонии тоҷик пас аз се рӯз дар Хуҷанд ба анҷом мерасид ва ба ноҳияи Ашт, ки дар онҷо бар асари лимит мушкили барқ вуҷуд дорад, бурда мешуд, раиси вилояти...

04.11.2014 - 10:00

Страницы