Article Pages

Дар шаш моҳи аввали соли 2021, сарфи назар аз пандемияи идомадори коронавирус, ба дафтари Ваколатдор 11 шикоят аз ҷониби аҳолӣ дар мавриди тафтишот ва истифодаи шиканҷа (дар ҳамин давраи соли гузашта 6 адад) ворид шудааст. Дар ин бора 15-уми июл Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҶТ Умед Бобозода дар нишасти матбуотӣ хабар дод. Дар умум, ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввал ба дафтари Ваколатдор...

15.07.2021 - 13:52

Намояндаи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии (СРИҶҶ) Вазорати адлияи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки дар робита ба мавҷи навбатии сирояти коронавирус дар муассисаҳои ислоҳотии кишвар ягон маҳдудият ҷорӣ карда нашудааст. «Мулоқот бо хешовандону адвокатҳо бо тартиби қаблӣ амалӣ карда мешавад. Талаботи ягона барои боздидкунандагон – ин мавҷудияти тести манфии коронавирус ва риояи меъёрҳои санитарӣ-...

14.07.2021 - 14:38

10-уми декабри соли 1984 аз ҷониби Ассамблеяи Генералии СММ Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо қабул гардида, 26-уми июни соли 1987 ба қувваи қонунӣ даромад. Баъди 10 сол, дар соли 1997 Ассамблеяи Генералии СММ 26-уми июнро Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа эълон кард. Айни замон 156 давлат иштирокчиёни...

26.06.2021 - 10:30

25-уми июн дар Душанбе дар арафаи Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, бо дастгирии молиявии Фонди Ҳелсинкӣ оид ба ҳуқуқи инсон тренинги «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!» баргузор гардид. Дар дафтари ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки...

25.06.2021 - 17:07

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон озмуни расмҳоро дар мавзуи «Ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа», ки миёни ҳамаи хоҳишмандон, аз ҷумла рассомон, тарроҳон ва дигар нафарони ихътисосҳои эҷодӣ доир гардида буд, ҷамъбаст намуд. Маҳдудиятҳои техникиву матолиб вуҷуд надоштанд. Корҳои анҷомёфта аз ҷониби Эътилоф бо тасмими инфиродиаш ва бидуни розигии муаллифон истифода бурда...

24.06.2021 - 19:01

17-уми июни соли 2021 Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳукм аз рӯйи парвандаи ҷиноятӣ нисбати собиқ кормандони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар содири як қатор ҷиноятҳо, аз ҷумла шиканҷаи сокини шаҳри Турсунзода Ҳасан Ёдгоров айбдор дониста мешуданд, эълон кард. Ҳасан Ёдгоров соли 2017 давоми ним сол бо гумонбарӣ дар содир кардани ҷинояти куштор дар тавқифгоҳи тафтишотӣ қарор дошт ва баъди он,...

19.06.2021 - 16:34

Рӯзи 14-уми июн дар яке аз радиоҳои машҳури ватанӣ - «Ватан» барнома бахшида ба 26-уми июн - Рӯзи байналмилалии СММ ба дастгирии қурбониёни шиканҷа пахш гардид. Рӯзи байналмилалӣ бо мақсади аз байн бурдани шиканҷа ва таъмини амалисозии Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф ва ҷазо гузаронида мешавад. Ин рӯз имкон медиҳад, ки...

18.06.2021 - 16:30

ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» - ташкилоти узви Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи ҶТ барои кормандони системаи пенитенсиарии кишвар силсилаи тренингҳоро мегузаронанд. Мавзуи тренингҳо «Хусусиятҳои нигоҳдорӣ ва дастгирии равонии маҳбусон тибқи стандартҳои милливу байналмилалӣ (Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак...

17.06.2021 - 16:27

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон рӯзи 15-уми июн бахшида ба Рӯзи байналмилалии дастгирии қурбониёни шиканҷа, ки ҳамасола 26-уми июн қайд карда мешавад, чорабинии «Ман тарафдори аз байн бурдани шиканҷа ҳастам!»-ро гузаронид. Намоиши аксҳо дар меҳмонхонаи «Душанбе Серена» гузаронида шуд. Дар доираи чорабинӣ намоиши аксҳои қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаҳои онҳо...

15.06.2021 - 14:18

Страницы