Article Pages

Як вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дар сафари корӣ ҳастанд ва баъди бозгашт масъалаи меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон матраҳ хоҳанд кард. Вакилони порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди пахши хабарҳо дар бораи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" ва марги иҷбории баъзе аз сарбозон дар артиш, то ҳол ҳеч нафар бо ариза ба онҳо муроҷиат накардааст. Рустам...

26.04.2016 - 09:38

Дафтари Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон эълон кард, ки таҳқиқи марги сарбоз Бахтиёр Қубонмадовро дар қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар минтақаи Рашт зери назорат гирифтааст.  Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ваколадтор оид ба ҳуқуқи инсон дар робита ба марги Бахтиёр Қурбонмадов бо прокурори ҳарбии горнизони минтақаи...

25.04.2016 - 20:13

Вазъи сарбози қатории Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки моҳи март дар пайи як тирпаронӣ бо ҳамхидматаш маҷруҳ шуд, вазнин арзёбӣ мешавад.  Илҳом Шафоев, ки шаш моҳ ба ин сӯ дар Қисми низомии 2931, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) хидмат мекард, баъд аз зуҳри 25 марти соли равон бо захми се тир ба Беморхонаи марказии ноҳия оварда шудааст. Бино ба иттилои як манбаъ аз...

22.04.2016 - 13:05

Як сокини 19-солаи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод шоми 19-уми апрел ҳангоми фирор аз “облава” дар шаҳри Роғун худро ба дарё андохтааст.  Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” марҳум Шарифов Қиёмуддин, сокини 19-солаи деҳаи Алигалабон, ҳангоми фирор аз “облава” тақрибан соати 17:00-и 19-уми апрел дар мавзеи деҳаи Луғуроби шаҳри Роғун худро ба дарёи Вахш андохта, ғарқ шудааст. ...

21.04.2016 - 21:07

Ҷасади як сарбози Вазорати дифоъ ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи хидмат ба наздиконаш супурда шудааст. Онҳо мегӯянд, ӯ бар асари латту кӯб фавтидааст, аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, аз сактаи қалб. Ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии...

20.04.2016 - 10:51

Додситонии кулли Тоҷикистон дархости муттаҳамон дар қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро, ки гуфтаанд, аз ҷониби маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, рад кардааст. Мавлудхон Салихов, вакили дифои Умедҷони Амрохон, яке аз гумонбарони асосии қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ имрӯз, 19 апрел ба “Озодагон” гуфт, дар посухи...

19.04.2016 - 21:05

Намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон барои гумонбари асосӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино ҳабси абад хостааст. Бахтиёр Маҳмудзода, намояндаи Додситонии кулли Тоҷикистон, барои Умедҷони Амрохон - гумонбари асосӣ дар ҳамла ба кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино – ҳабси абад хостааст. Дар ин бора 18 апрел Савлатбӣ Раҳматова, модари Умедҷон, ба Озодӣ хабар дод ва...

18.04.2016 - 12:18

Комиссариати ҳарбии минтақаи Кӯлоб тасмим дорад, нисбати имом-хатиб ва масъулини масоҷид, ки аз фиристодани фарзандонашон ба артиш худдорӣ мекунанд, ба додгоҳ шикоят барад.  Як масъули ин ниҳод ба “Озодагон” гуфт, дар раванди даъвати баҳории ҷавонон ба сафи қувваҳои мусаллаҳ ҳолатҳои саркашии имом-хатиб ва нафароне, ки миёни мардум аз обрӯву эҳтиром бархӯрдоранд, аз фиристодани...

18.04.2016 - 10:35

Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар минтақаи Кӯлоб аз боздошти як корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Муъминобод хабар дод.  Аз ин ниҳод ба “Озодагон” гуфтанд, М.Ҳасанов, ки ба ҳайси ёрдамчии калони комисари ҳарбии ноҳия фаъолият мекардааст, рӯзи 11 апрел дастгир шуд. Манбаъ мегӯяд, Ҳасанов барои аз рӯйхати даъватшавандаҳо берун кардани исми як...

15.04.2016 - 10:32

Як созмони ҳомии ҳуқуқи сарбозон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки моҳи феврал як ҷавони зодаи Хатлон бар асари шиканҷа дар қисми низомӣ ҷон дода, таҳқиқи парвандаи маргаш то ҳол ҷараён дорад. "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", созмони ҳомии ҳуқуқи ҷавонони синни даъват ба хидмати ҳарбӣ, мегӯяд, ки аз аввали соли ҷорӣ ҳалокати як сарбози тоҷик бар асари шиканҷа дар қисмҳои низомиро сабт кардааст....

15.04.2016 - 10:10

Страницы