Article Pages

Бо гузашти ёздаҳ рӯз аз марги Ҳамза Икромзода, маҳбуси 27-солаи муассисаи ислоҳии №1-и назди Вазорати адлияи Тоҷикистон, хулосаи ташхиси судии марҳум ба хонаводааш дода нашудааст.  Ҷасади Ҳамза Икромзодаро, ки бинобар гуфтаи наздиконаш, дар натиҷаи латукӯби масъули маҳбас ба ҳалокат расидааст, 20-уми сентябри соли ҷорӣ ташхис карда буданд. Мебоист аз натиҷаи ташхиси марҳум...

02.10.2012 - 17:12

Сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлия Иззатулло Шарифов ба наздикони Ҳамза Икромзодаи ҳалокшуда ваъда кард, ки сарфи назар аз натиҷаҳои ташхиси тиббӣ, сардори муаасисаи ислоҳии ЯС №3/1 Рустам Тоштемиров аз мансаб сабукдӯш мегардад. Наздикони Ҳ.Икромзода дар назди бинои сарраёсати мазкур ҷамъ омада, талаб карданд, ки сабабҳои марги ӯ дақиқона мавриди тафтишот қарор гирифта, гунаҳкорон...

01.10.2012 - 14:10

Вазири адлияи Тоҷикистон рӯзи якуми октябр дар робита ба марги Ҳамза Икромзода дар зиндон изҳори назар кард. Рустам Менглиев , вазири адлияи Тоҷикистон, рӯзи якуми октябр пас аз ҷаласаи вакилони Маҷлиси намояндагон дар робита ба ҳодисаи фавти Ҳамза Икромзодаи 27-сола дар зиндони рақами 1-и Душанбе изҳори назар кард. Ӯ гуфт, ин мавзӯъ дар вазорати адлия муҳокима шуда, онҳо мунтазири...

01.10.2012 - 13:01

Наздикони Икромзода, ки дар маҳбас ба ҳалокат расидааст, хостори таҳқиқи дақиқи марги ӯ шуданд. Ҳудуди 10 нафар аз сокинони деҳаи Хирманак, бо шумули хешовандони Ҳамза Икромзода дар назди Сарраёсати иҷрои ҷазои Вазорати адлияи Тоҷикистон (саридораи зиндонҳо) ба нишони эътироз ҷамъ омада, хостори таҳқиқи ҳарчи зудтари сабабҳои марги ӯ шудаанд.  Дилхоҳ Икромзода, хоҳари Ҳамза...

28.09.2012 - 13:15

Баъди талошҳои беш аз як моҳа вакилони дифоъи Шерик Карамхудоев, раиси бахши шаҳрии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар шаҳри Хоруғ бо зерҳимояи худ вохӯрдаанд. Шерик Карамхудоев аз ҷиноятҳое, ки мақомот ӯро дар содир карданашон айбдор мекунад, рад карда гуфтааст, бо оғоз шудани амалиёти низомӣ дар Вилояти мухтори кӯҳистони Бадахшон ӯ мисли даҳҳо сокини Хоруғ дар талоши ҳимояи ҷони худ...

27.09.2012 - 09:04

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия ҳодисаи марбут ба марги маҳбус Ҳамза Икромзода дар муассисаи ислоҳотии ЯС №3/1-ро тавзеҳ дод. Қаблан иттилоъ дода шуда буд, ки Ҳ.Икромзода на дар муассисаи ислоҳӣ, балки дар тавқифгоҳи тафтишотии Вазорати адлия нигаҳдорӣ мешавад. Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» муовини сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия Баҳром Абдулҳақов...

25.09.2012 - 18:39

Баҳром Абдулҳақов - муовини аввали раиси Сарраёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Тоҷикистон ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки ба хотири маълум кардани сабаби аслии марги Ҳамза Икромзода дар маҳбаси рақами 1 комиссияи махсус таъсис ёфтааст. Ба иттилои ў, аъзои ин комиссия тамоми ҳолаТаъсиси комиссияи махсус барои таҳқиқи марги Икромзода ту сабабҳои марги Ҳамза Икромзодаро меомӯзад ва баъдан...

25.09.2012 - 10:23

Як маҳбуси ҷавон гӯё бар асари латукӯби маъмурони маҳбаси рақами аввали пойтахт, ҷони худро аз даст додааст. Наздикони Ҳамза Икромзодаи 27-сола иддао мекунанд, ки сабаби марги маҳбус лату куби шадид будааст. Амир Икромзода, бародари Ҳамза рӯзи ҷумъа ба радиои Озодӣ гуфт, ки субҳи ҳамин рӯз ҷасади бародарашро аз маҳбас гирифтаанд ва дар бадани ӯ осори шадиди латукӯб, доғи сиёҳ дар...

21.09.2012 - 15:58

Дар рустои Хирманаки ноҳияи Ҳисор, 25-километрии ғарби Душанбе, ҷанозаи Ҳамза Икромзодаро ба хок супориданд. Ҳамза Икромзодаи 27- сола, ки ду сол пеш ба 8 соли зиндон маҳкум шуда буд, ба гуфтаи пайвандонаш, рӯзи 20-уми сентябр дар зиндони рақами аввали Душанбе бар асари латту кӯб ва шиканҷа ҷон бохтааст. Замоне, ки вориди манзили хонаводаи нафари марҳум шудем, волидону бастагони ӯ...

21.09.2012 - 15:37

Покизамоҳ Иқболшоева, модари раиси бахши ҲНИТ дар шаҳри Хоруғ Шерик Карамхудоев, ки аз охири моҳи июл то кунун дар тавқифгоҳи КДАМ нигоҳдорӣ мегшавад, ба Прокурори генералӣ, Ваколатдори ҳуқуқи инсон ва Дастгоҳи иҷроияи президенти кишвар шикоят бурд. «Ҳангоме ки ба ман вохӯрӣ бо писарамро иҷозат доданду ман бо Шерик вохӯрдам, дар ӯ ошкоро осори латукӯб ба мушоҳида расид, зеро сараш бо дока...

19.09.2012 - 10:35

Страницы