Article Pages

Аз 19 то 21-уми сентябри соли 2017 аъзои Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон зимни як сафари шиносоӣ аз марказҳои офиятбахшӣ барои қурбониёни шиканҷа ва дигар намудҳои муносибатҳои бераҳмона дар Грузия ва Арманистон дидан намуданд. Ҳайати тоҷикистонӣ аз намояндагони Гурўҳ оид ба офиятбахшии қурбониёни шиканҷа ва аъзои оилаи онҳо, Гурўҳи кўмаки ҳуқуқӣ ва Гурўҳ оид...

16.10.2017 - 14:36

Аз 15 то 27-уми сентябри соли 2017 дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қўрғонтеппа, Кўлоб ва ноҳияи Рашт барои намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ чорабиниҳои иттилоотӣ оид ба раванди Тафсири даврии универсалӣ (ТДУ) ташкил карда шуданд. Дар рафти чорабиниҳои иттилоотӣ ба иштирокдорон оид ба раванди Тафсири даврии универсалӣ, Гузориши миллии аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омодакардашуда...

14.10.2017 - 20:16

Адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод Ҷӯраев аз болои ҳалномаи Суди ҳарбии гарнизони Душанбе нисбати парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носиров ба Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти кассатсионӣ бурдааст. Тавре Дилшод Ҷӯраев изҳор дошт: "Мо аз Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон талаб дорем, ки ҳалномаи Суди ҳарбии...

11.10.2017 - 15:45

Пайвандони як ҷавони 18 сола дар Душанбе иддао доранд, ки субҳи барвақти 10-уми октябр ӯро аз ҷойгаҳи хобаш бо зӯр, яъне тариқи “облава” ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Созмони “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" мегӯяд, ҳафтаи гузашта бо чунин мазмун аз сокинони кишвар 8 шикоят дарёфт кардааст. “Писарамро облава карданд” Гулбаҳор Маҳмадқулова, сокини шаҳри Душанбе, ки ҳоло дар Русия дар муҳоҷирати...

11.10.2017 - 11:03

Комиссари комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ Дилшод Гулов ба роҳ мондани “облава”-ро аз ҷониби кормандони ин ниҳод рад карда гуфт, чунин овозаҳо асос надоранд ва то ҳануз касе бо ин роҳ ба хизмати аскарӣ ҷалб карда нашудааст. Гулов имрӯз дар суҳбат бо мо гуфт, овозаҳо дар мавриди бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба хизмати ватан ҷалб намудани ҷавонон асоси воқеъӣ надоранд, баракс ҳар рӯз 3-4 нафар бо хоҳиши...

09.10.2017 - 10:54

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мизи мудаввар оид ба таҳия ва коркарди тафсири Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш намояндагони мақомоти қудратӣ, созмонҳои ҷамъиятию байнулмилалӣ ва коршиносон ширкат карданд. Дар ин ҳамоиш Саидаҳмад Икромов,  менеҷери Барномаи волоияти қонун ва дастрасӣ ба адолати Барномаи Рушди СММ зикр кард: “Тайи зиёда аз...

06.10.2017 - 17:01

Муҳосиби беморхонаи марказии ноҳияи Панҷ Ризвон Бегалиев субҳи рӯзи 3-юми октябр дар утоқи корӣ мавриди «облава»-и кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Панҷ қарор гирифта, худи ҳамон рӯз ба Комиссариати вилоятии ҳарбии шаҳри Қӯрғонтеппа интиқол дода шудааст. Нуралӣ Бегалиев, сокини ҷамоати “Озодагон”-и ноҳияи Панҷ, падари Ризвон дар сӯҳбат бо мо гуфт, писараш 22-сола буда, пас аз хатми...

04.10.2017 - 12:50

Гурез аз хидмат дар саффи артиш бо баҳонаи беморӣ ва корношоямӣ дар баъзе аз шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон афзудааст. Мақомот гуфтанд, ки ҳар сол даҳҳо ҷавон бо сабаби “негодный” (корношоям) будан ба хидмат ҷалб намешаванд. Ин ҳарфҳои мақомоти Тоҷикистон дар остонаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба артиш садо дод. Ин маърака рӯзи 1-уми октябр оғоз ёфт ва то ду моҳи дигар идома мекунад. Мақомоти...

02.10.2017 - 12:39

Суди ҳарбии гарнизони Душанбе баррасии парвандаи қурбонии бадрафторӣ Мақсуд Носировро ҷамъбаст кард. Баррасикунандаи ин парванда судя Лоиқзода Наҷмуддин Абдураҳим 28-уми сентябр дархости наздикони Мақсуд Носировро оид ба рўёнидани ҷуброни зарари маънавӣ дида баромада, ҳаҷми ҷубронро 2000 сомонӣ муайян кард. Адвокати Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон Дилшод...

28.09.2017 - 12:34

Ҷасади сарбозеро, ки панҷ моҳ пеш дар як маросими кӯлчагазон бо рақсу шодӣ ва ихтиёрӣ аз ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ба хидмати артиш рафта буд, рӯзи 25-уми сентябр ба хок супурдаанд. Маҳмадхӯҷа Қутбиддинови 22-сола аз деҳаи Фароғати ҷамоати деҳоти Тахти сангин, рӯзи якуми апрели имсол ба артиш рафт ва дар қисми ҳарбии 051058-и мутааллиқ ба Горди миллӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун хидмат мекард...

27.09.2017 - 11:23

Страницы