Суди олии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2018 як парванда нисбат ба ду нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба шиканҷа баррасӣ гардида, муттаҳамон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда шуданд.
Раиси Суди олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён дирӯз, 4-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон шиканҷаро «масъалаи ҷиддӣ» унвон карда, гуфт, бояд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаботи қонун...