Article Pages

Падари Суннатулло Ризоев, яке аз ду маҳбусе, ки ду рӯз пас дар боздоштгоҳи шаҳри Хуҷанд барои “гувоҳии бардурӯғ” ва “номураттаб сохтани фаъолияти муасcисаи ислоҳӣ” муҳокима хоҳанд шуд, аз созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар хоста нисбат ба ин қазия бетафовут набошанд. Маҳмуроди Одина, ки ҳамзамон масъули Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи маҳбусон ва мубориза бо шиканҷаи марбут ба эътилоф Барои Демукросӣ ва...

23.07.2013 - 10:46

Шерхон Салимзода,  додситони кулли Тоҷикистон рӯзи  22 июл дар нишасти хабариаш гуфт,  дар муддати шаш моҳи соли ҷорӣ алайҳи худи кормандони ҳифзи ҳуқуқ 158 парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Вай гуфт, ки ин парвандаҳо нисбати кормандони ҳифзи ҳуқуқ барои роҳ додан ба ҷиноятҳои мухталиф боз шуда ва муҷозот шудаанд. Ҳамчунин ба таъкиди ҷаноби Салимзода, нисбати 7 тан аз...

22.07.2013 - 21:52

Додгоҳи шаҳри Чкалов муҳокимаи парвандаи як корманди пулиси Исфараро бо иттиҳоми шиканҷа идома медиҳад. Шариф Қурбонов, додситони вилояти Суғд, ки тафтиши ин парвандаро анҷом додааст, гуфт, Азимулло Азимов, сардори бахши кофтукови ҷиноии Шӯъбаи корҳои дохилии шумораи 1-и Исфара мутобиқи се банди Кодекси ҷиноии Тоҷикистон: банди 143 - “шиканҷа”, 316 - “баромадан аз ҳадди ваколатҳои...

22.07.2013 - 15:33

Суди ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ се тан сокинони ноҳияи Панҷро бо ҷурми даст доштан дар гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир равонаи зиндон кард. Чӣ тавре ки ҳимоятгари яке аз маҳкумшудагон Рустам Давлатшоев ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, суд Шерхан Тағаев, Алиҷон Валиев ва Далер Зоҳидовро тибқи моддаи 200, қисми 3, банди «в,г» (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои...

20.07.2013 - 20:06

Ҳар як кишвари узви Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ӯҳдадор аст, усули муассири ҳимояти ҳуқуқиро барои он шахсоне таъмин кунад, ки ҳуқуқ ва озодиашон поймол шудааст. Дар ин замина пешниҳоди ҷуброни зарар яке аз воситаҳои асосии ҳифзи ҳуқуқи ҷабрдидагон мебошад.  Моддаи 9-и Паймони байнулмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, ки Тоҷикистон онро пазируфтааст, чунин муқаррар мекунад...

19.07.2013 - 10:59

Наздикони қурбониёни ҳаводиси  Хоруғ аз гузориши намояндаи Тоҷикистон дар назди Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ  норозӣ ҳастанд ва мегӯянд, ки аксари қурбониёни амалиёти 24-уми июли соли гузашта сокинони маҳаллии  бесилоҳ буданд. Ба гуфтаи наздикони қурбониён, иддаои намояндаи  Тоҷикистон дар нишасти Кумита дар Женева оид ба 21 қурбонии амалиёт, ки гӯё  алайҳи нерӯҳои...

17.07.2013 - 14:27

Дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ як корманди милиса ба истифодаи шиканҷа айбдор карда шудааст. Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сардори шуъбаи тафтишоти парвандаҳои махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон Музаффар Юсуфов хабар дод, парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба корманди фаврии Шӯъбаи ВКД ҶТ дар шаҳри Сарбанд Нусрат Ёдгоров ба суди шаҳр ирсол шудааст. Ёдгоров ба истифодаи шиканҷа дар нисбати...

11.07.2013 - 14:54

Додгоҳи ноҳияи Ёвон ба баррасии дубораи парвандаи бадрафтории корманди собиқи милисаи ноҳия Машраб Алиев шурӯъ кардааст. Шодмон Алиев , раиси додгоҳи ноҳияи Ёвон  рӯзи 9 июл ба Радиои Озодӣ гуфт,  парвандаи ҷиноии Машраб Алиев рӯзи душанбе дубора ба дасти онҳо расид ва додгоҳи ноҳия бо амри Додгоҳи олӣ ин қазияро мавриди тафтиш ва муҳокимаи дубора қарор медиҳад. Ба иттилоъи...

09.07.2013 - 18:40

Шӯҳрат Қудратов, вакили дифои Зайд Саидов мегӯяд, ки аз ҷониби муфаттишони Оҷонсии зиди фасод латукӯб шудааст. Вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов, ки аз Зайд Саидов ҳимояи ҳуқуқӣ мекард, дар таърихи 25-уми июн бар асоси аризаи Зайд Саидов, ки дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллӣ ба сар мебарад, аз вакилии ӯ барканор шуд. Шӯҳрат Қудратов рӯзи 5-уми июл ба радиои Озодӣ хабари дар расонаҳо пахш...

05.07.2013 - 18:11

Дар Машварати муқаддамотии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон, ки рӯзҳои 2-3 июл дар Душанбе доир гардид, мавзӯи «Ҳуқуқи инсон ва нерӯҳои мусаллаҳ» низ баррасӣ шуд. Зимнан намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон роҷеъ ба хизмати ҳарбӣ ва мушкилоти ҳалталаби он табодули назар карданд. Дар ин бахши машварати муқаддамотӣ полковник Ҳусния Хушдилова,...

04.07.2013 - 19:50

Страницы