Article Pages

Умедҷони Амрохон, гумонбари асосӣ дар ҳамла болои чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахт, ки ду кушта бар ҷой гузошта буд, 30 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Умедҷони Амрохон , гумонбари асосӣ дар ҳамла болои чор корманди комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, ки ду кушта бар ҷой гузошта буд, 30 сол равонаи зиндон шуд. Дар ин бора ҳукми Додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ содир...

27.04.2016 - 17:16

Ҷӯрабой Бобоев, падари Исмонбой Бобоев, ки соли 2010 баъди боздошташ аз сӯи кормандони мақомоти пулис ба таври мармуз фавтид, ҳанӯз талош дорад, омилони марги писараш ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.  Абдураҳмон Шарипов, вакили дифои Ҷӯрабой Бобоев мегӯяд, онҳо дар мавриди беасар будани тафтишоти парвандаи марги Исмонбой ба Додситонии кулл ариза супурдаанд. Исмонбой Бобоев,...

27.04.2016 - 10:42

Вазорати корҳои дохилӣ ба Хушвақт Қаюмов 16 ҳазор соомнӣ ҷуброни зарари маънавӣ пардохтааст. Ин сокини Ёвон чор соли пеш мавриди шиканҷаи як маъмури пулис қарор гирифта буд. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба Хушвақт Қаюмов, ки дар чор соли пеш аз сӯи як корманди пулис дар ноҳияи Ёвон мавриди латту кӯб қарор гирифта буд, 16 ҳазор сомонӣ (муодили 2 ҳзаор доллар) ҷуброни зарари маънавӣ...

26.04.2016 - 18:47

Дар робита ба марги Фаррухҷон Ҳайталиев се афсару сарбози нерӯҳои марзбонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ муттаҳам мешаванд. Додситонии низомӣ нисбат ба 3 афсар ва сарбози қисми ҳарбии 2847-и мутааллиқ ба нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Баҳодур Касиров, муфаттиши Додситонии низомӣ, рӯзи 26 апрел дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, ки ин афрод дар марги сарбози ҳамин қисми...

26.04.2016 - 11:56

Як вакили порлумони Тоҷикистон гуфт, ки ҳоло дар сафари корӣ ҳастанд ва баъди бозгашт масъалаи меҳтарсолорӣ дар қисмҳои ҳарбиро дар ҷаласаи Маҷлиси Намояндагон матраҳ хоҳанд кард. Вакилони порлумони Тоҷикистон мегӯянд, ки бо вуҷуди пахши хабарҳо дар бораи меҳтарсолорӣ ё "дедовшина" ва марги иҷбории баъзе аз сарбозон дар артиш, то ҳол ҳеч нафар бо ариза ба онҳо муроҷиат накардааст. Рустам...

26.04.2016 - 09:38

Дафтари Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон эълон кард, ки таҳқиқи марги сарбоз Бахтиёр Қубонмадовро дар қисми низомии 02011-и Қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар минтақаи Рашт зери назорат гирифтааст.  Тавре аз ин ниҳод ба “Озодагон” иттилоъ доданд, ваколадтор оид ба ҳуқуқи инсон дар робита ба марги Бахтиёр Қурбонмадов бо прокурори ҳарбии горнизони минтақаи...

25.04.2016 - 20:13

Вазъи сарбози қатории Қушунҳои сарҳадии Тоҷикистон, ки моҳи март дар пайи як тирпаронӣ бо ҳамхидматаш маҷруҳ шуд, вазнин арзёбӣ мешавад.  Илҳом Шафоев, ки шаш моҳ ба ин сӯ дар Қисми низомии 2931, воқеъ дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин (Шӯроободи собиқ) хидмат мекард, баъд аз зуҳри 25 марти соли равон бо захми се тир ба Беморхонаи марказии ноҳия оварда шудааст. Бино ба иттилои як манбаъ аз...

22.04.2016 - 13:05

Як сокини 19-солаи ҷамоати деҳоти Ҳакимии ноҳияи Нуробод шоми 19-уми апрел ҳангоми фирор аз “облава” дар шаҳри Роғун худро ба дарё андохтааст.  Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” марҳум Шарифов Қиёмуддин, сокини 19-солаи деҳаи Алигалабон, ҳангоми фирор аз “облава” тақрибан соати 17:00-и 19-уми апрел дар мавзеи деҳаи Луғуроби шаҳри Роғун худро ба дарёи Вахш андохта, ғарқ шудааст. ...

21.04.2016 - 21:07

Ҷасади як сарбози Вазорати дифоъ ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи хидмат ба наздиконаш супурда шудааст. Онҳо мегӯянд, ӯ бар асари латту кӯб фавтидааст, аммо масъулони қисми низомӣ мегӯянд, аз сактаи қалб. Ҷасади Бахтиёр Қурмонмадов, сокини 22-солаи шаҳри Кӯлоб, рӯзи 19 апрел ва ҳамагӣ баъд аз панҷ рӯзи ба хидмати сарбозӣ рафтанаш ба хонаашон оварда шуд. Ин донишҷӯи факултаи иқтисоди Донишгоҳи давлатии...

20.04.2016 - 10:51

Додситонии кулли Тоҷикистон дархости муттаҳамон дар қатли кормандони комиссариати ҳарбии ноҳияи Синоро, ки гуфтаанд, аз ҷониби маъмурони пулиси ноҳияи Фирдавсии пойтахт мавриди шиканҷа қарор гирифтаанд, рад кардааст. Мавлудхон Салихов, вакили дифои Умедҷони Амрохон, яке аз гумонбарони асосии қатли кормандони комиссариати ҳарбӣ имрӯз, 19 апрел ба “Озодагон” гуфт, дар посухи...

19.04.2016 - 21:05

Страницы