Article Pages

Дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати ҶТ оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба фаъолият оғоз кард. Ин тасмим дар доираи лоиҳаи Фонди ихтиёрии СММ оид ба Тафсири Даврии Универсалӣ (ТДУ) бо дастгирии бахши минтақавии Идораи Комиссари Олии СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ амалӣ гардидааст. Сомонаи мазкур иттилоотро барои хонандагон бо...

11.02.2016 - 21:07

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумат ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии ҷумҳуриро ҷонибдорӣ намуд. Мутобиқи он, минбаъд бозпурсии шахсони синни аз 16-сола поён ба сифати шоҳидон ва ҷабрдидагон дар ҷараёни тафтиши парвандаҳои ҷиноӣ бидуни ҳузури омӯзгорони онҳо ва равоншинос манъ карда мешавад. Зимни суханронӣ назди вакилон оид ба ин масъала муовини...

11.02.2016 - 10:59

Қурбон Ҳамидов, шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз 26 январи соли равон дар беморхонаи шаҳри Ступино дар ҳолати беҳушӣ ё кома қарор дошт, даргузаштааст. Татяна Зуева,ҳамсари Қурбон дар марги ӯ кормандони пулисро муттаҳам медонад.  Ҷунбиши умумирусиягии “Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик” мегӯяд, Қурбон Ҳамидов ҳанӯз чор рӯз қабл ба ҳалокат расидааст, аммо табибон хабари марги ӯро ба наздиконашон...

10.02.2016 - 15:36

Зариф Ализода, ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ё омбудсмени Тоҷикистон мегӯяд, аз вазъи нигоҳдории Зарафо Раҳмонӣ, масъули боздоштшудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломӣ хабар гирифтаанд. Ҷаноби Ализода имрӯз, 8 феврал дар нишасти хабарие дар Душанбе изҳор дошт, дар бораи вазъи бади саломатии хонум Раҳмонӣ дар боздоштгоҳ аз расонаҳо огоҳӣ ёфта, муайян намудаанд, ки вазъаш хуб аст....

08.02.2016 - 21:03

Наздикони Ҳасан Юсуфов мегӯянд, ки ҷасади ин сокини 51-солаи Тоҷикистон рӯзи сешанбе аз Урумчӣ ба Душанбе оварда хоҳад шуд. Ӯ ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир дар Чин ба қатл расидааст. Тобути Ҳасан Юсуфов - соҳибкори тоҷик, ки ба ҷурми қочоқи маводи мухаддир аз сӯи мақомоти Чин ба қатл расидааст, рӯзи 2 феврал аз Урумчӣ ба Душанбе интиқол хоҳад ёфт. Наздикони ин соҳибкори тоҷик рӯзи 1 феврал...

01.02.2016 - 12:06

Ҳукми қатли шаҳрванди Тоҷикистон Ҳасан Юсуфов, ки дар Чин ба иттиҳоми интиқоли маводи мухаддир маҳкум шуда буд, субҳи рӯзи панҷшанбе иҷро шудааст. Масъулони вазорати умури хориҷии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки бар асоси гузорише, ки аз Сафорати Тоҷикистон дар Пекин расид, мақомоти Чин субҳи имрӯз, 28-уми январ ҳукми қатли шаҳрванди 51-солаи тоҷик Ҳасан Юсуфовро ба иҷро дароварданд. Ба гуфтаи...

28.01.2016 - 15:39

Дар як мизи гирд дар шаҳри Хуҷанд мавзӯъи «Бақайдгирии ибтидоии ҳарбӣ-пешомадҳо, муаммоҳо ва роҳҳои ҳалли он» бо ширкати созмонҳо, кормандони мақомот ва хабарнигорон баррасӣ шуд. Ин мизи гирд аз сӯйи созмони дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ, Иттифоқи волидайни сарбозони вилоят, шурои ветеранҳои собиқадорони хидмати ҳарбӣ бо мусоидати молии хазинаи Аврупо-Осиё дар Осиёи Марказӣ баргузор шуд....

28.01.2016 - 10:36

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, “мо риши касеро наметарошем ва сатри касеро аз сараш намегирем”.  Дар пасманзари хабари расонаҳои маъруфи ҷаҳон оиди тарошидани риши сокинон аз сӯи милисаҳои тоҷик Раҳимзода, имрӯз, 25 январ зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе риштарошию сатркаширо рад карда, таъкид намуд, ки дар ин масъала танҳо аз усулҳои фаҳмондадиҳӣ кор...

25.01.2016 - 14:21

Ду вакили дифои турк, ки гуфта мешуд рӯзи ҷумъа аз сӯи мақомоти интизомии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе боздошт шудаанд, ба кишварашон баргаштанд. Хабаргузории расмии Туркия -- "Анатолия" рӯзи 23-юми январ хабар дод, ки ду вакили дифои турк -- Эмин Йелдирим ва Гӯлден Сонмез рӯзи шанбе аз Тоҷикистон ба Истанбул баргаштанд. Анҷумани ҳуқуқдонҳои Туркия рӯзи гузашта бо пахши як баёния эълом дошт,...

24.01.2016 - 11:19

Додгоҳи шаҳри Солнечногорск қарор кард, ки парвандаи гумонбарони марги муҳоҷири тоҷик Фаррух Урозов пушти дарҳои баста муҳокима шавад. Наздикони Фаррух мегӯянд, бо ин мехоҳанд аъмоли афсарони пулисро рӯпӯш кунанд. Додгоҳи шаҳри Солнечногорски вилояти Маскав шоми 19 январ ба муҳокимаи парвандаи се афсари бахши ҷустуҷӯи ҷиноии пулиси Солнечногорск Станислав Дейкун, Андрей Чернишев ва Владимир...

20.01.2016 - 18:28

Страницы