Феврал-2019: Раиси Суди Олӣ шиканҷаро «масъалаи ҷиддӣ» унвон кард

Дар моҳи феврали соли 2019 расонаҳо масоили мубрами истифодаи шиканҷаро инъикос намуда, ба талошҳо баҳри пешгирии он низ таваҷҷуҳ зоҳир карданд.

Торнамои NoTorture.Tj санаи 1-уми феврал бо номи «Гуруҳи офиятбахшӣ барои барқароршавии 49 нафар шаҳрвандон кӯмак расонд» (http://notorturetj.org/tj/news/gurukhi-ofiyatbahshi-baroi-barkarorshavii-49-nafar-shakhrvandon-kumak-rasond), рӯзи 4-уми феврал таҳти унвони «Гуруҳи кӯмаки ҳуқуқӣ: 44 муроҷиати шаҳрвандон оид ба шиканҷа ҳуҷҷатгузорӣ шуд» (http://notorturetj.org/tj/news/gurukhi-kumaki-khukuki-44-murochiati-shakhrvandon-oid-ba-shikancha-khuchchatguzori-shud), санаи 7-уми феврал бо номи «Пешбурди стандартҳои Протоколи Истамбулӣ: курси омодасозии кормандони тиббӣ ва шаҳодаткунонии қурбониёни шиканҷа» (http://notorturetj.org/tj/news/peshburdi-standartkhoi-protokoli-istambuli-kursi-omodasozii-kormandoni-tibbi-va), рӯзи 8-уми феврал таҳти унвони «ДОШ: Ҳифзи ҳуқуқи хизматчиёни ҳарбӣ» (http://notorturetj.org/tj/news/dosh-khifzi-khukuki-hizmatchiyoni-kharbi), санаи 11-уми феврал бо номи «Маркази таҳлилии Эътилоф: пешбурди озодӣ аз шиканҷа дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ» (http://notorturetj.org/tj/news/markazi-takhlilii-etilof-peshburdi-ozodi-az-shikancha-dar-satkhi-milli-va-baynalmilali) ва рӯзи 14-уми феврал таҳти унвони «Гуруҳи расонаӣ дар соли 2018: аксияҳо, барномаи онлайнӣ, озмунҳо ва тадқиқотҳои журналистӣ» (http://notorturetj.org/tj/news/gurukhi-rasonai-dar-soli-2018-aksiyakho-barnomai-onlayni-ozmunkho-va-tadkikotkhoi-zhurnalisti) матолиб пахш карда, дар бораи фаъолияти гуруҳҳои кории Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон дар соли 2018 маълумот дод.

Дар ҳамин ҳол, торнамои Faraj.tj санаи 5-уми феврал матлабе таҳти унвони «Шиканҷа: Кормандони ВКД ва КДАМ 13-солӣ зиндонӣ шуданд» (http://faraj.tj/habari-ruz/shikanja-kormandoni-vkd-va-kdam-ba-13-solii-zindon-mahkum-shudand/) пахш карда, аз ҷумла навишт: «Суди Олии Тоҷикистон мегӯяд, дар соли 2018 як парванда нисбат ба ду нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ вобаста ба шиканҷа баррасӣ гардида, муттаҳамон ба муҳлатҳои тӯлонӣ равонаи зиндон карда шуданд. Раиси Суди Олии кишвар Шермуҳаммад Шоҳиён дирӯз, 4-уми феврал, дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон шиканҷаро «масъалаи ҷиддӣ» унвон карда, гуфт, бояд аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ талаботи қонун риоя карда шавад ва ба кирдорҳои ғайриқонунӣ даст назананд».

- Соли гузашта аз ҷониби судҳо вобаста ба шиканҷа як парвандаи ҷиноятӣ нисбати ду нафар - ваколатдори калони оперативии шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майори милиса Юлдошев Наҷибхон Тағоевич бо моддаҳои 143 қисми 3 банди «б», 358 қисми 1, 247 қисми 3 банди «а» ва ваколатдори хурди шуъба дар ноҳияи Ашт, раёсати КДАМ дар вилояти Суғд, лейтенант Наимов Муҳаммад Саъдуллоевич бо моддаи 143 эзоҳи 1, қисми 3, банди «б»-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд. Тибқи ҳукми суд ба гунаҳгорон ҷазо ба муҳлати 13-солӣ дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъйин карда шуд,- гуфтааст раиси Суди Олӣ Шермуҳаммад Шоҳиён.

Торнамои Радиои «Озодӣ» бошад, рӯзи 15-уми феврал гузорише бо номи «Ба даҳонам скоч бастанд, то садоямро дигарон нашунаванд» (https://www.ozodi.org/a/tajik-citizen-claims-he-was-tortured-by-police-officers/29772175.html) пахш кард.

- Вазири умури дохилии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки додситонӣ ба зидди чаҳор афсари вазорат барои баромадан аз ҳадди ваколати хидматӣ ва шиканҷа парвандаи ҷиноӣ боз кардааст. Фарҳод Нурхонов, муовини сардори Шуъбаи кофтукови ҷиноӣ дар Раёсати умури дохилии Душанбе ва Аваз Сабзаеву Икромиддини Аҳлиддин - кормандони идораи мазкур ба он гумонбар мешаванд, ки бо ифтитоҳи парвандаи сохта ба зидди як сокини Душанбе, аз ӯ ҳазорон доллар ришва хостаанд. Як муфаттиши дигар ба ришваситонӣ муттаҳам мешавад,- аз ҷумла омадааст дар ин гузориш.

- Нусхае аз санади муфаттиши додситонӣ дар бораи ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашидани “ҳомиёни қонуну тартибот” ба дасти Радиои Озодӣ расид, ки муҳтавои он шабеҳи филмҳои детективист. Дар санад омадааст, ки Фарҳод Нурхонов, Аваз Сабзаев, Икромиддини Аҳлиддин ва Ҳайдар ном фарди дигар рӯзи 7-уми январ беиҷоза ба хонаи Хуршед Абдуҳалимов - аз ҳамкорони собиқи худ ворид шуда, хостаанд, ки дар хонаи ӯ маводи мухаддир гузоранд. Ҳамза Солеҳов, додарарӯси Хуршед Абдуҳалимов, ки аз ҷабрдидагони аслӣ дар ин парванда ба ҳисоб меравад, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар умум панҷ нафар ӯро дар Душанбе дастгир карданд ва ба хонаи язнааш оварда, хостанд дар онҷо маводи мухаддир гузоранд. Ба навиштаи додситонӣ, дар айни талоши гузоштани маводи мухаддир соҳибхона Хуршед Абдуҳалимов омадааст ва “Нурхонов Ф. аз ин кор худдорӣ карда”, вале "ба худсариаш идома додааст". Баъди ин, ба навиштаи муфаттиш, афсарони милиса Ҳамза Солеҳовро "бо зӯру таҳдид ба манзили навсохти модарарӯсаш бурда", ба ин хона "ғайриқонунӣ ворид шуда" ва дар сақфи хона “як адад чизеро мегузоранд” ва сипас ба Фарҳод Нурхонов мегӯянд, ки "кор тамом”. Баъдан аз ҳамон ҷо “як адад салафани полиэтилениро гирифта, бе тартиб додани ҳуҷҷатҳои мурофиавӣ Ҳамза Солеҳовро ба Раёсати умури дохилии шаҳри Душанбе мебаранд”. Дар матни пешниҳоди муфаттиши додситонӣ омадааст, ки "баъдан Ҳамза Солеҳовро дар ошёнаи якуми раёсат шиканҷа мекунанд, то гуноҳи нокардаро ба гардан бигирад",- меафзояд расонаи мазкур.

Санаи 28-уми феврал бошад, торнамои NoTorture.Tj бо номи «Шикоят аз шиканҷа тӯли қариб як сол: Ҳанӯз ҳам аз адолат дараке нест» (http://notorturetj.org/tj/news/shikoyat-az-shikancha-tuli-karib-yak-sol-khanuz-kham-az-adolat-darake-nest» мақолаи таҳлилӣ-тадқиқотие пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Шиканҷа шудани гумонбарони амалҳои ҷиноятӣ аз масъалаҳои доғест, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, бахусус Тоҷикистонро ба ташвиш овардааст. Коршиносон мегӯянд, кор гирифтан аз шиканҷа яке аз роҳҳои осони ба даст овардани маълумот дар бораи ҷиноят ва ё барои ба дӯши гумонбаршуда бор кардани он мебошад. Имрӯзҳо нафарони зиёд аз волидайну наздикони боздоштшудаҳо ва маҳбусон ба рӯзномаву ҳафтаномаҳои даврӣ бо шикоят аз шиканҷа муроҷиат мекунанд ва хоҳиш менамоянд, то арзу додашонро тариқи расона ба кафили ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бирасонанд. Мазмуни муроҷиатҳо якхелаанд. Эшон аз шиканҷа шудани наздиконашон зимни боздошт дар шуъбаҳои милиса ва аз ин роҳ бор кардани ҷиноят ба гардани онҳо шикоят мекунанд. Овозаҳо дар мавриди фавти гумонбаршудагон дар чунин маконҳо низ шунида мешавад, ки бино ба гуфтаи наздикон, он бар асари шиканҷа рух медиҳад. Як мисоли равшани ин гуфтаҳо марги марҳум Расул Назаров, зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон мебошад, ки 11 моҳ қабл (шаби 28 ба 29-уми марти соли 2018) дар ШВКД-2-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ба ҳалокат расида буд. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон бо дархости Садбарг Бобохонова - завҷаи марҳум Расул Назаров барои таҳқиқи ҳодисаи марги мармузи шавҳараш адвокат пешниҳод кард. Ҳарчанд аз ҷониби ҳимоятчӣ Саодат Тюряева барои таҳқиқи ҳодиса ба мақомоти тафтишотӣ дархостҳои зиёд пешниҳод гардида бошад ҳам, вале ба натиҷае нарасиданд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки рӯзи 27-уми феврал расонаи мазкур, яъне NoTorture.Tj бо номи «Мизи мудаввар оид ба натиҷаҳои мониторинги истифодаи амалии «Протоколи шаҳодатгардонии тиббии дастгиршудагон» ва таҳқиқи «Таҳлили вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» (http://notorturetj.org/tj/news/mizi-mudavvar-oid-ba-natichakhoi-monitoringi-istifodai-amalii-protokoli-shakhodatgardonii) матлаб пахш кардаву навишта буд: «26-уми феврали соли 2019 дар доираи лоиҳаи Иттиҳоди Аврупо - «Фаъолият барои озодӣ аз шиканҷа дар Тоҷикистон» бо ташаббуси Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамшарикӣ бо ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» бахшида ба натиҷаҳои мониторинги муассисаҳои тиббӣ дар самти истифодаи амалии «Протоколи шаҳодаткунонии тиббии боздоштшудагон», ки бо Фармони ВТ ҲИА ҶТ тибқи стандартҳои Протоколӣ Истамбулӣ тасдиқ гардидааст, инчунин натиҷаҳои таҳқиқи «Таҳлили вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид. Мақсади мизи мудаввар иборат буд аз рӯнамоии натиҷаҳои таҳқиқи истифодаи Протоколи шаҳодаткунонии тиббии дастгиршудагон, натиҷаҳои таҳлили вазъи воқеии соҳаи экспертизаи тиббӣ-судии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва коркарди механизмҳои бартараф намудани монеаҳои мавҷуда дар самти ҳуҷҷатгузории самараноки тиббӣ ва истеҳсолоти тиббӣ-судӣ дар ҳолатҳои истифода шудани зӯроварӣ».

- Дастурамал оид ба таҳқиқи самаранок ва ҳуҷҷатгузории шиканҷа ва дигар намудҳои муносибати бераҳмона, ғайриинсонӣ ё пастзанандаи шаъну шараф (Протоколи Истамбулӣ) аз ҷониби коршиносон дар самти ҳуқуқ, тандурустӣ ва ҳуқуқи инсон таҳия карда шудааст. Он бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ 55/89 (2000 с.) ва Комиссияи СММ оид ба ҳуқуқи инсон (сессияи 56-уми соли 2000-ум) қабул гардидааст. Бо фармоиши Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ аз 2-юми декабри соли 2013 таҳти №719 Гуруҳи корӣ баҳри боздид ва такмил додани ҳуҷҷатҳои дохилӣ, дастурамалҳо ва шаклҳо барои гузаронидани экспертизаҳои тиббӣ-судӣ/руҳӣ ва шаҳодатгардонии тиббӣ тибқи талаботи Протоколи Истамбулӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати Гуруҳи корӣ намояндагон аз ВТ ва ҲИА ҶТ, коршиносони судӣ-тиббӣ ва ҳуқуқшиноси ТҶ «Маркази ҳуқуқи инсон» ворид карда шуданд,- шарҳ дода шудааст дар ин матлаб.

NoTorture.Tj