Январ - феврали соли 2022: Аз латукӯби сарбозон то баҳси мавҷудияти шиканҷа

Дар моҳҳои январу феврали соли 2022 латукӯби сарбозон дигарбора мавзӯи баҳси расонаҳо гардид. Аммо, дар баробари ин, дигар қазияҳо низ инъикос ёфтанд.

Рӯзи 21-уми январ торнамои радиои “Озодӣ” бо пахши хабар таҳти унвони “Марги марзбони тоҷик. Наздиконаш мегӯянд, "барои либос", фармондеҳ шарҳ намедиҳад» (https://www.ozodi.org/a/31664903.html) хабар дод, ки «як сарбози неруҳои марзбонии Тоҷикистон ҳангоми хидмат ба ҳалокат расидааст».

- Наздикони ӯ мегӯянд, Миралӣ Боқиеви 20-сола зимни ҷанҷол барои болопӯши зимистонаи ҳарбӣ ё "бушлат" аз тарафи сарбози дигар латукӯб шудааст. Намояндагони неруҳои марзбонӣ воқеаро шарҳ намедиҳанд. Ҷасади Миралӣ Боқиев рӯзи 19-уми январ дар зодгоҳаш, деҳаи Филмандари шаҳри Панҷакент ба хок супурда шуд. Наздиконаш мегӯянд, Миралӣ моҳи майи соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда буд ва намояндагони қисми ҳарбӣ ба онҳо гуфтаанд, вай дар натиҷаи латкӯби бераҳмона ба ҳалокат расидааст,- аз ҷумла омадааст дар хабар.

Баъдтар, 26-ми январ ҳамин торнамо, яъне радиои Озодӣ” хабар дод, ки «як сержанти неруҳои марзбонӣ дар марги Миралӣ Боқиев гумонбар шудааст» (https://www.ozodi.org/a/31671000.html) ва афзуд: «Боқиев моҳи майи соли гузашта ба артиш рафта, шаби 17-уми январи имсол дар дидбонгоҳе дар ноҳияи Фархор латукӯб шудааст. Ҷасади ӯро 19-уми январ дар зодгоҳаш, шаҳри Панҷакент дафн карданд».

Як манбаъ дар Додситонии ҳарбии минтақаи Кӯлоб рӯзи 25-уми январ ба радиои «Озодӣ» гуфтааст, ки сержант Сиддиқ Саъдуллоев ба "сӯйистифода аз мақом ва баромадан аз ҳадди ваколатҳои хидматӣ" гумонбар аст, вале тафсилот надодааст. Ба гуфтаи ӯ, ба сержант аз 12 то 15 сол ҳабс таҳдид мекунад.

Рӯзи 10-уми феврал бошад, оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс” оид ба ҳамин қазия хабаре бо номи “Падари сарбози кушташуда аз Панҷакент: мехоҳем командирҳоро низ ҷазо диҳанд" (https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20220210/padrai-sarbozi-kushtashuda-az-panakent-mehoem-komandiroro-niz-azo-diand) пахш кард.

- Пайвандони Миралӣ Боқиев аз Додситони ҳарбӣ хостаанд қазияи марги ин сарбози кушташударо одилона таҳқиқ кунанд ва ба ҷуз сержанте, ки дар ин қазия гунаҳкор мешавад, ҳамчунин алайҳи командиру масъулони дигари қисми низомӣ низ чора андешанд,- навишт ин оҷонсӣ.

Санаи 21-уми январ торнамои Farazh.tj хабаре таҳти унвони “Муноқишаи афсарони КҲФ бо чӣ анҷомид?» (https://farazh.tj/habari-ruz/munoqishai-afsaroni-k-f-bo-chy-anjomid/) пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Прокуратураи ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи ҷиноятиро бо моддаи 110, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қасдан ба саломатӣ расонидани зарари вазнини барои ҳаёти инсон хавфнок) нисбат ба сардори нуқтаи алоқаи қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович, соли таваллудаш 02.02.1999 ба итмом расонида, барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол кардааст».

Бино ба иттилои ин расона, тафтишоти пешакии парвандаи ҷиноятӣ муқаррар кардааст, ки Сангалиев Шоҳрух Рустамович зимни иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ 22-юми июни соли 2021 ба сафари хизматӣ ба қисми ҳарбии КҲФ ва МГ назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристонида шуда, дар ин муддат қасдан даст ба содир намудани ҷинояти вазнин задааст. 16-уми августи соли 2021, тахминан соати 19:30 дар деҳаи Сароби ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ байни хизматчиёни ҳарбии қисми ҳарбии номбурда прапоршик Сангалиев Шоҳрух Рустамович ва лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод муноқиша cap задааст. Дар ҷараёни муноқиша прапоршик Сангалиев Ш. Р. бо мақсади расонидани зарари вазнин ба саломатӣ бо корди бо худ доштааш ба тарафи чапи мавзеи камари лейтенанти калон Ҳофизи Саймурод як зарба зада, ба ӯ ҷароҳати вазнини ҷисмонии барои ҳаёт хавфнок расонидааст».

Худи ҳамин рӯз, яъне 21-уми январ оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс” матлабе бо номи “Кордкашии прапоршику лейтенант: парвандаи корманди Кумитаи фавқулодда ба додгоҳ рафт» (https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20220121/kordkashii-praporshiku-leitenant-parvandai-kormandi-kumitai-favuloda-ba-dodgo-raft) пахш кардааст.

- Додситони ҳарбии гарнизони Душанбе тафтиши парвандаи прапоршик Шоҳрух Сангалиевро анҷом дода, барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол кардааст,- омадааст дар хабар.

Санаи 22-юми январ торнамои NoTorture.Tj низ дар ин маврид бо истинод ба маълумоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабаре таҳти унвони “Муноқишаи ду афсар, ки бо кордзанӣ анҷом ёфт» (https://notorturetj.org/tj/news/munokishai-du-afsar-ki-bo-kordzani-anchom-yoft) пахш кардааст.

- Гуфта мешавад, ки Суди ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе судшаванда Сангалиев Шоҳрух Рустамовичро дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110, қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, номбурдаро маҳкум кардааст,- омадааст дар хабари торнамои мазкур.

Дар моҳи январи соли 2022 қазияи дигаре низ дар мавриди ҳаёти сарбозон расонаӣ гардид. Оҷонсии иттилоотии “Азия-плюс” рӯзи 24-уми январ бо номи “Як ҷавон мегӯяд,ки ӯро дар комиссариати Хуҷанд латукӯб кардаанд” (https://www.asiaplustj.info/tj/news/tajikistan/laworder/20220124/yak-avon-megyad-ro-dar-komissariati-huand-latu-kb-kardaand-in-niod-rad-mekunad) хабар пахш кардаву аз ҷумла навишт: “Ҷавоне аз шаҳри Хуҷанд иддао дорад, ки дар дохили бинои Комиссариати ҳарбии ин шаҳр зери латукӯб ва бадрафтории як корманди ин ниҳод қарор гирифта, дар беморхона бистарӣ шуд. Аммо ному насаби кормандеро, ки ӯро задааст намедонад, вале иддао дорад, ки либоси низомӣ дар тан дошт. Аз рӯйи ин қазия ба додситони ҳарбии Суғд низ ариза додааст. Аз Комиссариати ҳарбии Хуҷанд латукӯб шудани ин ҷавонро беасос хонданд ва гуфтанд, ки дар ду мавсими даъват ӯро ҷустуҷӯ мекарданд».

- Баҳром Қосимов 19 сол дорад ва як ҳафта ба ин тараф дар шуъбаи ҷарроҳии асаби Беморхонаи рақами яки шаҳри Хуҷанд табобат мегирад. Ин ҷавон мегӯяд, ки рӯзи 17-уми январ барои дарёфти санад (справка), ки барои гирифтани шиноснома лозим буд, ба Кумитаи маҳаллаи “Тиллоком” муроҷиат кард. Аммо раиси маҳалла гуфтааст, ки муҳри комиссариат лозим аст ва ҳамин тавр, баъди даъвати раиси маҳалла ду нафар бо либоси низомӣ ва мулкӣ ҳозир шуда, ӯро иҷборан ба бинои Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд оварданд. Ба гуфтаи Баҳром Қосимов, аз ташхиси тиббӣ гузашт ва духтурон ӯро солим баровардаанд ва зери даъватномааш имзо гузошт. Ҳамаи кор аз он сар шудааст, ки аз ӯ талаб кардаанд аризае нависад, ки гӯё дар Ташкилоти мададгори мудофиа ДОССАФ таҳсил мекунад ва ин дархостро рад карду зери зарб монд,- менависад оҷонсӣ.

Торнамои радиои “Озодӣ” ҳам санаи 24-уми январ таҳти унвони “Писарамро дар комиссариат задаанд, дар қисми ҳарбӣ чӣ кор хоҳанд кард?" (https://www.ozodi.org/a/31668600.html) матлабе пахш карда, хабар дод: «Як сокини шаҳри Хуҷанд иддао дорад, ки ӯро дар дохили бинои комиссариати ҳарбӣ задаанд. Пайвандони Баҳром Қосимови 19-сола мегӯянд, намояндаи Додситонии ҳарбӣ қазияро таҳқиқ дорад. Масъулони Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд латукӯби ҷавонро рад карданд».

Бино ба навиштаи торнамо, Муяссар Носирова, модари Баҳром Қосимов гуфтааст, ки писараш як ҳафта боз доруву дармон мегирад, “вале то ин дам ягон намояндаи комиссариати ҳарбӣ наомад”. Аммо ӯ тасдиқ кардааст, ки муфаттишони Додситонии ҳарбӣ ба бемористон омада, аз ҳоли онҳо ва ҷузъиёти ҳодиса пурсидаанд.

- Дар даъвати тирамоҳии соли 2021 фарзандам бемор буд ва барои ҳамин натавонист ба хидмати ҳарбӣ равад. Ҳоло ки дар дохили комиссариати ҳарбӣ задаанд, ман тарсидам. Агар ҳаминҷо занозанӣ бошад, дар қисмҳои ҳарбии дуртар чӣ гуна бошад?,- гуфтааст Муяссар Носирова.

Яке аз қазияҳо пурсарусадо, ки солҳо боз баҳсаш идома дорад, ба соли 2022 гузашт. Торнамои NoTorture.Tj рӯзи 8-уми феврал матлабе бо номи “КҲИ дастрас намудани шарҳи иловагиро оид ба парвандаи Бобоев тасдиқ кард” (https://notorturetj.org/tj/news/kkhi-dastras-namudani-sharkhi-ilovagiro-oid-ba-parvandai-boboev-tasdik-kard) пахш карда, аз ҷумла навишт: “Ҳуқуқшиносони ташкилоти ҷамъиятии «Маркази мустақил оид ба ҳифзи ҳуқуқи инсон» рӯзи 7-уми феврал аз Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ тасдиқи расмии дастрас гардидани шарҳҳои иловагии ирсолнамудаашонро дар мавриди парвандаи Исмонбой Бобоев (CCRP \C\120\D\2173\2012) бо имзои роҳбари бахши созишномаҳо оид ба ҳуқуқи инсони КҲИ СММ Иброҳим Салом гирифтанд”.

Бино ба иттилои торнамо, дар матни мактуб чунин омадааст: «Ифтихормандам, ки ба расмиёти муроҷиатҳои инфиродии аз ҷониби Кумитаи ҳуқуқи инсони СММ баррасишуда истинод менамоям ва тасдиқ мекунам, ки шарҳҳои иловагии шумо аз 19-уми январи соли 2022 ба муроҷиати №2173/2012, ки ба Кумита барои баррасӣ тибқи Протоколи факултативӣ ба Паймони байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ аз номи Ҷӯрабой Бобоев (марҳум) ва писараш Исмонбой Бобоев (марҳум) пешниҳод гардида буданд, дастрас шуданд. Нусхаи пешниҳоди шумо баҳри маълумот ва баҳогузории чораҳои барои минбаъд меандешидаи давлати узв ирсол карда шуд. Аз ҷониби Кумита баррасӣ аз рӯйи банди 6-и рӯзномаи пешакии Кумита - “Фаъолияти навбатӣ вобаста ба Протоколӣ факултативӣ ба Паймон” дар ҷаласаи 134-ум (28-уми феврал - 25-уми марти соли 2022) ба нақша гирифта шудааст. Мутобиқи таҷрибаи муқарраршуда, гузориши навбатии Кумита дар мавриди муроҷиати инфиродӣ эълон карда мешавад».

Адвокати ҷониби ҷабрдида Абдураҳмон Шарипов изҳори умедворӣ кардааст, ки бо гузашти 12 сол, гунаҳкорон ахиран ба ҷавобгарӣ кашида хоҳанд шуд.

Торнамои радиои “Озодӣ” ҳам санаи 23-юми феврал дар мавриди қазияи дигари баҳсаш печидаву давомдор таҳти унвони “Шикояти наздикони як қурбонии шиканҷа аз ВКД ва Додситонӣ» (https://www.ozodi.org/a/31718737.html) хабар пахш кард.

- Наздикони Хуршед Бобокалонов, як қурбонии шиканҷа дар Тоҷикистон Вазорати корҳои дохилӣ ва Додситонии кишварро барои таҳқиқи бенатиҷаи марги ӯ ва иҷро накардани талаби Созмони Милал ба додгоҳ кашидаанд. Қаблан ин созмон аз мақомоти тоҷик хоста буд, парвандаи Бобокалоновро одилона таҳқиқ кунанд ва ба хонаводааш ҷуброн пардозанд. Мақомоти Тоҷикистон талаби СММ-ро иҷро накарданд,- аз ҷумла омадааст дар матлаб.

Торнамо ёдовар шудааст, ки «Хуршед Бобокалонов, табиби 33-солаи тоҷик соли 2009 ҳангоми боздошти кормандони милиса фавтид. Пайвандонаш бовар доранд, ки ӯ зери шиканҷа фавтидааст, вале мақомот инро рад мекунанд».

Моҳҳои январ-феврали соли 2022 қазияи боздошту эҳтимолияти шиканҷа шудани варзишгари тоҷик Чоршанбе Чоршанбиев дар сархати ахбори расонаҳо қарор дошт.

Санаи 11-уми январи соли 2022 торнамои NoTorture.Tj матлабе бо номи «Эътилофи зидди шиканҷа барои ҳимояи манфиатҳои Чоршанбиев адвокат пешниҳод кард» (https://notorturetj.org/tj/news/etilofi-ziddi-shikancha-baroi-khimoyai-manfiatkhoi-chorshanbiev-advokat-peshnikhod-kard) пахш кард, ки дар он гуфта мешавад: «30-юми декабри соли 2021 Чоршанбиев Чоршанбе Авазхонович, варзишгар, блогер, зодаи шаҳри Хоруғи ВМКБ ҶТ ҳангоми вуруд аз шаҳри Маскави Федератсияи Русия дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе боздошт шуд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва ВАО тарс аз шиканҷа ва муносибати бераҳмона нисбати ӯ инъикос гардид. Рӯзи 31-уми декабри соли 2021 падари Чоршанбе Авазхон Паҳлавонов ба Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон барои кумаки ҳуқуқӣ дар масъалаи боздошти писараш муроҷиат кард. Вобаста ба муроҷиати Паҳлавонов А. Ч. Эътилоф барои ҳимояи ҳуқуқи Чоршанбиев Ч., ки 31-уми декабри соли 2021 ба парванда ворид гардида буд, се адвокатро ҷалб кард. 4-уми январи соли 2022 дар вохӯрии адвокатҳо бо Чоршанбиев Ч. ӯ истифодаи шиканҷа ва муносибати бераҳмонаро нисбаташ рад кард. Адвокатҳо таҳқиқи ин масъаларо идома медиҳанд».

Бино ба иттилои торнамо, аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Душанбе нисбати Чоршанбиев Ч. аз рӯйи моддаи 307, қ. 2, бандҳои «а» ва «г»-и КҶ ҶТ - «Даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки ҷазоро дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз ҳашт то понздаҳ сол пешбинӣ намудааст, оғоз карда шудааст.

Санаи 13-уми январ торнамои радиои «Озодӣ» таҳти унвони “Падараш гуфт, бо Чоршанбе Чоршанбиев дар боздоштгоҳ вохӯрданд» (https://www.ozodi.org/a/31652132.html) хабар пахш карда, аз ҷумла навишт: «Авазхон Паҳлавонов, падари Чоршанбе Чоршанбиев, рӯзи 13-уми январ гуфт, дар вохӯрӣ модарбузурги варзишкор низ иштирок дошт. Ӯ афзуд: “Руҳия ва саломатиаш хуб буда, аз чизе шикоят надорад. Барои машқи ӯ толори варзишӣ ҳам ҷудо кардаанд”. Паҳлавонов мегӯяд, писараш дар ягон гуруҳ ва созмон ҳамроҳ набудааст ва ҳоло корҳои тафтишотӣ идома доранд».

Ҳамин торнамо, яъне радиои “Озодӣ” рӯзи 24-уми январ гузорише таҳти унвони “Эътирози вакилони Чоршанбиев. "Наворҳоро мутахассиси забони русӣ санҷад, на сиёсатшинос" (https://www.ozodi.org/a/31668833.html) пахш кард.

- Вакилони мудофеъ аз даъват шудани коршиносону сиёсатшиносон барои баҳо додан ба наворҳои Чоршанбе Чоршанбиев, размикори дастгиршудаи муҳорибаҳои омехта дар Тоҷикистон норозигӣ кардаанд. Онҳо талаб доранд, ки барои ташхиси наворҳои Чоршанбиев равоншиносону мутахассисони забони русӣ даъват гарданд,- омадааст дар гузориш.

Баъди чанд рӯз, 11-уми феврали соли 2022 торнамои радиои “Озодӣ” матлаби дигаре дар ин мавзуъ бо номи “Кинаву адоват"-ро аз парвандаи Чоршанбиев бардоштанд, аммо "даъват ба сарнагунӣ" монд» (https://www.ozodi.org/a/31698804.html) пахш кард.

- Таҳқиқи парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев, варзишгари муҳорибаҳои омехтаро дар Душанбе ба анҷом расонидаанд. Манобеи огоҳ аз қазия ба радиои «Озодӣ» гуфтанд, муфаттишон иттиҳоми барангехтани кинаю адовати милливу мазҳабиро аз парвандаи Чоршанбиев бардоштаанд. Акнун ин варзишгар танҳо ба даъват ба сарнагунии ҳокимият тавассути интернет муттаҳам мешавад. Худи Чоршанбе ва наздиконаш ин иттиҳомро қабул надоранд. Ин як иттиҳоми ҷиддӣ аст ва аз 8 то 15 сол зиндонро пешбинӣ мекунад,- омадааст дар матлаби ин расона.

Санаи 23-юми феврали соли 2022 торнамои NoTorture.Tj хабар дод, ки «мурофиаи парвандаи Чоршанбе Чоршанбиев дар толори тавқифгоҳи тафтишотии ЯС9/1-и СРИҶҶ ВА ҶТ мегузарад» (https://notorturetj.org/tj/news/murofiai-parvandai-chorshanbe-chorshanbiev-dar-tolori-tavkifgokhi-taftishotii-yas91-i-srichch).

- Суди ноҳияи И. Сомонии шаҳри Душанбе 14-уми феврали соли 2022 дар бораи дар суд баррасӣ кардани парвандаи ҷиноятӣ нисбати Чоршанбиев Ч. тибқи моддаи 307, қисми 2, бандҳои «а, г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор баровард. Мурофиаи якуми парванда 28-уми феврал, соати 10:00 дар толори тавқифгоҳи тафтишотии ЯС9/1-и СРИҶҶ ВА ҶТ таъин карда шудааст,- навишт торнамои мазкур.

Ин ҳама дар ҳолест, ки дар нишастҳои матбуотии имсола масъалаи мавҷудияти шиканҷа баҳсу баррасӣ гардид.

Санаи 2-юми январи соли 2022 торнамои NoTorture.Tj таҳти унвони «Раиси Суди Олӣ: дар соли 2021 се корманди милиса барои шиканҷа маҳкум шуданд” (https://notorturetj.org/tj/news/raisi-sudi-oli-dar-soli-2021-se-kormandi-milisa-baroi-shikancha-makhkum-shudand) хабар пахш кард.

- Тавре раиси Суди Олии Тоҷикистон Шермуҳаммади Шоҳиён рӯзи 2-юми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, дар соли 2021 нисбати се корманди милиса ба иттиҳоми шиканҷа ҳукмҳои айбдоркунӣ бароварда шудаанд, ки бар асоси онҳо ба гунаҳгорон ба муҳлатҳои 10, 12 ва 13 сол ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ таъин гардидааст,- омадааст дар хабар.

Торнамои NoTorture.Tj санаи 3-юми феврали соли 2022 низ хабаре бо номи “Ваколатдор: 15 шикоят аз шиканҷаи эҳтимолӣ дар соли 2021 тасдиқи худро наёфтанд” (https://notorturetj.org/tj/news/vakolatdor-15-shikoyat-az-shikanchai-ekhtimoli-dar-soli-2021-tasdiki-hudro-nayoftand) пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Дар соли 2021 ба идораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон 15 шикоят дар мавриди шиканҷа ва муносибати бераҳмона ворид шуда, вале ҳеҷ яке аз онҳо тасдиқ нашудааст. Дар ин бора рӯзи 3-юми феврал дар нишасти матбуотӣ сардори бахши ҳифзи ҳуқуқҳои шаҳрвандию сиёсии дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар кишвар Муқим Ашӯров хабар дод”.

«Ҳамаи муроҷиатҳо барои тафтиш ба Прокуратураи генералӣ фиристода шуданд, вале ягон далели шиканҷаи эҳтимолӣ тасдиқ нашуд. Бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон панҷ шикоят дар бораи эҳтимоли шиканҷа дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ баррасӣ шуд - кормандони мо аз маҳбасҳо дидан карда, бо маҳбусони дар шикоят зикршуда вохӯрданд, вале далелҳои шиканҷа тасдиқ нашуданд,- гуфтааст Ашӯров.

NoTorture.Tj