Апрел: Қазияҳои нав ва шикоят аз шиканҷа

Қазияи марги Абдурасул Назаров, ки дар моҳи марти соли 2018 расонаӣ гардид, ниҳоят ба моҳи апрел кўчид.

Торнамои радиои «Озодӣ» санаи 2-юми апрел бо номи «Наздикони Абдурасул: "Қурбони бадрафтории милиса шуд, адолат мехоҳем"  матлабе пахш кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Додситонии шаҳри Душанбе тафтиши парвандаи марги Абдурасул Назаровро аз додситонии ноҳиявии Сино-2-и пойтахт ба ихтиёри худ гирифт. Як манбаъ аз Додситонии шаҳри Душанбе рўзи 2-юми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки қазия таҳти назари бевоситаи додситони шаҳр тафтиш мешавад, вале ҳанўз парвандаи ҷиноӣ боз нашудааст, чун ҳоло ташхис ба марҳилаи ниҳоӣ нарасидааст».

Ҳамин расона, яъне торнамои «Озодӣ» рўзи 4-уми апрел матлаби дигаре таҳти унвони «Санҷиши дохилӣ. Абдурасул Назаров аз чӣ фавтид?»  пахш кард.

- Дар Идораи умури дохилии ноҳияи Сино-2 санҷиши дохилӣ сар шудааст, то муайян кунад, ки оё маъмурони милисаи ин минтақаи Душанбе дар латукўб ва марги Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кўлоб, даст доранд ё не. Умарҷони Эмомалӣ, сухангўи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, гуфт, ки санҷиши дохилӣ идома дорад… Наздикони Абдурасул Назаров, сокини шаҳри Кўлоб, мегўянд, ҷасади ўро пас аз як рўзи боздошт аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Сино-2 бо осори латукўб аз бемористони Қарияи Болои Душанбе гирифтаанд. Ин сокини шаҳри Кўлоб, ки муваққатан дар Душанбе кору зиндагӣ мекард, рўзи 28-уми марти имсол боздошт шудааст,- аз ҷумла омадааст дар ин матлаб.

Рўзи 9-уми апрел бошад, торнамои радиои «Озодӣ» бо пахши матлабе таҳти унвони «Назаровро барои таҳқиқ аз қабр берун оварданд»  аз ҷузъиёти нави қазия хабар дод:

- Гуруҳи пизишкони Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ-судӣ баъди тақрибан 10 рўзи хоксупории сокини Кўлоб Абдурасул Назаров, қабри ўро боз намуда, ҷасадро дигарбора мавриди санҷиш қарор доданд. Абдурасул Назаров авохири моҳи гузашта аз сўи пулиси Душанбе боздошт ва як рўз баъд ҷасади беҷонаш ба наздиконаш супурда шуд. Аммо пайвандони Абдурасул Назаров мегўянд, ки ба ташхиси Маркази тиббии ҷумҳуриявии тиббӣ-судӣ бовар надоранд ва аз Додситонии кулл ва Додситонии шаҳри Душанбе хоcта буданд, ки гуруҳи ташхиси Вазорати дифои Тоҷикистон ва Пойгоҳи низомии 201-уми Русия ин колбадшикофиро анҷом диҳанд.

Ниҳоят, санаи 19-уми апрел торнамои радиои «Озодӣ» бо пахши матлабе таҳти унвони «Додситонӣ: «Санҷиши ҳодисаи марги Абдурасул Назаров ниҳоӣ шудааст»»  хабар дод, ки «Додситонии шаҳри Душанбе санҷиши ҳодисаи марги Абдурасул Назаров, як сокини Кўлобро анҷом додааст ва мегўяд, ки ба зудӣ хулосаҳояшро эълон хоҳад кард».

- Абдурасул Назаровро моҳи март маъмурони милиса дар шаҳри Душанбе дастгир карданд ва рўзе баъд тани беҷонашро ба наздиконаш супурданд. Волидону хешовандони Абдурасул, ки зоҳиран бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дастгир шуд, мегўянд, ки ў бар асари шиканҷаву латукўб ба ҳалокат расид. Вале ҳанўз мақомоти тафтишотии Тоҷикистон дар ин замина изҳори назар накардаанд. Абдурасул Назаров, ки дар яке аз марказҳои таъмири мошин дар маҳалли 46-уми шаҳри Душанбе кор мекард, рўзи 28-уми март аз тарафи маъмурони пулиси Сино-2 боздошт шуд. Дар шуъбаи умури дохилии "Сино-2" дар шаҳри Душанбе ба хонаводаи Назаров гуфтаанд, ки сабаби марги ў истеъмоли беш аз ҳадди маводи мухаддир будааст. Хонаводаи Назаров ин иддаоро комилан рад мекунанд. Хонавода умедвор аст, ки додситонӣ ин қазияро аз рўи моддаи “шиканҷа” баррасӣ мекунад ва гунаҳкорон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд, - омадааст дар матлаби торнамои мазкур.

Ин ҳам дар ҳолест, ки торнамои радиои «Озодӣ» санаи 19-уми апрел бо пахши матлабе таҳти унвони «Магар давлат ба касе ҳақ додааст, ки одамонро шиканҷа кунанд?»  аз як қазияи нав хабар дод.

- Як сокини ноҳияи Муъминобод ба додситонии вилояти Хатлон расман шикоят бурдааст, ки маъмурони милисаи ноҳия фарзанди ўро латукўб ва сахт маҷруҳ кардаанд. Сафармоҳ Зарифова, сокини кўчаи Румӣ, рўзи 19-уми апрел ба радиои «Озодӣ» гуфт, маъмурони милиса моҳи марти имсол Искандар Аврангов, писари 33-солаашро сархуш боздошт карда, дар шуъбаи умури дохилӣ ба ҳадде задаанд, ки то кунун аз гўшаш хун меравад,- омадааст дар матлаби мазкур.

Зимнан, торнамои NoTorture.Tj низ санаи 30-юми апрел бо номи «Темурмалик: Шикояти ду зан аз шиканҷа шудани наздиконашон»  мақолаи тадқиқотие пахш карда, аз ҷумла зикр намуд: «Ду нафар зан аз ноҳияи Темурмалик аз шиканҷа шудани наздиконашон аз ҷониби кормандони милиса ва арзу шикояташонро қабул накардани додситони ноҳия шикоят мекунанд. Х. Авазова - модари боздоштшуда З. Одинаев ва Н. Шералиева - ҳамсари боздоштшуда М. Саидов аз беадолатии милисаву додситони ноҳияи Темурмалик ва шиканҷа шудани наздиконашон ба Прокуратураи генералӣ, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва ВКД номаи шикоятӣ ирсол кардаанд, то гунаҳгорон дар доираи қонун ҷазо бигиранд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки торнамои NoTorture.Tj санаи 2-юми апрел бо номи «Мониторинги тавқифгоҳи муваққатии ШВКД-и ноҳияи Спитамен: боздоштшудаҳо аз шиканҷа шикоят накарданд» , рўзи 2-юми апрел таҳти унвони «Мониторинги хона-интернат барои шахсони гирифтори мушкилоти руҳии ноҳияи Ҷаббор Расулов: ҳолатҳои шиканҷа муайян нашуд»  ва  санаи 12-умит апрел бо номи «Мониторинги муассисаи руҳии вилоятӣ дар Исфара: шиканҷа ва муносибати бераҳмона нест»  матлабҳо интишор додаву натиҷаҳои мониторингҳои ҷойҳои маҳрумият аз озодиро ба хонанда ошно намуда буд.

NoTorture.Tj