Раҳоӣ аз шиканҷа
Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандӣ зидди шиканҷа ва беҷазоӣ дар Тоҷикистон
Дар моҳи октябри соли ҷорӣ масоили даъват ба артишу шикоят аз сафарбаркунии ғайриқонунӣ, латукӯби сарбозон ва вазъи боздоштгоҳу маҳбасҳо дар сархати ахбори расонаҳо қарор доштанд.
Санаи 2-юми октябр хабаргузории TojNews бо номи «Норозигии модари сарбоз аз ҳукми афсарон» матлабе интишор дода, навишт, ки «Суди ҳарбии вилояти Суғд ҳукми муттаҳамон дар қатли сарбоз Фирдавс Раҳматовро эълон кард. Тибқи ҳукми суд, сержантҳо Раббонӣ Сулаймонов 18 ва Комрон Раҳимов 17,5 сол равонаи зиндон шуданд. Инчунин, Айём Назаров, сарбози қаториро суд 17 сол аз озодӣ маҳрум кард. Қаблан айбдоркунандаи давлатӣ барои Раббонӣ Сулаймонов 20, Комрон Раҳимов 19 ва Айём Назаров 18 соли зиндон талаб карда буд. Ҳамчунин, бо ҳукми Суди ҳарбии вилояти Суғд се афсари собиқи Вазорати мудофиа - Р. Маҳмадов, Обидҷон Ҳомидов ва Ҳабибулло Ҳакимов ҳамагӣ 2-солӣ ҳабси шартӣ шуданд. Додситонии ҳарбии вилояти Суғд пас аз марги сарбоз Фирдавс Раҳматов ин се собиқ афсари Вазорати мудофиаро ба хунукназарӣ муттаҳам карда, алайҳи онҳо низ парванда боз кард».
Аммо Дилором Раҳматова, модари Фирдавс дар сӯҳбат ба TojNews гуфтааст, аз ҳукми суд нисбати сарбозон розӣ буда, аммо аз он, ки суд ба афсарон ҷазои сабук дод, хеле норозӣ аст. Ба гуфтаи хонум Қурбонова, “дар ин кор афсарон низ гунаҳкоранд, чунки онҳо ба кори худ хунукназарӣ карданд. Бисёр хуб мешуд ба онҳо ҷазои вазнинтар медоданд, то дар оянда ин гуна ҳодисаҳо рух надиҳанд. Агар командирон кори худро хуб анҷом диҳанд, ягон хел ҳодисаи фавти сарбозон рух намедиҳад”.
Бояд гуфт, Фирдавс Раҳматов, ки баҳори соли равон ба сафи артиши Тоҷикистон пайваст, ҳамагӣ баъди як моҳ аз латукӯби ҳамхизматонаш ба ҳалокат расид. Мақомот дар марги ӯ Раббонӣ Сулаймонов ва Комрон Раҳимов, сержант ва ефрейтори қисми ҳарбии 04080-и шаҳри Конибодом ва сарбози қаторӣ Айём Назаровро муттаҳам карданд. Вазири дифоъи Тоҷикистон дар пайи ин ҳодиса фармондеҳони ин қисми низомиро аз вазифаҳояшон барканор карда буд.
Торнамои «Озодӣ» бошад, санаи 6-уми октябр бо пахши як гузориш таҳти унвони «Оғози муҳокимаи ҳодисаи марги сарбоз дар додгоҳ» ҳолати дигари марбут ба сарбозеро расонаӣ кард.
- Додгоҳи гарнизони ҳарбии шаҳри Душанбе таҳқиқи ҳодисаи марги сарбози қисми ҳарбии Вазорати дифоъ (воқеъ дар ҷамоати Сағирдашт) Парвиз Дӯстматовро оғоз карда ва ҳамхизмати ӯ Фаррух Бозоровро ба маҳкама кашидааст. Мукаррама Дӯстматова, модари Парвиз гуфт, додгоҳи ҳарбӣ рӯзи 5-уми октябр мурофиаи қатли писараш аз тарафи ҳамхизматаш Фаррух Бозоровро шурӯъ кард, ки дар куштори Парвиз муттаҳам мешавад. Ӯ гуфт, аз рӯи гуфтаи сарбоз Фаррух Бозоров, шаби 13-уми июл дар соати 4-и субҳ, ҳангоми аз хоб бедор шудани сарбозҳо омада ба гӯши Парвиз дод задааст, ки аз хоб хезад. Вақте ӯ дар посух мегӯяд, ки "чаро дод мезанӣ?", муноқиша мешавад. Фаррух гӯё аз ошхона корд оварда, ба қафаси синаи Парвиз задааст. Тибқи хулосаҳои тафтишот, бо сабаби сари вақт нарасидани кӯмаки тиббӣ, сарбоз Парвиз Дӯстматов ҷон додаст,- менависад торнамо.
Бояд гуфт, ки Парвиз Дӯстматов баъд аз хатми мактаб ба Академияи милитсия ҳуҷҷат месупорад, аммо аз сабаби хурд будани ҷуссааш ба академия қабул намешавад. Ба ин далел довталабона ба хизмати аскарӣ меравад ва мехоҳад, ки пас аз адои хизмат дубора ба Академияи Вазорати корҳои дохилӣ ҳуҷҷат супорад.
Аллакай баъди пахши ин гузориш худи торнамои «Озодӣ» санаи 8-уми октябр матлаби дигаре бо номи «Фаррух барои куштори ҳамхидматаш 9 сол зиндонӣ шуд» интишор дод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Фаррух Бозоров , сокини Қубодиён ва сарбози қисми ҳарбии 02011-и Вазорати дифои Тоҷикистон, ба ҷурми куштори ҳамхидматаш Парвиз Дӯстматов (аз ноҳияи Бобоҷон Ғафуров) 9 сол аз озодӣ маҳрум шуд. Ҳукми Додгоҳи ҳарбии гарнизони шаҳри Хоруғ дар ин бора 8-уми октябр содир гардида, аммо бо мухолифати наздикони Парвиз рӯ ба рӯ омад. Онҳо мегӯянд, ин ҳукм дар ивази куштори фарзандашон ночиз аст ва талаб доранд, ки додгоҳ ҳукмашро сахттар кунад. Қаблан намояндаи додситонӣ барои Фаррух Бозоров 14 соли маҳрумият аз озодиро талаб карда буд. Вале пайвандони Фаррух Бозоров мегӯянд, ин ҳодиса дар пайи муноқишаи ду тараф ба амал омадааст ва бояд ҳукми ӯ боз ҳам сабуктар мешуд».
Дар ҳамин ҳол, торнамои Notorture.tj санаи 11-уми октябр бо истинод ба хабаргузории «Озодагон» хабаре таҳти унвони «Оғози “облава” дар Душанбе: Ин дафъа бо латукӯб...» пахш кард.
- Ду донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия субҳи 10-уми октябр мавриди “облава” қарор гирифтаанд. Донишҷӯён мегӯянд, кормандони комиссариат, ки дар тан либоси низомӣ доштаанд, онҳоро аз манзили зисташон дар маҳаллаи “Профсоюз” гирифта, ба Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино бурданд. Яке аз донишҷӯён дар суҳбат бо “Озодагон” шикоят кард, ки аз ҷониби кормандони комиссариат мавриди латукӯб низ қарор гирифтааст: “Моро танҳо баъди пешниҳоди маълумотнома дар бораи донишҷӯӣ аз комиссариат озод карданд”. Ин нахустин шикояти сокинон аз латукӯби ҷавонон ҳангоми "облава" дар комиссариати ноҳияи Сино нест. Қаблан Абдумалики Абдурасул, ҷавони 22-солаи тоҷик, аз сӯи кормандони Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ҳангоми даъвати маҷбурӣ ё “облава” латукӯб ва бистарӣ шуда буд,- навишт торнамо.
Аммо чанде нагузашта, санаи 14-уми октябр хабаргузории «Озодагон» матлаби дигаре бо номи «Донишҷӯи латукӯбшуда: Нафаре, ки маро зад корманди комиссариат набудааст» пахш карда, чунин иттилоъ дод: «Як донишҷӯи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, ки қаблан аз латукӯбаш ҳангоми “облава” шикоят кард, мегӯяд, нафаре, ки ӯро латукӯб намудааст, корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино набудааст».
Ин донишҷӯ дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтааст, дар пайи таҳқиқ муайян шудааст, нафаре, ки ӯро латукӯб намудааст, корманди ниҳоди дигари қудратӣ будааст.
Як рӯз қабл аз ин, 13-уми октябр, торнамои Faraj.tj хабаре таҳти унвони «Ҷамшеди «облавашуда» дар Дарвоз аст» пахш карда, навишта буд: «Хуршед Мавлонов, донишҷӯи курси 4-уми факултаи журналистикаи ДМТ, ки аз мавриди «облава» қарор гирифтани худ ва бародараш ба Faraj.tj хабар дода буд, мегӯяд, аллакай бегоҳи ҳамон рӯз (9-уми октябр) бародараш ба қисми ҳарбии ноҳияи Дарвоз интиқол дода шудааст».
- Бародарам Ҷамшед як рӯз пас аз «облава» ба ман занг зада гуфт, ба хонаводаамон расонам, ки аз ӯ хавотир нашаванд. Ӯро ба қисми ҳарбии ноҳияи Дарвоз бурдаанд,- гуфтааст мавсуф ба торнамо.
Ба гуфтаи Хуршед Мавлонов субҳи рӯзи 9-уми октябр тахминан соати 10 дар истгоҳи «Тангем»-ҳои рақами 45 (назди Раёсати бозрасии давлатии автомобилӣ) ҳамроҳи бародараш мавриди «облава» қарор гирифта буд. Ба қавли номбурда, панҷ нафар, ки яке аз онҳо либоси низомӣ дар тан доштааст, ӯ ва бародараш Ҷамшед Мавлоновро бо як муносибати дағалона аз мӯйи сарашон кашида, ба дохили мошинашон маҷбуран савор кардаанд.
- Азбаски ман каме таб доштам ва қавси гурда азобам медод, баъди зориву тавалло раҳоям карданд, вале бародарамро бо худ бурданд. Онҳо дар мошини «Опел Астра G»-и сабз, рақами қайди давлатиаш 95-97 АЕ 01, ҳамроҳи бародари ман 6 нафар нишаста рафтанд. Бародарам дар ноҳияи Шӯрообод ҳамчун духтур кор мекунад. Ӯ барои аёдати писарамакам, ки чанд рӯз пеш дар як садамаи нақлиётӣ ҷароҳат бардошта буду айни замон дар беморхонаи ноҳияи Ҳисор дар ҳолати вазнин қарор дорад, омада буд. Онҳо маро ҳам бурданӣ буданд, аммо ба фикрам, ҷояшон тангӣ кард, ки аз мошин фароварданд,- гуфта буд он замон Хуршед.
Торнамои «Озодӣ» бошад, санаи 22-юми октябр матлаби таҳлилие бо номи «Чаро Акмал Шамсов ҳашт сол ба артиш нарафт?» интишор дод, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: «Наздикони Акмал Шамсов, сокини деҳаи Эргаши ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Бохтар иддао доранд, ки кормандони комиссарияти ҳарбии ноҳия ҳангоми бо зӯрӣ ба бинои комиссариати ҳарбӣ бурдани фарзанди онҳо бо ӯ бадрафторӣ кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки бар асари латукӯб ин ҷавон дар Шуъбаи ҷарроҳии асаби беморхонаи ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ шудааст. Аммо мақомоти низомӣ мегӯянд, ки дар вақти ҷалби Акмал Шамсов кормандони комиссариат ҳузур надоштанд ва даъвати ҷавонон ба артишро кормандони ҷамоати деҳоти "Бӯстонқалъа" анҷом медоданд».
Акмал Шамсов 28 сол дошта, ба гуфтаи хонаводааш, "даҳмарда" ё гӯсфандпарвар буд ва аз ин ҳисоб ба хонаводааш кӯмак мекард. Мақомоти маҳаллӣ бошанд, мегӯянд, ки ӯ 8 сол боз аз хизмат дар артиш сарпечӣ кардааст.
Дафтари матбуоти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса гуфтааст, ки сабабҳои аслии рух додани ин ҳолатро таҳқиқ намуда ва сипас онро шарҳ хоҳад дод.
Дар пайи ҳамаи ин хабарҳо, ҳафтаномаи «Фараж» бо номи «Модари сарбоз: Пул медоштам, писарам намемурд» (№44 (465), аз 28-уми октябри соли 2015) мусоҳибаеро бо модари як нафар сарбози фавтида, ки ба иддаои наздиконаш, 7-уми июли соли равон дар натиҷаи латукӯб ҷон додааст, ба табъ расонд.
Ин модар - Дилором Раҳматова дар суҳбат бо ҳафтанома гуфтааст, ки «Писари ман дар ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар факултети телекоммуникатсия ва иттилоот мехонд. Ӯ бо ҳама як хел муносибат мекард. Як бачаи чаққон, зирак, ҳушёр ва дидадаро буд… Ман фарзандамро 22 сол калон карда, ба давлат супоридам, аммо ӯро дар як моҳ нобуд карданд. Ман аз ҳукми баровардаи додгоҳ нисбати се афсар розӣ нестам, ки ба онҳо 2 сол доданд. Ҳол он ки, бояд онҳоро якумрӣ равонаи зиндон мекарданд».
Дар моҳи октябри соли 2015 сарнавишти сарбози маъюб Шаҳбол Мирзоев ҳам бори дигар расонаӣ шуд. Хабаргузории «Озодагон» санаи 12-уми октябр бо пахши як матлаби таҳлилӣ таҳти унвони «Шаҳбол Мирзоев дар бораи латукӯб ва орзуи кор дар Хадамоти гумрук» навишт, ки ин сарбози маъюб дар як суҳбати видеоӣ тафсилоти қазияи латукӯб шуданашро нақл кардааст.
Дар ин моҳ мавзӯи вазъияти маҳбасҳои Тоҷикистон низ баррасӣ гардид. Мақолаи таҳлилие, ки торнамои «Озодӣ» санаи 21-уми октябри соли 2015 бо номи «Вазъи маҳбасҳо. Шиканҷа кам шудааст, аммо аз байн нарафтааст» пахш кард, дар ҳамин бобат аст.
- Дар ҳоле, ки даври навбатии омӯзиши вазъи зиндонҳои Тоҷикистон ҳодисаҳои ба таври фарогир шиканҷа шудани маҳбусҳоро ошкор накардааст, аммо Таҳмина Ҷӯраева, намояндаи Эътилофи зидди шиканҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар баъзе маҳбасҳо зиндониҳо ба оби ошомиданӣ дастрасӣ надоранд ва бархе ҳуҷраҳо бо рӯшанӣ таъмин нестанд,- навиштааст торнамои мазкур.
Торнамои Notorture.tj ҳам қаблан, санаи 8-уми октябр таҳти унвони «Тоҷиниссо Каримова: Мехоҳам бо Президент рӯ ба рӯ сӯҳбат намоям»
мусоҳибаеро пахш карда, аз ҷумла навишта буд: «Шаҳрванди Тоҷикистон Тоҷиниссо Каримова, модари Зайдуллоев Шамсиддини фавтида, ки бо гумони паҳн намудани маводи мухаддир боздошт шудаву ба иддаои наздиконаш, дар натиҷаи латукӯб дар тавқифгоҳи муваққатии Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст, мегӯяд, бо гузашти шаш моҳ аз қазия, ҳоло ҳам касе ба ҷавобгарӣ кашида нашудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки ӯ санаи 16-уми апрели соли 2015 бо навиштани як нома ба Прокурори генералии ҶТ Юсуф Раҳмон хоҳони холисона бархӯрд кардан ба ҳодиса шуда буд. Нахуст аз ӯ пурсидем, ки сабаби ба ин ниҳод муроҷиат карданаш норозигӣ аз тафтишот буд? Ва оё ба дастгирии Прокуратураи генералӣ бовар дорад?».
Тоҷиниссо Каримова ба ин суоли торнамо посух додаст, ки «ба ин ниҳоди пурқудрати давлатӣ бо боварӣ ва эҳтироми зиёд муроҷиат намудам. Прокуратура ниҳоде мебошад, ки дар доираи салоҳияти худ ҳифзи ҳуқуқ ва ҳимояи шаҳрвандони ҷумҳуриро дар асоси қонунҳои амалкунанда кафолат дода, инчунин, назоратро аз болои иҷроиши тамоми қонунҳо ба амал мебарорад».
Аммо ӯ гуфтааст, ки агар касе ба додаш нарасад, ба Президенти кишвар муроҷиат мекунад, то барои ҷазо гирифтани гунаҳкорон мусоидат намоянд.
- Агар Худо хоҳаду шикоятам ба президенти кишвар расад, ҳатман хоҳиш мекунам, то боре маро барои сӯҳбати рӯ ба рӯ қабул намоянд. Дар ин сурат, тамоми рафти ҳодисаро аз забони худ ба самъашон мерасонам ва кӯмак мепурсам. Аз сарвари давлат, ҳамчун кафолати ҳаёти арзандаи шаҳрвандон, бахусус дастгирии модарон, хоҳиш мекунам, то ба масъулин баҳри адолатнок дида баромадани қазияҳои характери иҷтимоӣ дошта дастур диҳанд. Зеро, намехоҳам модаре мисли ман аз ғами фарзанд обу адо ва ашк бари рӯй бошад. Боварии зиёд дорам, ки Ҷаноби Олӣ дарду ғуссаи ман ва модарони тоҷикеро мисли ман хуб дарк мекунанду дастгириашонро дареғ намедоранд,- гуфтааст ӯ.